ХАБАРҲО

2018-03-27: Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Агентӣ

Воќеан љашнҳои Наврӯзӣ чун намоиши бузурги суннатҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангиву истеҳсолӣ ҳамроҳ бо шодиву сурур ва истиқболи гарму ҷӯшон таҷлил мегарданд. Ин шаҳодати он аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар сарзамини муқаддаси мо Наврӯзи дилафрӯз қадру манзалати зиёде пайдо кардааст ва њамасола ҷашни Наврӯзи пурфайзро бо пероҳани тозаю зебои истиқлол ва бо мазмуни баланду ифтихори миллӣ сарбаландонаву ифтихормандона истиқбол мегирем. Ин иди миллии мо мардуми Тоҷикистонро ба ояндаи нек, маърифати воло ва рӯзгори обод ҳидоят менамояд.

     Бахшида ба љашни Наврўз тибќи наќшаи чорабинињо ќаблан гирду атроф ва роњраву гулгаштњои назди бинои Агентї ва марказњои зертобеъ тоза карда  шуда, овозањои марбут ба Наврўз дар назди биноњои маъмурї насб  шуданд.

       Имсол љашни Наврўзи хуљаста дар Агентии Тољикстандарт бо шањомати хосса ва риояи тамоми суннатњои неку рангини ниёгон дар фазои сулњу оромї ва вањдату якдилии кормандони он баргузор гардид. Дар рафти баргузории ин чорабинї тамоми кормандони Агентї фаъолона ширкат карда, бо ин иди фарахбахши аљдодї якдигарро сидќан шодбош гуфтанд.

      Дар оѓоз роњбарияти Агентї бо баромади пурмуњтаво ањли кормандонро бо фарорасии бањори нозанин ва Наврўзи фархунда шодбош гуфта, барояшон шодиву нишоти љовидона ва солимиву дастовардњои тоза ба тозаро дар роњи ободии Ватан таманно доштанд.

      Инчунин тибќи фармоиши директори Тољикстандарт як гурўњ  кормандони бо Ифтихорномаю Рањматномањо сарфароз гардонида   шуданд.

     Дастархони идона бо ороиши таомњои гуногуни миллии ќадима, њафтсину њафтшин, намоиши мањсули њунарњои миллии дастї ва байтбараку озмун дар бахшњои гуногун миёни кормандон хеле љолибу хотирмон боќї монд.  Барномаи фарњангии пур аз суруду таронањои руњнавоз барои њозирин таќдим гардида, њамагон тањти навои њунармандон хурсандї карданд.

      Њамин гуна чорабинињои идонаи Наврўзї дар њамаи  зерсохторњои дар минтаќањо фаъолиятдошта дар  сатњи баланд бо  њисси  ватандорию  ифтихори миллї таљлил гардиданд.