ХАБАРҲО
2024-05-31: Мо имрӯз барои фардои устувор чен мекунем
МО ИМРӮЗ БАРОИ ФАРДОИ УСТУВОР ЧЕН МЕКУНЕМ
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии метрология – 20 май дар мавзӯи “Мо имрӯз барои фардои устувор чен мекунем” дар бинои дастгоҳи марказии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини якум, муовинони директори Агентии Тоҷикстандарт, сардорони раёсату шуъбаҳои Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои бонуфузи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, самти тандурустӣ, энергетика, инчунин, олимону коршиносон аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намудаанд.
Дар оғоз, нахуст муовини директор Сафарзода Мансур баромад карда иброз намуд, ки 20 май - Рӯзи умумиҷаҳонии метрология ҳамчун солгарди имзои Конвенсияи Метрии соли 1875 қайд карда мешавад ва дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми метрология басо бузург аст. Имрӯз соҳае нест, ки дар пешбурди кори он бахшҳои метрология дахолат надошта бошанд. Моҳияти ин рӯз барои метрологҳои тамоми ҷаҳон бешубҳа бузург аст, чунки ба имзо расидани Конвенсияи метрӣ марҳилаи нави тараққиёти метрологияи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва ба пешрафти илмию техникии ҳамаи давлатҳо таъсири мусбии худро мегузорад. Дар навбати худ вазифаи асосии метрология низ аз он иборат аст, ки соҳаҳои гуногуни ҷамъият, аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти давлатиро бо маълумоти дақиқ, ки барои некӯаҳволии аҳли ҷомеа зарурат доранд, таъмин намояд.
Ҳама самтҳои ҳаёт ва фаъолияти ҷамъияти имрӯза, яъне тандурустӣ, энергетика, экология, тараққиёт ва ҷорӣ кардани технология, дастовардҳои илмию техникӣ, савдо ва ғайраҳоро бе саҳеҳияти ченак тасаввур кардан имконнопазир аст. Мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии метрология дар соли 2024 “Мо барои фардои устувор чен мекунем” ном гирифтааст. Ин мавзӯъ бо дарки муҳимияти ченкунӣ ва таъсиррасонии он ба некӯаҳволии ҳар яки мо интихоб карда шудааст.
Ҳамзамон, кори конфронс бо муроҷиат ва табрикоти видеоии президенти СIPM – доктор Вайнанд Лоув бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии метрология ба кормандони соҳаи метрология оғоз гардида, дар идома як қатор маърӯзаҳо тариқи рӯнамо ба монанди:
1. Метрологияи қонунгузор барои рушди устувор – Самадов Рамазон.
2. Тағйирот дар Системаи байналмилалии SI барои рушди устувор – Маҳмадназарзода Ҳадиятулло.
3. Лоиҳаи таҳкими инфрасохтори сифат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Вероника Грушевская.
4. Иштироки Пажуҳишгоҳҳои миллии метрологӣ дар муқоиса бо мақсади таъмини эътимоднокии натиҷаҳои андозагирӣ дар саросари ҷаҳон – Худоиева Мусалама.
5. Нақши метрология дар соҳаи тиб – Исматов Ҷурабек.
6. Метрология асоси тарақиёт ва пешрафти техникаю технологияи имрӯзу фардо – Бобиев Олимҷон н.и.т., дотсенти Донишгоҳи технолгии Тоҷикистон.
7. Метрология ҳамчун воситаи арзиши иловашуда – доктор Клеман Санетра мумайизи донишгоҳи физико-техникии Олмон (PTB) баромад намуданд.
Дар ин замина як қатор масъалаҳо вобаста ба аҳамият ва мавқеи метрология дар рушди устувор ва ҳамзамон, ҷиҳати ҷорӣ ва рушди ҳамкориҳо ба истеҳсолот коргузорӣ гардид. Иштироккунандагон хоҳиш намудаанд ки чунин чорабиниҳо зиёдтар баргузор гардад то тавонанд маълумоти пурратар ба даст оварда, барои рушди истеҳсолоти кишвар истифода баранд.