ХАБАРҲО

2024-05-27: Конфронси сатҳи баланд оид ба рӯзи кормандони Агентии Тоҷикстандарт

Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология, ки ҳамасола 25 май таҷлил мегардад, Конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши стандартонӣ ва метрология дар рушди саноат ва иқтисодиёти мамлакат” баргузор шуд.

Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холбойзода Неъмат, раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед, муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон намояндагони вазорату идораҳои марбута, ноиби президенти Академияи миллии илмҳо, ректорони як қатор донишгоҳҳои кишвар, роҳбарият ва кормандони Агентии Тоҷикстандарт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронси сатҳи ҷумҳуриявӣ бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таъмини сиёсати давлат дар самти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва беҳтар гардидани фаъолияти ҳамаҷонибаи соҳа баргузор карда шуд.

Ҳамоиши илмию назариявиро нахуст директори Агентии Тоҷикстандарт ифтитоҳ карда, иброз намуд, ки ҳарчанд иқдоми мазкур бахшида ба Рӯзи кормандони соҳа баргузор мегардад, мо тасмим гирифтем, ки бо мақсади минбаъд низ тавсеа додани ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ва дар ин замина рушд ва муаррифии бештари соҳа ҳамоиши имрӯзаро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намоем.

Таъкид гардид, ки дарвоқеъ, чи қадаре, ки робитаю ҳамкории мо зич бошаду аз самтҳои фаъолияти ҳамдигар бохабар бошем, ҳамон қадар барои расидан ба ҳадафҳову татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат муваффақ мешавем. Зеро марому мақсади ҳамаи мо дар маҷмӯъ як аст ва фаъолиятамон бо ҳам пайвастагии зич дорад. Дар ин робита, бо истифода аз фурсат пешниҳод менамоем, ки дар доираи имконият бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар арафаи таҷлили рӯзҳои касбии мақомотҳо ва дигар чорабиниҳои соҳавӣ чунин иқдом ба анъана дарояд ва ин албатта аз чанд ҷиҳат боманфиат аст.

Ҳамзамон, ҳадафи асосӣ аз ин чорабиниҳо пеш аз ҳама дар заминаи татбиқи амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, мусоидат ба рушди устувор ва ҳамгироии иқтисодии ватанӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад.

Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода кормандони соҳаро бахшида ба Рӯзи касбӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, зимни суханронии худ қайд намуд, ки пешрафти замони муосир, тақозо менамояд, ки ниҳодҳои давлатӣ бо дастовардҳои нав ба нав ва дар ҳамбастагӣ барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеаи кишвар, таъмини пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар идома мавсуф қайд намуд, ки Агентии Тоҷикстандарт низ дар қатори дигар соҳаҳои мамлакат дар татбиқи сиёсати давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи бозори истеъмолӣ, дастгири рушди соҳибкорӣ дар таъминоти риояи қоидаҳои савдо, таъмини ченаки ягона ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти марказии идоракунии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои сифат, бехатарии молу маҳсулот, кору хизматрасониро таҳти назорат қарор дода, ба рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолии кишвар, дар таъминоти истифода ва риояи қоидаҳои савдо ва системаи ченаки ягона дар ҷумҳурӣ, кор бурда истодааст.

Лозим ба зикр аст, ки нақши стандартонӣ ва метрология ҳамчун узви муҳими низоми идоракунӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина дар такмили идоракунии истеҳсолот ва баланд бардоштани сифати маҳсулот ҷиҳати рушди саноату таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас мебошад.

Ҳамзамон, дар раванди ҳамоиш дигар роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо занҷираи ҳамкорию ҳамбастагии худро бо фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт равшан баён доштанд. Дар ин замина ҳар яке бо маърўзаҳои илмию назариявӣ баромад карда, фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомотро таҳлил намуданд. Дар баробари ин барои ояндаи дурахшон ва рушду такомул ёфтани соҳа ва ҳамкориҳои муштарак таклифу пешниҳодҳо карданд.

Ҳамоиш дар фазои ҳамдигарфаҳмию тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи ниҳодҳои давлатӣ барои рушди иқтисоди миллӣ анҷом пазируфт.