ХАБАРҲО
2024-05-27: Табрикоти директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло ба муносибати Рӯзи кормандони соҳа
Табрикоти директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло ба муносибати Рӯзи кормандони соҳа
Ҳамкорони муҳтарам,
Кормандони Агентии Тоҷикстандарт!
Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Тоҷикстандарт дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид.
Басо гуворо аст, ки дар натиҷаи меҳнати шоистаи кормандон имрӯз мақомоти мо дар байни ҷомеа нуфузу мартабаи худро пайдо намудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти мо таваҷҷуҳи хосса доранд ва ин моро водор менамояд, ки минбаъд низ баҳри рушди соҳа ва хизмат ба мардуми кишвар боз ҳам бо масъулияти дучанд адои вазифа намоем.
Тавре ки огоҳед дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 май дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология муқаррар шудааст. Албатта ин омил то чӣ гуна муҳим будани соҳаи стандартониро барои тамоми иқтисоди ҷумҳуриамон баён менамояд.
Дар ин робита бо камоли меҳру самимият Рӯзи касбии корманди соҳаро ба ҳамаи Шумо шодбош гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва комёбиҳоро таманно менамоям.
Лозим ба зикр аст, ки нақши стандартонӣ ва метрология ҳамчун узви муҳими низоми идоракунӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина дар такмили идоракунии истеҳсолот ва баланд бардоштани сифати маҳсулот ҷиҳати рушди саноату таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас мебошад.
Худи стандартҳо яъне ин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар ҳаёти мо лоиқи баҳои баланд мебошанд, гарчанде ки мо одатан дар бораи онҳо фикр намекунем. Дар ҳамин ҳол, тамоми ҳаёти мо бо стандартҳо алоқаманд аст. Аз субҳ то шом стандартҳо дар ин ё он шакл ба мо кӯмак мерасонанд, ки рӯзамонро созем ва онро бо эҳсоси амният бароҳат зиндагӣ кунем. Албатта мо зиндагиро бидуни стандарт тасаввур карда наметавонем, ки худи хамин калима аз забони англисии "standard" гирифта шуда маънояш "меъёр", "намуна" мебошад. Яъне, агар маҳсулот тибқи стандарт истеҳсол шуда бошад, ин маънои онро дорад, ки он тибқи меъёри муайян ё ба тариқи дигар, тибқи намуна таҳия шудааст. Стандартҳо барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, мусоидат дар интиқоли технологияҳо ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ташкили забони муштараки технология дар байни таъминкунандагон ва муштариёни онҳо хизмат мекунанд - ин низ раванди тиҷорат ва интиқоли технологияро осон мекунад.
Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Тоҷикстандарт дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид.
Тибқи салоҳият Тоҷикстандарт системаи стандартикунонӣ, метрологӣ, сертификатсия ва ба танзим даровардани қоида ва меъёрҳои савдоро дар бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати молу маҳсулот дар ҳама соҳаҳои хоҷагидории мамлакат амалӣ мегардонад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки амалишавии чунин иқдомҳо барои рушди истеҳсолоти ватанӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сифатнокӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти худӣ заминаҳои мусоид мегузоранд.
Ҳамаи ин ҷидду ҷаҳд масъулият ва муносибати ҷиддиро ба иҷрои вазифа аз ҳар кадоми мо, махсусан ҷавонон тақозо дорад.
Мусаллам аст, ки раванди пешрафти ҷамъият аз мо талаб менамояд, ки бо дили гарму масъулияти дучанд кору фаъолият кунем ва баҳри он кӯшиш намоем, ки аз ӯҳдаи боварию эътимоде, ки Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа нисбат ба мақомоти мо зоҳир намудаанд, сарбаландона бароем ва кӯшиш намоем, ки ҳар яки мову шумо дар татбиқи амалии вазифаву мақсадҳое, ки Пешвои миллат пеши аҳли ҷомеа гузоштаанд, саҳми арзанда ва назаррас дошта бошем.
Бинобар ин, ҳамаамон дастҷамъона метавонем барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакатамон собитқадамона талош варзем ва махсусан дар ин давраи ҳассос дар атрофи Президенти мамлакат зичтар муттаҳид гашта, ватани ягонаамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва мақоми ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшем.
Бори дигар Рӯзи касбии корманди соҳаро ба Шумо ҳамкорони гиромӣ шодбош гуфта, тансиҳатию хонаободӣ ва комёбиҳоро бароятон таманно менамоям.
Бо мақсади ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ сазовор гардидан ва сарбаландона ба иҷро расонидани вазифаҳои хизматӣ дар фаъолияти минбаъда ба ҳамаи Шумо муваффақиятҳо орзу дорам.
Рӯзи касбӣ муборак!