ХАБАРҲО

2024-03-11: Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳатмист

РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҲУҶҶАТҲОИ МЕЪЁРИИ ТЕХНИКӢ ҲАТМИСТ

Имрӯз, дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки соҳибкорон ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Душанбе семинар машварат дар мавзӯи риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, шартҳои техникӣ ва ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии силсилаи ISO 9001 баргузор гардид.

Дар семинар, нахуст муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Рустамзода Малоҳат баромад кард. Ӯ иброз дошт, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар сармоягузорону соҳибкорони ватанӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Ин тадбир дар афзоиши истеҳсолоти худӣ, таъмини сокинон бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нақши муҳим дорад.

Ҳамчунин, таъкид дошт, ки дар соҳаи сохтмон омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранг барои ороиши намои беруна ва дохили бинои иншооти гуногун васеъ истифода мегардад. Бо зиёд шудани талаботи аҳолӣ, ширкатҳои сохтмонӣ ва бозорҳо ба ин навъи масолеҳи сохтмонӣ ҳаҷми истеҳсолот афзоиш дода шуда, теъдоди кормандон низ зиёд мегардад. Аз ин рӯ мебояд корхонаҳои истеҳсолӣ ҳам сифати маҳсулоти худро баланд бардоранд ва ҳам дар таъмини ҳифзи бехатарӣ ва меҳнати кормандонашон масъулияти баланд эҳсос намоянд.

Дар идомаи семинар мутахассисон ҷиҳати аҳамияти ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат дар корхонаҳо барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар шароити имрӯза бо рӯнамоиҳо баромад карданд. Онҳо қайд доштанд, ки ин як омили нави ёрирасон барои ташаккул ва рушди соҳибкории хурду миёна дар омӯзиши сегментатсияи бозор мебошад. Аз ин рӯ барои дастгирии манфиатҳои зерсохторҳо ва муайянкунии банду басти бозоргонӣ дуруст башаклдарории низоми идоракунӣ зарурӣ мебошад.

Ёдовар бояд шуд, ки мутахассисони шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнин ҷиҳати риояи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва шартҳои техникӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва рангуборӣ ба иштирокчиёни семинар маълумот доданд.

Дар охир намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ вобаста ба мавзую масъалаҳои баррасишуда суолҳои худро пешниҳод карданд, ки аз ҷониби мутахассисон ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.