ХАБАРҲО

2024-02-20: Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме

Мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт дар асоси дархости ширкати “PINGGAO-KAIFA JV”, бо розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2024, №2935 (29-4.3) ва дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январ то 5 феврали соли 2024 ба корхонаи истеҳсолии ҳисобкунакҳои барқии Shenzhen Kaifa Technology (Chengdu) Co., Ltd. ба шаҳри Чeнду музофоти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар гардиданд.

Ҳангоми сафари омӯзишии худ дар шаҳри Чeндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз фаъолияти ширкати Shenzhen Kaifa Technology (Chengdu) Co., Ltd. дидан карданд, ки дар он истеҳсоли якчанд навъи ҳисобкунакҳои барқӣ ба роҳ монда шудааст. Ширкат бо хатҳои истеҳсолии рақамӣ, техника ва технологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад. Озмоишгоҳи санҷиши эътимоднокии ширкат бо дастгоҳҳои рақамии дараҷаи саҳеҳияташон баланд муҷаҳҳаз мебошад. Озмоишгоҳи ширкат дорои аккредитатсияи байналмилалии “ILAC-MRA” буда, дар он мутахассисони баландихтисос фаъолият менамоянд.

Дар раванди омӯзиш мутахассисиони Агентӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони озмоишгоҳи ширкати Shenzhen Kaifa Technology (Chengdu) Co., Ltd. 1000 адад ҳисобкуни барқии якфазагӣ, 200 адад ҳисобкунаки барқии сефазагӣ ва 100 адад трансфарматорҳои ҷараёнро аз санҷиши эътимоднокӣ гузарониданд.

Хотирнишон бояд намуд, ки сафарҳои омӯзиш, тақвият додани ҳамкориҳо бо кишварҳои мутараққӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешрафта, ба рушди соҳа, фароҳам овардани имкониятҳои омодасозии кадрҳо дар соҳаи стандартизатсия ва метрология мусоидат мекунад.

Исфандиёр Қаюмов,

мудири бахши санҷиши воситаҳои

ченкунии радиоэлектромагнитӣ