ХАБАРҲО

2024-02-20: Роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт аз фаъолияти "Меҳмонхонаи Тоҷикистон" дидан карданд

ҶСК “Меҳмонсаройи Тоҷикистон” дар кӯчаи Шоҳтемур 22-и шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Ин як меҳмонхонаи 4-ситорагӣ буда, соли 1975 сохта шуда, соли 2002 таҷдид шудааст.

Ҷиҳати таъмини омодагӣ ва ҷобаҷокунии иштирокдорони «Конференсияи сеюми Душанбе оид ба татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт нақша-чорабинӣ тартиб дода шуда, гурӯҳҳои корӣ барои азназаргузарони меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе сафарбар гардидаанд.