ХАБАРҲО

2024-02-19: Тақвият додани ҳамкориҳо

Ҳайати кории Агентии Тоҷикстандарт бо роҳбарии директори Агентӣ Абдулваҳобзода Темурҷон аз меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» боздид карданд.

Меҳмонхонаи мазкур дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ-26/1 шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумиаш 33804 метри мурабаро ташкил медиҳад. Ҳудуди меҳмонхона обод ва сабзазор карда шуда, бо панҷараи оҳании маҳкам карда шудааст.

Хотиррасон бояд кард, ки ҳангоми ба ҳудуди меҳмонхона ворид гардидани нақлиёти сабукрав аз ҷониби муҳофизон бо техналогияи махсус аз назар гузаронида шуда, баъдан барои ворид гардиданаш иҷозат дода мешавад.

Бино аз 12 ошёна иборат буда, дорои 209 ҷуҳра мебошад. Аз қабилӣ:

157 адад ҳуҷраи стандартӣ,

34 адад нимлюкс;

16 адад люкс;

2 адад аппартаментҳоро ташкил медиҳад.

Меҳмонхона дар як баст метавонад аз 269 то 418 меҳмон ҷойгир кунад. Дар ҳайати меҳмонхона маҷмааи барқароркунии саломатӣ, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, душхонаҳо, гармхонаҳо (сауна), ҷомашўйхона, тарабхона, бар, толори маҷлисгоҳ, кошонаи ҳусн, сартарошхона, толори конференсӣ ва ошхона барои коргарон фаолият менамояд.

Дар меҳмонхона дар умум 160 нафар корманд фаъолият мекунад.