ХАБАРҲО

2024-02-19: Боздид аз корхонаи истеҳсолии маснуоти филиззӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, ҷорӣ намудани талаботи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин, мусоидат дар татбиқи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт тасмим гирифтааст, ки аз раванди фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии кишвар дидан намоянд.

Вобаста ба ин, имрӯз директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон бо ҳамроҳии ҳайати кории Агентӣ аз раванди фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти филиззӣ дидан карданд.