ХАБАРҲО

2024-02-19: Густариши ҳамкориҳо

13 феврали соли равон директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон аз фаъолияти хизматрасонии яке аз меҳмонхонаҳои бонуфузу зебои шаҳри Душанбе - меҳмонхонаи Румӣ, ки бо санъати баланди меъморӣ ва ороиши зебои миллию аврупоӣ сохта шудааст, шинос шуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини омодагӣ ва ҷобаҷокунии иштирокдорони «Конференсияи сеюми Душанбе оид ба татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ қабул намудани меҳмонон тавсияҳо доданд.