ХАБАРҲО
2023-11-24: Боздиди ҳайати вакилони шаҳри Душанбе аз Хадамоти нақлиёт ва иттилооти шаҳри Сеул
16 ноябри соли 2023 муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» Фарҳод Бобоев аз Хадамоти нақлиётии «Seoul TOPIS» (Хадамоти истифодабарии нақлиёт ва иттилоотии Сеул)» шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дидан намуданд.
«Seoul TOPIS» як платформаи марказии умумишаҳрӣ барои мониторинг ва идоракунии ҳамаҷонибаи шаҳр мебошад. Он қодир аст миқдори зиёди маълумот ва иттилоотро дар вақти воқеъ аз тамоми шаҳр ҷамъоварӣ намуда, дар асоси он сиёсати шаҳрдориро дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва идоракунии ҳаракати нақлиёт таҳия ва амалӣ намояд.
Дар асоси ин махзани бузурги маълумот, ки ҷамъоварӣ ва таҳлил карда мешавад, «Seoul TOPIS», инчунин, маълумоти ҳамаҷонибаи ҳаркат дар роҳ ва нақлиёти ҷамъиятиро ба ҷомеаи васеъ пешкаш мекунад.
Бо туфайли ин ду самти асосӣ «Seul TOPIS» тавонист сохтори ҳаракати шаҳрро ба таври куллӣ тағйир диҳад ва ба афзоиши назарраси намудҳои гуногуни нақлиёти ҷамъиять мусоидат намояд.
Ташриф овардан ба Хадамоти нақлиёт ва иттилооти шаҳри Сеул барои табодули таҷриба ва андешаҳо дар соҳаи идоракунии нақлиёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Боздиди ҳайати вакилони шаҳри Душанбе аз Хадамоти нақлиёт ва иттилооти шаҳри Сеул