ХАБАРҲО

2023-09-12: Таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ дар Агентии Тоҷикстандарт

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ

Имрӯз, дар бинои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи кормандон ҷамъомади бошукуҳе доир гардид. Ҷамъомадро директори Агентии Тоҷикстандарт, муҳтарам Абдулаваҳобзода Темурҷон Назурулло ифтитоҳ намуда, аҳли кормандон ва кулли иштирокдорони маҷлисро ба ифтихори фархундаҷашни миллӣ, 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳозирин рӯзгори бофароғату тансиҳатии комил, барору комёбиҳои беназир ва номи неки ҷовидонаро таманно намуд.

Ҳамчунин, иброз доштанд, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як фарди озодихоҳу озодипарвар рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлату давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари орзуву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Таъкид доштанд, ки дастоварди муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар марҳилаҳои нахусти истиқлоли давлатӣ, нигаҳдории якпорчагии кишвари азизи мо ва ташаккули сохти конститутсионии Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад. Дастоварди дигари замони истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, тантанаи сулҳу ваҳдат дар кишвар ҳисобида мешавад. Ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ наҷот дода, анҷоми ҷанг ва оғози давраи нави ташаккул ва инкишофи кишвари мо гардид. Қобили қайд аст, ки хиради воло ва рисолати неки инсонии Пешвои миллат дар раванди гуфтушунидҳо ва интихоби роҳи муколамаю муросо на танҳо сулҳро дар кишвари мо пойдор сохт, балки дар таърихи башарият таҷрибаи нодиреро ба миён овард, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳони онро эътироф карда, мавриди таҳлилу омӯзиши ҳаматарафа қарор додааст.

Дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ дигар кормандону мутахассисон бо маърӯзаҳо баромад намуда, роҷеъ ба гиромидошт ва устувору пойдор мондани пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ суханрониҳо карданд.

Дар охир, як зумра кормандон барои саҳми муносибу арзанда доштан дар фаъолияти кории худ бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.