ХАБАРҲО
2023-07-26: Варақаи иттилоотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт дар нимсолаи якуми соли 2023
ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ
оид ба љамъбасти
фаъолияти Агентии Тољикстандарт дар
нимсолаи якуми соли 2023
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо маќсади татбиќ намудани ќонунњои Љумњурии Тољикистон ва дигар њуљљатҳои меъёрии соҳа, ки бевосита ба ҳифзи бозори истеъмолї аз воридшавии молу мањсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи њуљљатњои меъёрии техникї, њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд, фаъолияти соњавиро ба роҳ монда, дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 корњои муайянеро ба сомон расонидааст.
Дар соњаи бамеъёрдарории техникї ва стандартонї, дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 бо мақсади назорати риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва қонунгузории соҳа дар асоси нақшаи санҷиши субъектҳои хоҷагидор нозирони давлатии раёсат ва бахшу шуъбаҳои зертобеъ дар қаламрави ҷумҳурӣ дар 916 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ санҷиш ва назорати давлатии риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро амалӣ намудаанд ва дар 178 ҳолат бо сабаби риоя нагардидани талаботи муқарраргардида нисбат ба субъектҳои истеҳсолӣ ба маблағи умумии 95594 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.
Аз ҷониби мутахассисони раёсат дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии мањсулоти ватанї, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда, инчунин, мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди содирот корњои фањмондадињї оид ба талаботи регламентњои техникї, њуљљатњои меъёрии техникї ва стандартњои байналмилалї амалї карда шуд. Дар раванди амалї намудани корњои фањмондадињї мутахассисон субъектњои хољагидорро бо 4406 сањифа њуљљатњои меъёрии техникї (регламентњои техникї, стандартњои байнидавлатї) таъмин намуданд.
Ҷиҳати беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 бо масъулини корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз љумла, бо коргоҳҳои истеҳсоли нони миллии шаҳри Душанбе, корхонаҳои истеҳсолии маснуоти чопӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ мизи мудаввар ва семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон 16 марти соли 2023 дар вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ оид ба сифати либосњои мактабї баргузор гардида, 30 адад стандарти давлатї оид ба либоси мактабӣ ройгон таъмин карда шуд.
Бояд қайд кард, ки бо маќсади рушди соњибкорї дар соҳаи истеҳсолӣ ва бењтар намудани сифати хизматрасонии субъектњои хољагидор, дар ин замина муаррифии маҳсулоти ватанӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорони ватанӣ тибқи фармоиши директори Агентӣ нимсолаи якуми соли 2023 озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» гузаронида шуд. Ҷињати иштирок ба озмуни мазкур дар миќёси љумњурї, дар маљмўъ 333 корхона ва ташкилоти хизматрасон дархост пешнињод намудаанд. Озмун дар ду давра гузаронида шуд, ки моњи апрел даври аввали озмун - даври вилоятию минтаќавї ба анљом расид ва дар маросими тантанавӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ ба иштирокчиён ифтихорномаҳо супорида шуд. Аз шумораи умумии дархостдињандагон тибќи бањогузории комиссияи вилоятӣ 115 корхонаю ташкилот ба даври љумњуриявї роњ ёфтанд. Санаи 3 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» бо баргузори намоиш ва фурӯши маҳсулот баргузор гардида, ба 66 корхонаи истењсолї ва субъектњои хизматрасон ѓолибон љоизањои «Лауреат» ва «Дипломант»-и озмун ва туњфањои хотиравї таќдим карда шуд. Њамзамон, дар натиљаи љамъбасти даври љумњуриявї 49 корхонаи ватанї ва субъекти хизматрасон (хизматрасонии хўроки умумї ва нуќтањои савдо) ба љоизаи махсус сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ ду корхонањои истењсолї-ҶДММ «Ноқили Талко» (истеҳсоли ноқилҳои гуногунтамға) ва ҶДММ «Арҷ» (истеҳсоли борҷома ва халтаҳои гуногунҳаҷми полиэтиленӣ) барои иштирок дар озмун оид ба дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил - «Дастовардњо дар соҳаи сифат ва хизматрасонї» омода ва ҷалб карда шуданд. Айни замон, дархости корхонаҳои истеҳсолии болозикр ба котиботи озмун - Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ пешниҳод гардид. Моҳҳои август – сентябри соли ҷорӣ баҳогузории фаъолияти корхонаҳо аз ҷониби комиссияи таъсисдодаи Шӯрои мазкур пешбинӣ гардидааст.
Дар соҳаи стандартонӣ дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайяне ба сомон расонида шуд. Чунончӣ, дар ин давра 24 адад шартњои техникии таҳиянамудаи истеҳсолкунандагони ватанӣ баъд аз баррасӣ ва омӯзиш дар асоси хулосаи мутахассисон дар Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Бо дарназардошти дастрасии субъектњои хољагидор, хусусан, субъектњои истењсолї ба њуљљатњои меъёрии техникї бо фармоиши директори Агентї, дар маљмўъ 118 адад стандарти байнидавлатї (ГОСТ), ки дар асоси протоколњои љаласањои Шўрои байнидавлатї оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатсия њамчун стандарти байнидавлатї ќабул шуданд, ба сифати стандарти давлатии Љумњурии Тоҷикистон расман ќабул гардиданд. Бо ин маќсад айни замон дар сайти www.fehrist-standart.tj-и доир ба 22909 адад стандартњои байнидавлатї (ГОСТ) ва 590 адад стандартњои давлатї маълумот ворид карда шудааст.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Кумитаҳои техникии байнидавлатӣ дар ин замина рушди соҳаи стандартизатсия Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ бо иштироки мутахассисони раёсат, ки барои минбаъд ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кумиатҳои техникии байнидавлатӣ интихоб гардидаанд, санаи 29 марти соли ҷорӣ семинари омӯзиши баргузор намуд. Дар кори он иштирокчиён дар бораи Кумитаҳои техникии байнидавлати (КТБ) фаъолияти маълумот дастрас намуданд. Айни замон 147 Кумитаи техникии байнидавлатӣ дар Бюро оид ба стандартонӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ стандартҳоро таҳия ва барои қабул ба Шӯрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия пешниҳод менамоянд. Дар аксарияти ин кумитаҳои техникӣ намояндаи Агентӣ аъзо буда, дар кори онҳо ширкат меварзанд. Инчунин, иштирокчиён истифодаи рўйхати стандартҳои байнидавлатиро меомўзанд, ки љињати татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо кумитаҳои техникии байнидавлатӣ оид ба таҳияи стандартҳо ва дар ин замина барои бемонеа дастрасии субъектҳои истеҳсолӣ ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ амали саривақтӣ ба шумор меравад.
Дар самти назорати бозори истеъмолї ва њимояи он аз воридоти молу мањсулоти пастсифат ва хатарнок дар нимсолаи якуми соли 2023 чорањои зарурї андешида шуданд.
Дар ин раванд, дар натиљаи гузаронидани назорати давлатї ба миќдори 460 808 кг мањсулоти гуногуни пастсифати ѓизої ба ќайд гирифта шудааст, ки як ќисми ин мањсулот аз љињати бехатарї (344 806 кг) ва ќисми дигари он аз рўи тамѓагузорї дар борљомаашон (116 002 кг) ба талабот љавобгўй набуданд.
Аз љумла, дар озмоишгоњњои ташхисии мањсулоти ѓизоии Агентии Тољикстандарт аз рўи сифату бехатарї ва тамѓагузорї 209 242 кг мањсулоти гўштї, 4509 кг равѓани растанї, 35768 литр нўшокињои спиртї, 69 304 литр нўшокињои ѓайриспиртї, 20 152 кг мањсулоти ќаннодї, 2785 кг мањсулоти ширї, 18 152 кг иловагињои ѓизої, 3134 кг намак ва дигар мањсулот, ки ќисми зиёдашон мањсулоти воридотї ба њисоб меравад, ѓайристандартї дониста шуда, мутобиќи тартиби муќарраргардида нисбат ба воридкунандагони ин мањсулот чорањои маъмурї андешида шуданд.
Њамчунин, тавассути гузаронидани вохўрї ва семинар - машваратњо бо истењсолкунандагон, фурўшандагон ва соњибкорони воридкунандаи молу мањсулот корњои фањмондадињї оид ба риояи ќоидањои савдо ва њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон таќвият дода шуданд, ки дар натиља аз љониби соњибкорони масъулиятшинос ба Агентї барои нобудсозии мањсулоти ѓизоии муњлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид шудааст. Аз љумла, аз љониби соњибкорон тибќи дархост зиёда аз 46 000 кг мањсулоти гуногуни хўрокворї, ки муњлати истеъмолиашон гузаштаанд, ба анбори нигоњдории Агентї супорида шуд.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 вобаста ба талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи санљиши фаъолияти субъектњои хољагидор” бо маќсади таъмини риояи њуќуќњои истеъмолкунадагон ва њимояи бозори истеъмолї аз тарафи нозирон дар ќаламрави љумњурї дар 2580 субъекти хољагидор санљиш ва назорати ќоидањои савдо гузаронида шуд.
Њамзамон, барои вайрон кардани ќоидањои савдо, фиреб додани истеъмолкунандагон ва риоя накардани талаботи ќонунгузории соња аз тарафи нозирон дар 3627 њолат ба маблаѓи умумии 974 572 сомонї ќарорњо оид ба бастани љаримаи маъмурї бароварда шуд.
Аз аввали соли љорї нозирон бо роњбарони бозорњои шањри Душанбе, аз љумла, бо соњибкорони бозори “Мењргон” вохўрињо гузарониданд. Маќсад аз баргузории вохўрињо ин аз тарафи њайати хизматрасон риоя гардидани ќоидањои савдо ва ба муомилот баровардани мањсулоти пастсифат мебошад.
Дар доираи татбиќи наќшаи чорабинињо бахшида ба «Рўзи байналмилалии њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон», ки њамасола рўзи 15 март таљлил мегардад, масъулони Агентї дар якљоягї бо кормандони Хадамоти зиддиинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вохўрию семинарњо иштирок ва суханронї намуданд. Дар робита бо ин, аз љониби зерсохторњои минтаќавии Агентї низ оид ба масъалаи мазкур чорабинињо гузаронида шудааст.
Дар самти таъминоти метрологї давоми нимсолаи якуми соли 2023 вобаста ба таҳия ва ба танзим даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид таъмини ченаки ягона Агентии Тоҷикстандарт як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, санаи 22 июни соли 2023 аз љониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» дар таҳрири нав, ки аз тарафи мутахассисони Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида буд, имзо гузошта шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади татбиқи қонунгузории соњаи таъмини ченаки ягона дар љумњурї аз тарафи нозирони давлатии метрологии Агентї 267 санљиш гузаронида шуд, ки аз ин шумора 256 ададаш наќшавї, 9 ададаш ѓайринаќшавї ва 2 адади дигараш такрорї мебошад. Шумораи санљишњое, ки аз рўи натиљаи онњо њуќуќвайронкунињо ошкор гардид 9 ададро ташкил дода, аз 267655 адад воситаҳои ченаки зери санљиш қарор додашуда 6654 ададаш бо сабабҳои муҳлати санљишашон гузаштан ва ё таъмирталаб будан, корношоям ҳисобида шуданд. Дар ин робита тибќи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба маблаѓи 10132 сомонї љарима таъин карда шудааст.
Бо мақсади татбиқи Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» давоми нимсолаи якуми соли 2023 дар озмоишгоҳҳои санљиш ва андозагирии воситањои ченаки Агентї 177405 адад воситаҳои ченак аз санҷиши эътимоднокї гузаштаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12886 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 123427 ададашро воситаҳои ченаке ташкил медиҳанд, ки ҳангоми баҳисобгирии захираҳои сўзишворию энергетикӣ истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар давраи њисоботї 89947 адад ҳисобкунаки барқӣ, 2245 адад сутунчаҳои тақсимоти сӯзишвории нафтӣ, 1100 адад сутунчаҳои гази моеъ, 106 адад автосистернаҳо ва 52 адад махзанҳои нигаҳдории сӯзишвории нафтӣ (резервуарҳо) аз санҷиши мутобиќат ва андозагирї гузаронида шуданд.
Њамчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мутахассисони Агентӣ 29977 адад ҳисобкунакҳои обӣ таҳти санҷиши мутобиқати давлатӣ қарор дода шуданд.
Дар робита ба санљиши њисобкунакњои барќї бояд ќайд кард, ки бо маќсади њарчї бештар кам кардани талафоти барќ дар љумњурї ва татбиќи супоришњои Њукумати Љумњурии Тољикистон љињати тањти назорати љиддї ќарор додани санљиши њисобкунакњои барќї як ќатор корњо анљом дода шуданд. Аз љумла, дар якљоягї бо ширкати «Барќи тољик» наќша-љадвали санљиши давлатии њисобкунакњои барќї барои соли 2023 тањия, тасдиќ ва мувофиќа гардида, фаъолияти озмоишгоњњои санљишї пурра дар асоси наќшаи мазкур ба роњ монда шуд. Дар натиља давоми нимсолаи якуми соли 2023 ба љои 72774 адад њисобкунаки барќии банаќшагирифта шуда 89947 адад њисобкунак аз санљиши гузаронида шуд, ки 123%-и иљрои наќшаро ташкил медињад.
Санљиши воситањои ченаки соњаи энергетикаро дахл намуда, ќайд намудан бамаврид аст, ки Агентӣ тибқи талаботи банди 3 супориши Протоколи маҷлиси Раёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24.02.2023, №1 ҷиҳати ба таври ҷиддӣ ба роҳ мондани назорати раванди истеҳсоли ҳисобкунакҳои барқӣ ва мусоидат ба истеҳсоли воситаҳои ченаки босифати ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Аз ҷумла, мутахассисони Агентӣ бо мақсади дастгирии «Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ», ки аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ҳисобкунаҳои барқиро ба нақша гирифтааст, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникии ҳисобкунакҳои энергияи барқии электронии якфазагӣ ва сефазагии навъи IMOD (шартҳои техникӣ, тасвири навъ, тарзи санҷиш, барномаи санҷиш, шиноснома ва ғайра)-ро таҳия ва дар шуъбаи стандартонӣ расман ба қайд гирифтанд.
Ҳамзамон, тибқи тартиби муқарраргардида, намунаи ҳисобкунакҳои барқии истеҳсолшаванда баъди гузаронидани таҳлилҳои метрологии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва ташхис, тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» ва ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқии ПР 50.2-009 «Тартиби гузаронидани санҷиш ва тасдиқи навъи воситаҳои ченкунӣ» навъи онҳо тасдиқ ва дар феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис гардиданд.
Инчунин, Шартҳои техникии воситаҳои ченаки мазкур низ баъди таҳлил ва хулосабарории мутахассисон дар шуъбаи стандартонии Агентӣ таҳти №№03/168, 03/169, 03/170 аз санаи 20.12.2022 ба қайд гирифта шуданд.
Дар баробари ин, аз тарафи мутахассисони Агентӣ таҷҳизоти санҷишии «Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ» аз озмоиш ва аттестатсия гузаронида шуда, барои гузаронидани корҳои санҷишӣ омода карда шуданд.
Давоми нимсолаи якум соли 2023 дар озмоишгоњњои метрологии Агентї 13986 адад воситањои ченаки муќаррароташон тиббї, аз ќабили 3213 адад њароратсанљ, 3249 адад фишорченкунаки тиббӣ, 325 адад ареометр, 2118 адад ченакњои ѓунљоиши шишагин, 347 адад тарозуњои лабораторї, 1398 адад тарозуњои тиббї, 483 адад дозаторњои тиббї, 56 адад фотоколориметр, 39 адад рефрактометр, 1605 адад мановаккумметру фишорченкунакњои оксигенї ва ѓайра тањти санљиш ва андозагирї ќарор дода шуданд.
Дар давраи њисоботї баъди гузаронидани озмоиш ва тањлили метрологии њуљљатњои меъёрї-техникї 61 навъи воситањои ченаки истењсоли мамлакатњои хориљи дур ва ИДМ тасдиќ гардида, ба фењристи давлатии воситањои ченаки Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шуда, нисбат ба тасдиќ ва баќайдгирии 4 навъи дигари воситањои ченак гузаронидани корњои метрологї идома доранд.
Давоми нимсолаи якуми соли 2023 ба ифтихори рӯзи Умумиҷаҳонии метрология, ки ҳамасола 20 май дар тамоми дунё таҷлил мегардад, дар Агентӣ конфронси илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Ченкуниҳо барои нигоҳдории низоми ҷаҳонии озуқаворӣ» баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагони хадамоти давлатии метрологӣ ва хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин, олимону коршиносон аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ширкат варзиданд. Зимни баргузории конфронс, аз ҷумла, қайд гардид, ки барои нигоҳ доштани низоми ҷаҳонии озуқаворӣ ченкунии боэътимоди миқдор ва сифати маҳсулоти ғизоии хом ва коркардшуда дар мадди аввал мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори сифат дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» ва дар асоси Созишномаи ҳамкориҳои техникӣ байни Агентии Тоҷикстандарт ва Пажӯҳишгоҳи физикию техникии Олмон омодагиҳо ба аккредитатсияи ду озмоишгоҳи метрологӣ дар сатҳи байналмилалӣ бомаром идома дорад.
Ҳамин тариқ, корҳо дар самти аккредитатсияи ду озмоишгоҳи метрологӣ дар сатҳи байналмилалӣ идома дошта, бояд то охири соли ҷорӣ пурра ҷамъбаст карда шаванд.
Давоми нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи мутахассисони озмоишгоњи ташхиси таљњизоти барќї намунаи 1149 партияи таљњизоти барќї, ба монанди ноќилњо, фурўзонакњо, асбобҳои барқии машӣ ва дигар намуди таљњизоти барќии маишї аз ташхис гузаронида шуда, 14 партияи он бо сабаби љавобгўй набудан ба талаботи њуљљатњои меъёрї-техникї ѓайристандартї дониста шуд. Оид ба натиљаи ташхисњои гузаронидашуда протоколњои лозимии ташхисї тартиб дода шуда, ба маќомоти дахлдор пешнињод карда шуданд.
Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо ташаббуси роҳбарияти Агентӣ боз як озмоишгоҳи нав дар самти ташхиси маҳсулоти полимерӣ ва сафолӣ таъсис дода шуда, дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз намуд. Озмоишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ намунаи 149 партияи маҳсулоти полимерӣ, сафолӣ ва ороиш аз чӯбро аз ташхис гузаронида, ҷиҳати љавобгўй будани маҳсулоти номбурда ба талаботи њуљљатњои меъёрї-техникї ба мақомоти дахлдор протоколҳои ташхисӣ пешниҳод намуд.
Дар самти таъмини сифат ва бехатарии маводи сўзишворї дар нимсолаи якуми соли 2023 озмоишгоњњои ташхиси мањсулоти нафтии Агентї дар 2217 њолат ба миќдори 434739 тонна мањсулотро аз ташхис гузарониданд. Аз љумла, бо маќсади муайян намудани сифат ва њолати фурўши мањсулоти нафтї дар бозори дохилї санљишњо гузаронида шуда, аз нуќтањои фурўши мањсулоти нафтї 961 намуна ба 14981 тонна мањсулоти нафтї ба озмоишгоњњо пешнињод карда шуданд. Дар натиља дар 58 њолат ба миќдори 33,3 тонна сўзишворї (аз рўи нишондоди адади октанї, миќдори сулфур ва таркиби фраксионї) аз руи њарорати яхбандї ѓайристандартї дониста шуд ва мањсулот ба тамѓаи дигар гузаронида, нисбат ба њолатњои мазкур тибќи тартиби муќарраргардида љаримањои маъмурї таъин карда шуданд.
Дар соњаи бањодињии мутобиќат лозим ба зикр аст, ки барасмиятдарории корњои сертификаткунонї барои молу мањсулоти содиротї дар давоми як рўз амалї карда мешавад. Вобаста ба ин, дар соли ҷорӣ нисбат ба 79 451 тонна меваю сабзавоти содиротї корњои сертификатсионї гузаронида шуд.
Бояд ќайд кард, ки дар доираи татбиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24 июли соли 2020, № 410 барасмиятдарории амалиёти содиротї, воридотї ва транзитї тавассути низоми «Равзанаи ягона» идома дошта, дар Агентї ва марказњои зертобеи он расмиёти сертификаткунонї бо риояи талаботи низоми мазкур ба роњ монда шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи шуъбаи низоми менељменти сифат ва бахшњои дар марказњобуда, дар 59 корхонањои ватанї љорї намудани низоми менељменти сифат ва корњои сертификатсионї ба сомон расонида шуд, ки ин назар ба њамин давраи соли гузашта 23 корхона зиёд мебошад.
Њамзамон, дар ин давра дар 7 корхона аудити инспексионї, дар 16 корхона дарси омўзишї ва дар 4 корхона корњои фањмондадињї дар масоили истифодабарии стандартњои байналмилалии силсилаи ISO 9000 (9001, ISO 22000, НАССР ) гузаронида шуд.
Бо мақсади татбиќи қонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи бањодињии мутобиќат ва њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби нозироти пахта дар нимсолаи якуми соли 2023 нисбат ба 40462,7 тонна нахи пахта, 7805,7 тонна ресмони дурушти пахтагї, 2403 тонна (7981200м.т.) матои пахтагин, 145,6 тонна мањсулоти трикотожї (љўробњо), 472,6 тонна пахтаи дўзандагї ва мебелї ва 21977,7 тонна дигар мањсулот корҳои сертификатсионӣ ба сомон расонида шудааст.
Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақоми миллӣ оид ба стандартонӣ ба яқ қатор ташкилоти минтақавию байналмилалии соҳа аъзо буда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.
Дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 дар Агентии Тоҷикстандарт 6 сафари хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар маҷмўъ дар он 10 нафар кормандон сафарбар гардидаанд.
Дар ин давра чандин чорабиниҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла, дар доираи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (МГС) ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ оид ба рафъи монеаҳои техникӣ дар минтақаҳои озоди савдо, ҷаласаи кории Кумитаҳои илмї-техникӣ ва гурӯҳҳои корӣ, семинарҳои омӯзишї оид ба фаъолияти Институти Созмони ҳамкории исломӣ ба таври маљозї баргузор гардида, масъулини соҳа дар онҳо иштирок намуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Федератсияи Россия дар соҳаи стандартизатсия ва метрология дар доираи ҷаласаи 21-уми комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иктисодии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзҳои 25-27 апрели соли 2023 дар Душанбе баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ва метрология байни Агентии Тоҷикстандарт ва Агентии федералии танзими техникӣ ва метрологияи Федератсияи Россия (Росстандарт) ба имзо расонида шуд.
Инчунин, дар доираи сафари давлатии Амири Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 июни соли 2023 доир гардид, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат байни Агентии Тоҷикстандарт ва Ташкилоти стандартизатсияи Давлати Қатар ба имзо расонида шуд.
Рӯзҳои 13-14 июни соли 2023 дар меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе ҷаласаи 51-уми Комиссияи илмӣ-техникӣ оид ба баҳодиҳии мутобиқат, ҷаласаи 51-уми Комиссияи илмӣ-техникӣ оид ба аккредитатсия ва ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи корӣ оид ба таъсиси Созмони минтақавӣ оид ба аккредитатсия баргузор гардид. Ҷаласаҳои мазкур дар ду шакл, ҳузурӣ ва фосилавӣ доир гардида, намояндагон аз мақомоти марбутаи Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоќистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, котиби масъули Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи ИДМ ва намоянда аз департаменти ҳамкории иќтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар кори ҷаласаҳо иштирок намуданд.
Дар ин давра яқ қатор чаласаву вохӯриҳои дигар ба таври ҳузурӣ баргузор гардиданд, ки масъулини соҳа аз сатҳи роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳо вобаста гардида, дар онҳо иштирок намуданд.











