ХАБАРҲО

2023-05-30: Иштироки фаъолонаи ҳайати ҷавонон ва кормандони Агентии Тоҷикстандарт дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар шаҳри Душанбе бо иштироки 53700 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногуни Дави миллӣ доир карда шуд. Дар баробари ин, дар рӯзи Дави миллӣ марафони велосипедронӣ низ баргузор гардид, ки дар он 1560 нафар ширкат намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ширкаткунандагони ҳам Дави миллӣ ва ҳам велосипедронон аз маҳаллаи Чорбоғ то Наврӯзгоҳи пойтахт миёни ҳам сабқат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад, ки ин 16 - умин Дави миллӣ маҳсуб меёбад!