ХАБАРҲО

18.03.2017: Корњои ободонї дар Тољикстандарт

Бо маќсади ба роњ мондани корњои ободонї ва дар ин замина гузаронидани шанбегї ва њашарњои умумї дар рўзњои муќарраршуда, дар Агентї бо љалби кормандон шанбегињо ва њашари умумї доир карда шуд. Дар ин робита бо назардошти он ки дар назди бинои Агентї корњои таъмир ва сохтмонї ба роњ монда шудаанд, як гурўњи кормандон дар ин самт вобаста гардида, дар ин давра корњои азнавсозии њавз, рангубордињии панљарањои атрофи бино ва сангфаршкунии роњравњо ба анљом расонида шуданд.

Њамчунин боѓу гулгаштњо ва ќитъањои алоњидаи гирду атрофи бино пурра тоза гардида, дар раванди шанбегињо инчунин бехи нињолњо нарм карда шуда, дар ќитъањо ва майдонњо бо тарњњои нав гулњои ороишї ва нињолњои њамешасабз шинонида шуданд. Умуман, дар муњлати муайяншуда, њамаи корњои вобаста ба кабудизоркунию ба тартиб даровардани майдонњо иљро шуданд.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар заминаи корњои кабудизоркунии боѓу гулгаштњои атрофи Агентї, шинонидани гулњои ороишї дар гулгаштњо ва амалї намудани назорати доимї ва ташкили корњо дар ин самт, аз њисоби кормандон тибќи фармоиш шахси масъул таъин карда шудааст.

Њамзамон, тибќи наќша барои дар сатњи баланд љашн гирифтани љашни 20-солагии Вањдати миллї низ корњои ободонию созандагї идома дода мешаванд.

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...