ХАБАРҲО

2023-05-23: Ҷавононро мебояд хувияти баланди миллӣ дашта бошанд

Яке аз василаҳои усутвори талқини идеология ин ҳавасмандагрдонии маънавӣ ба ҳисоб меравад, ки он дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути дастагирии ҷавонони лаёқатманд ва ё истеъдодҳои ҷавон ба амал бароварда мешавад. Яъне, бо пиёда кардани барномаҳои гуногун дар самти дастгирӣ ва қадршиносии лаёқати ҷавонон бо дарназардошти ҷанбаҳои идеологӣ, онҳоро метавон руҳбаланд сохт ва дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва пос доштани муқадассоти миллӣ тарбия намуд. Аз назари психологӣ фард ҳангоми эҳсос кардани аҳамиятнокии худ дучанд фаъол мегардад, ба меҳан садоқати зиёд пайдо мекунад ва ба ҷомеа хубтару беҳтар хизмат мекунад.

Имрӯз низ моро зарур аст, ки шиорҳои муносиб ва эътимодбахши миллӣ дошта бошем, то ин ки ба ҷомеа писанд оянд ва онҳоро роҳнамои ҳаёту фаъолияти худ қарор диҳанд.

Дастгирии маънавии ҷавонони лаёқатманд бошад, дар ҳар як ниҳод ба он боис мегардад, ки идеологияи давлатӣ дар байни шумори зиёди ҷавонон ба зудӣ ва ба таври муътамад таблиғ гардад, зеро шахси ҷавон одатан пайрави ҳамсоли худ буда, хислатҳои хуби ӯро (дониш, лаёқат, рафтор, гуфтор ва ғайра) мегирад ва доимо ҳаёти якдигарро мушоҳида менамоянд.

Дастгирии иҷтимоии ҷавонон дар шароити Тоҷикистон хело муҳим арзёбӣ гардида, қисмати зиёди сиёсати давлатии ҷавононро фаро мегирад. Дар ҷамъият ба гурўҳи норизоён, мухолифон, зимнан ҷабрдидагон бештар ниёзмандон, осебпазирон ва тангдастони иҷтимоӣ шомил мебошанд. Яъне, бинобар тангдастӣ шахс ба доми бадхоҳон афтода, гурўҳи мухолифонро пур мекунад ва зидди қабул ва ё татбиқи рукнҳои идеологияи давлатӣ пофишорӣ менамояд.

Аз ин рӯ, дастгирии иҷтимоии ҷавонон калиди даркӯшои норозиён, василаи пешгирии шомилгардии ниёзмандон ба гурўҳи бадхоҳон ва талқини идеологияи миллӣ бо роҳи муносиб ба ҳисоб меравад. Албатта бо гурўҳи ниёзмандон бидуни василаҳои дастгирикунанда низ кор кардан мумкин аст, яъне вақет шахс дар фикри дарёфти зиндагии рўзмараи худ аст, наметавонад, ки маърўзаи пурмуҳтавоеро шунавад ва пайравӣ кунад.

Бинобар ин, татбиқи сиёсати иҷтимоии ҷавонон воситае муносибест дар роҳи таҳкими ва талқини рукнҳои идеологӣ дар байни ҷомеаи ниёзманд ва осебпазир. Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дастгирии иҷтимоӣ дар шакли машварат ҷиҳати ҳалли мушкилот, кӯмаки молию пулӣ, таъмин бо манзили истиқоматӣ, мусоидат ба хонадоршавӣ, табобат ва ғайра амалӣ мегарданд.

Дар самти татбиқи босамари идеологияи давлатӣ яке аз ҷанбаи муҳим ин иштироки субъект – ҷавонон дар ҷараёни он ба ҳисоб меравад. Иштироки ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир самти нав ва мубрам дар татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон буда, он фаъолгардонии сиёсӣ, такомули малакаҳои идорӣ ва имкониятҳои фаррох барои роҳбарӣ дар мақомоти дахлдори идорӣ, иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои алоқаманд ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, таъсиси ташкилотҳои мустақил ва кафолати таъмини адолати ҳуқуқиро фаро мегирад.

Ҳамин тариқ, бо дарназардошти он ки аксарияти аҳолии мамлакат ба шахсони ҷавон рост меояд, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон имконият медиҳад, ки ҷамъияти аз лиҳози идеологӣ обутобёфта, саҳибмаърифатгашта ва ба ҳам гуна таҳдидҳо ва падидаҳо муқовимат ва истодагарӣ кунад. Њамчунин, дар рушду нуму ва пешрафти кишвари азизи худ сањми муносиб гузорад.

Шукрона Ҷунайдуллозода,

мутахассиси пешбари Раёсати метрология ва воситаҳои ченак