ХАБАРҲО
2023-05-23: Асбобҳои ченкунии параметрҳои техникаи гармӣ дар саноати энергентикӣ
Раҳимзода Ҷ.Р., сардори Раёсати
таъминоти метрологии воситаҳои ченак,
аъзои ассотсиатсияи энергетикҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маълумоти мухтасар дар бораи воситаҳои ченкунии
техникаи гармӣ (теплотехникӣ)
Ченкунӣ ва ё андозагирӣ ин дарёфти қимати бузургии физикӣ ба таври таҷрибавӣ, бо ёрии воситаҳои махсуси техникӣ маҳсуб меёбад.
Воситаҳои ченкунии техникаи гармӣ барои муайян кардани миқдори зиёди бузургиҳои физикие, ки бо равандҳои тавлид ва истеъмоли энергияи гармӣ алоқаманданд, истифода мешаванд. Онҳо муайян намудани миқдори софи бузургиҳои гармӣ (ҳарорат, энергияи гармӣ) ва баъзе дигар бузургиҳо (фишор, сарф, миқдор, сатҳ, таркиби газ, консентратсия)-ро дар бар мегиранд. Дар саноати энергетикӣ ченакҳои техникаи гармӣ барои назорати ҳаррӯза ва мониторинги кор ва ҳолати таҷҳизоти дар нерӯгоҳҳои барқӣ насбшуда истифода мешаванд. Ченкунињои техникӣ дар асбобҳои автоматикунонии истгоҳҳои барқӣ (танзимкунӣ ва идоракунии автоматӣ, ҳимояи технологӣ, сигнализатсия) нақши калон мебозанд.
Эътимоднокӣ ва истифодаи сарфакоронаи истгоҳҳои барқу гармидиҳии замонавӣ ва дегхонаҳои хурдро бидуни истифодаи миқдори зиёди дастгоҳҳои назорати гармӣ, ки аз ҷиҳати тарҳ, мақсад ва принсипи кор гуногунанд, тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Аксари асбобҳои муосири техникаи гармӣ ба истифодаи принсипҳои электрикии ченкунии бузургиҳои ғайриэлектрикӣ асос ёфтаанд. Ин принсипи ченкунӣ, ки ба таносуби миқдории байни бузургиҳои электрикӣ ва ғайриэлектрикӣ асос ёфтааст, дурустӣ ва эътимоднокии ченкуниро беҳтар мекунад, сохти дастгоҳҳоро осон мекунад ва имконияти ба масофаҳои дур фиристодани маълумотро дар бораи параметри ченшаванда таъмин менамояд. Асбобҳои пневматикии ченкунӣ дар объектҳои тарканда истифода мешаванд.
Тайи солҳои охир асбобҳои худкори (автоматии) электронии ченкунӣ, ки бо дақиқии баланд, ҳассосӣ ва суръат фарқ мекунанд, барои ченкуниҳои техникаи гармӣ васеъ истифода бурда мешаванд.
Асбобҳои зерини ченкунӣ мавҷуданд, ки барои чен кардани параметрҳои техникаи гармӣ пешбинӣ шудаанд:
- ҳарорат - термометрҳо, пирометрҳо;
- фишор - манометрҳо, вакуумометрҳо, мановакуумометрҳо, напоромерҳо, тягомерҳо, тягонапоромерҳо ва барометрҳо;
- сарф ва миқдор - сарфченкунакҳо, ҳисобкунакҳо;
- сатҳи моеот ва ҷисмҳои фуҷур (пошхуранда)- сатҳченкунакҳо, нишондиҳандаҳои сатҳ;
- таркиби газҳои партов- таҳлилкунандаҳои (анализаторҳои) газ;
- сифати об ва буғ - кондуктометрҳо.
Ченкуниҳои сарф ва миқдор
Сарфи модда - ин миқдори моддаест, ки аз қисмати додашудаи шабака дар як воҳиди вақт мегузарад ва асбоби барои ченкунии сарф истифодашаванда сарфченкунак номида мешавад (ГОСТ 15528).
Вобаста ба намуди моддаи ченшаванда онҳо ба ҳисобкунакҳои сарфи об, буғ, газ ва ғайра тақсим мешаванд.
Барои муайян кардани сарф ва миқдори моддаҳои моеъ, газ, буғ ва ҷисмҳои фуҷур (пошхуранда) бештар усулҳои асосии ченкунии зерин истифода мешаванд: пастшавии фишори тағйирёбанда, суръат, ҳаҷмӣ ва вазнӣ. Усули пастшавии фишори тағйирёбанда, ки аҳамияти калони амалӣ дорад, аз тағйир додани фишори статикии муҳите, ки аз кундалангии ба таври сунъӣ тангшудаи хатти қубур мегузарад, усули суръат аз муайян кардани суръати миёнаи ҷараён ва усулҳои ҳаҷмӣ вавазнӣ бошанд, аз муайян кардани ҳаҷм ва массаи модда асос ёфтаанд.
Бартарии ду усули ченкунии аввал - ин соддагии муқоисавӣ ва ихчам (компакт) будани асбобҳои ченкунӣ буда, ва ду усули баъдина –ченкунии бештар саҳеҳияшон баланд мебошанд.
Дар илми метрология мафҳуми миқдори моддаҳо вуҷуд дорад. Миқдори моддаҳоро бо воҳиди масса [кг, т] ё бо воҳиди ҳаҷм [м3, л] чен кардан мумкин аст. Асбобҳое, ки барои чен кардани миқдори моддаҳо истифода мешаванд, ҳисобкунакҳои модда (ҳисобкунакҳо) номида мешаванд. Дар ҳар як ҳолати мушаххас номи бузургии физикии назоратшаванда бояд илова карда шавад. Масалан: "ҳисобкунаки об" ё "ченкунаки ҷараёни буғи аз ҳад гарм".
Ченкуниҳои ҳарорат
Воситаҳои асосии ченкунии ҳарорат вобаста ба хосиятҳои физикии моддаҳои истифодашаванда ба гурӯҳҳои зерин бо ҳудуди нишондодҳо тақсим мешаванд:
• ҳароратсанҷҳои васеъшавӣ (190–650 °C), ба он асос ёфтаанд, ки дар хосияти ҷисмҳо ҳаҷми худро дар зери таъсири ҳарорат тағйир диҳанд;
• ҳароратсанҷҳои манометрӣ (160–650 °С), аз рӯи принсипи тағйир додани фишори моеъ, газ ё буғ бо моеъ дар ҳаҷми пӯшида ҳангоми гарм кардан ё хунук кардани ин моддаҳо кор мекунанд;
• ҳароратсанҷҳои дилатометрӣ вабиметаллӣ (кор дар асоси васеъшавии гуногуни моддаҳои сахт (хӯлаҳо)-и дар пайваст (контакт) воқеъ буда ба роҳ монда шудааст);
•ҳароратсанҷҳои муқовимат (200–650°С), аз рўи хосияти ноқилҳои металлӣ муқовимати барқии онҳоро вобаста ба гармӣ тағйир медиҳад;
• ҳароратсанҷҳои нимноқилӣ (аз -100 то +300 °С), кор дар асоси тағйир додани муқовимати маводи нимноқилӣ дар зери таъсири ҳарорат ба роҳ монда шудааст;
• ҳароратсанҷҳои термоэлектрикӣ (50–1800 °С), чунин сохта шудаанд, ки ба хосияти металлҳои гуногунхела ва хӯлаҳо дар якҷоягӣ қувваи гармидиҳандаи ба ҳарорати пайвастшавӣ вобастаро ба вуҷуд оранд;
• пирометрҳо (300–6000 °С) аз рӯи принсипи ченкардани энергияи аз ҷисмҳои гармшуда афкананда ба ҳарорати ин ҷисмҳо (аз ҷумла тепловизорҳо) кор мекунанд.
Дар хотима ҳаминро бояд қайд намуд, ки ченкуниҳои техникаи гармӣ қисми таркибии чунин илми бузург - МЕТРОЛОГИЯ мебошад.