ХАБАРҲО

2023-03-24: Табрикоти Директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ АБДУЛВАҲОБЗОДА ТЕМУРҶОН

БАХШИДА БА ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Ҳамватанони азиз!

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллӣ ва муҳимтарин иди мардумии мост, ки бо фарорасии он бо камоли хушҳолӣ ҳамдигарро табрик менамоем. Дар ин робита, бо камоли фараҳмандӣ ҳамаи Шуморо бо фарорасии иди зебои табиат, иди миллиамон – Наврӯзи Аҷам аз самими дил табрику муборакбод гуфта, бароятон бахти фирӯз, умри тӯлонӣ, файзи рӯзгор ва бурдборӣ дар кор таманно менамоям.

Орзумандам, ки ин ҷашни байналмилалӣ ба сарзамини хуршедии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, неруи созандаву офаранда ва баракату фаровонӣ ҳадия оварад.

Боиси ифтихори мардуми куҳанбунёди тоҷик аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврӯз – ин ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё гардида, мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ҳоло ба яке аз беҳтарин оинҳои мардуми мамлакат табдил ёфтааст.

Дар айни замон, Наврӯз ёдгори беназири ниёгони мо ва таърихи зиндаи миллати мо буда, далели ҳастии бостонии ин миллати куҳанбунёд ва исботи рӯшани ҷаҳонбинии ниёгони мо мебошад. Ин аст, ки Наврӯз на танҳо ҷашну шодмонӣ, балки мояи ифтихор ва сарфарозии мо, инчунин, муаррифгари таъриху фарҳанги мо дар сатҳи ҷаҳонист.

Дар воқеъ, бо ташаббуси Пешвои миллат мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз, худ ҷаҳонӣ шудани фарҳангу тамаддуни миллати мо мебошад.

Бояд қайд кард, ки ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай дар сарзамини тоҷикон бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил гардида, он ба иди ҳақиқии баҳору зебоӣ ва ҳамрайъию ваҳдати тамоми қавмҳои гуногуни Тоҷикистони офтобӣ табдил мегардад.

Имрӯз чунин шароиту имконият ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба халқи тоҷик насиб гардидааст. Мо бояд ба қадри ин ҷашни миллӣ расем ва онро бо шукӯҳу ҷалол таҷлил намоем.

Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар кишвари соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил Наврӯзро таҷлил менамоем.

Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номус, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми неруи ҷисмониву зеҳнии худро ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.

Бигзор, Ҷашни Наврӯз ҳамчун решапайванди наслҳо, пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони ояндасози мо ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат намояд.

Ҷашни Наврӯз муборак бошад, ҳамватанони азиз!