ХАБАРҲО

2023-03-02: Кормандони нозироти савдо ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд

КОРМАНДОНИ НОЗИРОТИ САВДО БА ОМӮЗИШ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши соҳавӣ ва такмил додани ихтисоси касбӣ, имрӯз бо кормандони нозироти савдо бо иштироки муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Сафарзода Мансур хониши идоравӣ доир гардид.

Дар ибтидои хониши идоравӣ таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии соҳибкории хурду миёна фаъолиятро бояд боз ҳам тақвият диҳем. Имрӯз роҳбарият барои пешбурди фаъолияти бонизом ҳамаи шароитҳои кориро муҳайё намудаанд ва танҳо бо иҷрои уҳдадориҳои баланд ва содиқона хизмат кардан ба ватан ва мардум, мо метавонем садоқати хизматчии давлатии худро иҷро намоем.

Хотирнишон бояд намуд, ки дар асоси нақшаи тасдиқшуда мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла, омӯзиши кодекси одоби хизматчии давлатӣ, кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, одоби муошират бо шаҳрвандон, рияои интизоми меҳнат, муоширати байни хизматчиёни давлатӣ, инчунин, омӯзиши талаботи қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ бо ҷалби мутахассисон ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар доираи супориши роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт, ки бевосита аз Паёми Пешвои миллат ва роҳнамоиҳои Ҳукумати мамлакат сарчашма мегиранд, ҳамаи раёсату шуъбаҳои Агентӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати такмил додани савияи дониши касбӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ тибқи нақша мунтазам омӯзиш оид ба такмили ихтисос ва хониши идоравӣ доир намоянд.

Ҳамчунин, дигар марказҳои зертобеи Агентӣ низ барои роҳандозӣ намудани хонишҳои идоравӣ ва такмили ихтисоси кормандон муваззаф гардидаанд.