ХАБАРҲО
2023-02-05: РИСОЛАТИ КАСБӢ
РИСОЛАТИ КАСБӢ
Зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии шахсиятҳои касбу кори гуногун барои насли имрӯзу оянда, мактаби омӯзиш ва намунаи ибрат аст.
Албатта, меҳнати ҳалол бо баробари обрӯ касро соҳиби кор ва соҳиби давлат мегардонад, ки омили фароғат дар зиндагӣ мебошад. Меҳнат ва масъулиятшиносӣ ба маънои томаш мазмуни зиндагии манфиатдор дар ҳаёти инсон аст. Аз ин сабаб, меҳнатдӯст будан шахсро шарафмандтарин аҳли ҷомеа гардонида, аҳли оила ва атрофиёнро аз худ розӣ мегардонад ва тавре, ки шоир мегӯяд:
Зи меҳнат нони беминнат барояд,
Зи меҳнат ганҷи пурқимат барояд.
Каси меҳнатқарину поквиҷдон,
Мудом хушбахту некӯному комрон.
Басо гуворо аст, ки дар натиҷаи меҳнати шоистаи кормандон имрӯз Агентии Тоҷикстандарт дар байни ҷомеа нуфузу мартабаи худро пайдо намудааст.
Бинобар ин новобаста ба самти фаъолият, дар ҳар коре, ки бошад, агар масъулиятро дарк кунему меҳнати ҳалол намоем, дар корамон муваффақ мешавем. Табиист, ки вақте мо бомасъулият бошем, дар ҳама корҳоямон пешравӣ ноил мегардем, ки ин раванд ба беҳ шудани зиндагии ҳаррӯзаи мо сабаб мешавад. Ба таъкиди Черчил “Арзиши бузургӣ дар масъулият аст”.
Инсоният дар зиндагии худ бояд рисолатҳои зиёдро ба анҷом расонад. Рисолати касбӣ яке аз ҷузъҳои асосии он мебошад. Бо сари баланду дили гарм расидан ба ин қуллаи рӯзгор барои инсонҳо бахти баланд аст.
Роҳбарият ва аҳли кормандони Агентии Тоҷикстандарт имрӯз бо ифтихор чанд тан аз кормандоне, ки дар рушд ва инкишофи соҳа саҳми бориз гузоштаанд ба нафақа гусел мекунанд. Инҳо Адиба Абдувалиева, Мавҷуда Узбекова ва Сабзалӣ Иззатов мебошанд, ки бо масъулиятшиносии худ бевосита дар рушди соҳа саҳми назарраси худро гузоштаанд ва сазовори эҳтироми аҳли мақомот ва ҷомеа мебошанд, ки имрӯз ба синни камолот расидаанд.
Ҳама огоҳед, ки қонунгузорӣ хусусиятҳои физиологии организми инсонро ба назар гирифта, махсусан синну соли ба нафақа баромадани одамонро муқаррар кардааст. Ва инак ин кормандони мо ба синни нафақа расидаанд ва хушбахт ҳам ҳастанд, ки то ин дам рисолати касбии худро бо сари баланд иҷро намуда, бо обрӯю мартабаи хос ба ин рӯз расидаанд. Албатта ин рӯзро аксари одамон орзу ҳам мекунанд.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки онҳо хушбахтанд, зеро чун инсонҳои созандаю бунёдкор ҳамеша асолати инсонии худро нигоҳ доштаанд.
Фаъолияти меҳнатии онҳо ҳамчун ходими давлатӣ дар пешбурди соҳа назаррас аст ва қадру манзалате, ки дар ин манзараҳои умр онҳо соҳиб шудаанд, на ба ҳар фард муяссар мегардад. Ҳамин аст, ки дар байни ҷомеа ҳамчун шахсони кордону болаёқат ва инсонҳои комил нуфузу мартабаи худро пайдо карда, рисолати касбии худро ба некӣ анҷом додаанд.
Мо ин санаи камолотро ба ҳамкорони азиз табрику муборакбод гуфта, бо меҳру ихлос таманнои онро дорем, ки дар идомаи рӯзгор низ тансиҳату сарбаланду комгор, роҳнамои ҷавонон ва ибрати наслҳои имрӯзу фардо бошанд.















