ХАБАРҲО
2022-12-09: РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҲУҶҶАТҲОИ МЕЪРӢ КАФОЛАТИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТ АСТ
Имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони либосҳои ҳарбӣ, либосҳои мактабӣ, инчунин, дигар корхонаҳое, ки бо истеҳсол ва коркарди либос ва матоъ машғуланд, семинар - машварат баргузор гардид.
Мақсад аз ҷамъомади имрӯза ин гузаронидани семинари омӯзишӣ бо субектҳои истеҳсолӣ оид ба «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ омили рушди истеҳсоли маҳсулот» мебошад.
Дар семинар, нахуст муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Шерзода Ситора баромад намуд. Мавсуф иброз дошт, ки давоми солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла таҳким бахшидан ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои Тоҷикистонро ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додан кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Сиёсати дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти босифату бехатар ва воридотивазкунандаи ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллиамон мебошад.
Тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон фароҳам оварданд, ки мамлакат дар самти таъмини молу маҳсулоти босифат ва бехатари ватанӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Яке аз ин маҳсулот ин истеҳсоли либосҳои ҳарбӣ, ки дар бозори истеъмолии мамлакат ба назар мерасад.
Нишонҳои фарқкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ низ ҷузъи ҳатмии либоси ҳарбӣ мебошанд. Либоси расмиро аз рӯи навъи қӯшун (хизмат) рутбаи ҳарбӣ ва аломатҳои тафриқаи онро Шӯрои олии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
Дар семинар қайд гардид, ки Лоиҳаи стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Либосҳои ҳарбӣ” дар ҷаласаи назди муовини Вазири мудофиа, бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дастгирӣ ёфт ва моҳи ноябри соли 2017 бо фармоиши директори Агентии Тоҷикстандарт тасдиқ гардида, аз 1 январи соли 2018 мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар идома мутахассисон оид ба масъалаҳои матраҳ гардида баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар охир роҷеъ ба мазӯҳои баррасишуда аз ҷониби намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ саволҳо пешниҳод карда шуд, ки мутахассисон ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.














