ХАБАРҲО

2022-11-23: Ташрифи эксперти байналмилалӣ ба Агентии Тоҷикстандарт

Бо мақсади татбиқи лоиҳаи “Мустаҳкам намудани инфрасохтори сифат дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ” ҷиҳати омодасозии озмоишгоҳҳои масса ва ҳарорати Агентии Тоҷикстандарт ба аккредитатсияи байналмилалӣ аз рӯи стандарти ISO/IEC 17025:2019 тибқи дархости роҳбарият аз 14 то 17 моҳи ноябри соли равон эксперти байналмилалӣ аз Пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии Олмон ҷаноби Манфред Киндлер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, ба аудиторони дохилии Тоҷикстандарт ва мутахассисони озмоишгоҳҳои андозагирии воситаҳои ченаки масса ва ҳарорат корҳои омӯзишӣ баргузор намуд.

Сараввал ҷаноби Манфред Киндлер бо роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт вохӯрда, мақсади ташрифи худро ба таври мушаххас баён намуд. Сипас, давоми як ҳафта, тибқи барнома, мутахассиси олмонӣ ба фаъолияти гурўҳи кории Агентӣ оид ба омодасозии озмоишгоҳҳои масса ва ҳарорат ба аккредитатсияи сатҳи байналмилалӣ аз наздик шинос шуда, ҳамзамон, аудиторони дохилии Агентиро бо мазмуну мундариҷаи стандарти байналмилалии ISO 19011 тариқи назариявӣ ва амалӣ шинос намуд.

Дар рафти шиносоӣ ба рафти омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии ду озмоишгоҳи номбаргардида, аз тарафи ҷаноби Манфред Киндлер як қатор камбудиҳо ошкор гардида, баҳри ислоҳи онҳо мавсуф тавсияҳои лозимӣ пешниҳод намуд.

Бояд қайд намуд, ки ташрифи мутахассиси олмонӣ ва тавсияҳои ӯ пеш аз дархостдиҳӣ ба Агентии аккредитатсионии Туркия "TÜRKAK" барои аккредитатсияи байналмилалӣ, ки аввали моҳи декабр ба нақша гирифта шудааст, барои боз ҳам беҳтар омодасозии озмоишгоҳҳои мазкур хело муфид ва саривақтӣ маҳсуб меёбад.