ХАБАРҲО

2022-11-18: ТАҶЛИЛИ ИДҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ

16 ноябр бо иштироки васеи кормандони Агентии Тоҷикстандарт бахшида ба Рӯзи Президенти кишвар ва таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Сараввал ба кормандон навори таърихии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Сипас, директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон иштирокчиёнро бо ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи сарнавиштсоз ва хизматҳои Пешвои миллат дар бақои давлату миллат ва обрӯю эътибори кишвар дар арсаи умумиҷаҳонӣ суханронӣ намуд.

Маъмурияти Агентӣ ва як қатор кормандон низ дар баромадҳои худ аз воқеаҳои нангину хунине, ки эҳтимоли парокандагии давлату миллатро ба вуҷуд оварда буд ва баъдан аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва саҳми арзандаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, рушду тараққиёт ва ободиҳои дар ин муддат амалигаштаро аз заҳматҳои тӯлониву масъулиятшиносии Сарвари давлат арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки ба зима доштани чунин як масъулият ва талошҳои мунтазам барои ҳифзи Ватан дар як давраи басо мушкилу хатарнок кори ҳар касе нест, вале Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо азму иродаи қавӣ ва ҳиссиёти баланди меҳанпарастӣ тамоми вазниниро ба душ гирифта хоки Тоҷикистон ва мардуми азияткашидаро аз оташи ҷангу навмедиҳо берун кашад.

Тавре баён гардид, саҳми пурарзиши Президенти кишвар пеш аз ҳама дар таъмини сулҳу суботи мамлакат ва оромии хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки зина ба зина то ба ин рӯзи неку равшан расида, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Ҳозирин иброз доштанд, ки муҳимтарин дастоварде, ки тоҷикон доро ҳастанд, яъне сулҳу амният, онро бояд чун гавҳараки чашми худ ҳифз карда, аз неъматҳои бемисли миллӣ баҳравар гарданд. Маҳз оромиву осудагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар хонадони тоҷик имкон медиҳад, ки дигар дастовардҳо низ дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаёт ва устувории пояҳои иқтисод пайваста ба миён ояд ва дар роҳи созандагиву ободонии Ватан минбаъд ҳар яки мо бо хираду андешаи солим ба қаҳрамонии Президенти мамлакат пайрав бошем. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ба анҷом расид.

Лозим ба зикр аст, ки чунин чорабиниҳои тантанавӣ дар марказҳои вилоятию минтақавии Агентӣ низ бо иштироки масъулони соҳа дар сатҳи баланд, баргузор гардиданд.