ХАБАРҲО

2022-10-11: Супоридани сертификатҳои байналмилалӣ ба ҶСП «ҶЖУНТАЙ-ДАНҒАРА СИН СИЛУ ТЕКСТИЛ»

Имрӯз, кормандони Агентии Тоҷикстандарт дар зери роҳбарии сардори Нозироти пахта ва пиллаи Агентии Тоҷикстандарт Аҳмадҷон Туманов ба корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин Ҷамъияти саҳомаи пушидаи «ҶЖУНТАЙ-ДАНҒАРА СИН СИЛУ ТЕКСТИЛ» барои супоридани сертификати байналмилалии ISO 9001:2015 ва ISO 14001:2015 сафарбар гардиданд.

Дар оғоз масъулони Агентӣ бо роҳбарият ва кормандони ширкат суҳбати хосса ороста, оид ба омилҳои рушду тараққӣ додани иқтисоди кишвар тавассути баланд бардоштани сифати молу маҳсулот ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар рафти кору фаъолият, инчунин, аҳмияти баланд доштани стандарти ISO дар сатҳи байналмилалӣ суханронӣ карданд. Баъдан дар ҳузури иштирокчиён Аҳмадҷон Туманов сертификтҳои мазкурро ба роҳбарияти ширкат тақдим намуд. Онҳо аз ҳамкорӣ бо Агентии Тоҷикстандарт изҳори қаноатмандӣ намуда барои дастгирӣ ва мусоидат дар корҳои сертификаткунонии ширкат минатдорӣ карданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ширкат барои гирифтани сертификати байналмилалии ISO худ ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намуда буд. Чан мудат пеш, дар асоси муроҷиати ширкат мутахассиси Агентӣ барои муайян намудани сатҳи омодагӣ барои гирифтани системаи менеҷменти сифат ва системаи менеҷменти экологӣ дар фаъолияти корхона омӯзиш гузаронид. Дар натиҷаи гузаронидани омӯзиш ва аудити корҳои сертифаткунонӣ СМС ва СМЭ дар корхона моҳияти стандартҳои мазкур ба пуррагӣ омӯзонида шуда, оид ба пешбурди корҳои системаи менеҷменти сифат ва системаи менеҷменти экологӣ дар фаъолияти корхона гурӯҳи корӣ вобаста ба назорати он таъсис дода шуд, ҳамчунин, мутахассиси Агентӣ бо онҳо низ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

Бояд қайд намуд, ки ба роҳ мондани кору фаъолият дар корхонаҳои ватанӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба монанди ISO 9000 ва HACCP яке аз омилҳои асосии роҳ ёфтани истеҳсолгарон ба бозорҳои кишварҳои тараққикарда аст. Имрӯз дар кишвар шумораи корхонаи истеҳсолӣ ва нуқтаҳои маишиву хизматрасонии дорои сертификати байналмилалӣ кам нестанд. Онҳо аз қадамҳои нахустини кор дар истеҳсолот ва то ба дасти истеъмокунанда расонидани маҳсулот тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ кору фаъолият мекунанд.

Таҷриба нишон додааст, ки тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизмтарасону маишии давлатҳои мутараққии олам барои ҷалби бештари мизоҷон ва рақобатпазир кардани молу маҳсулоту хизматарсонӣ тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ кору фаъолияташонро ба роҳ монда ба мувафаққият ноил гардидаанд. Имрӯз тақозои замон аст, ки соҳибкорони ватанӣ ҳам фаъолияти худро бо истифода аз стандартҳои байналмилалӣ самаранок карда, молу маҳсулоти сифатан ҷавобгӯ, бехатар, ва ба содирот рақобатпазирро истеҳсол намоянд.