ХАБАРҲО

2022-09-22: Маърифати баланд, омили пешгирии шомилшавї љавонон аз њама гуна гурўњњои ифротист

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон њамеша таъкид менамоянд, ки љавонон хонанд, илм омўзанд, фирефтаи њаргуна гурўњњои ифротї нагарданд. “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд

Љавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеаи мо мебошанд. Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.

Яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад. Имрӯз мо бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри Ватан - Модар бирасем ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоем.

Дар баробари ин, ҳар як падару модар бояд бохабар бошанд, ки он фарзандоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷӣ кишвар ќарор доранд, шароити буду бошашон чї гунааст, чї њолу чї вазъият доранд, аз онҳо зиёд талаби пулу мол накунанд, зеро ин омил ҷавононро маҷбур месозад, ки даст ба кирдорҳои ношоиста бизананд. Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд.

Њамчунин, бархе љавононе њастанд, ки ба љои мутолиаи китоб ва омўзиши касбу њунар ба ваъдаҳои гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна бовар карда, шомили онҳо шуда боиси нооромии волидони худ мегарданд. Ин, албатта, сулҳу суботи ҷомеаи кишварамонро халалдор месозад.

Мутаассифона душманони дохилию хориҷии халқи тоҷик бо ҳар гуна роҳ мехоҳанд сулҳу субот ва оромиро дар кишварамон халалдор созанд, барои роҳ надодан ба ин бояд ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси ватандӯст кӯшиш ба харҷ диҳад.

Шомилшавии ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгаро имрӯз низ ташвишовар аст. Сабабҳои асосии шомилшавии онҳо ба ин гурӯҳҳо маърифати пасти илмию маънавӣ дуруст сарфаҳм нарафтан ба аҳкоми шариати исломӣ, ҷустуҷӯи роҳи осони маблағи зиёд ба даст овардан, аз тарбияи волидон дур мондани фарзандон, ба ҷои мутолиаи китоб, вақти худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ сарф кардани ҷавонон мебошад.

Њукумати кишвар шароити хуби илмомӯзиро дар ватани азизамон муҳайё кардааст. Љавонони моро мебояд, ру ба илму дониш ва касбу њунарњои муосир биоранд. Ба ин васила метавонанд дар оянда барои худ як зиндагии хубу арзанда муњайё созанд.

Дар баробари ин моро зарур аст, ки ба қадри озодӣ, тинҷию оромӣ ва Истиқлолияти давлатӣ расида, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбубамон талош кунем. Чи гунае, ки Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд”.

Дар таќвият ба суханони Пешвои миллат моро мебояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастии худ, ҳамеша бо ҳама гурӯҳҳо ва ҳаракатҳое, ки ба зиндагии осоиштаи сокинон ва рушду тараққиёти кишвари азизамон халал ворид месозанд, мубориза бурда, барои устувории сулҳу субот ва амнияту тартиботи кишвар сањми арзандаи худро гузорем.

Њамзамон, бояд ќайд кард, ки роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгаро баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон бо роҳи тарғиби дастовардҳои илмию фарҳангӣ, дуруст ба роҳ мондани тарбия бо фаъолияти якҷояи волидону муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, таҳти назорати қатъи гирифтани марказҳои интернетӣ, ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани ҷавонон ва дигар тадбирҳои тарбиявӣ мебошанд.

Ањмадљон Туманов,

сардори Нозироти пахта ва пиллаи Агентии Тољикстандарт