ХАБАРҲО
2022-07-24: Ҷаласаи ҷашнии Шӯрои байнидавлатӣ
13 - 14 июли соли 2022 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 61-умин ҷаласаи ҷашнии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи 30 - солагии таъсисёбии Шӯрои мазкур, баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзо, аз ҷумла, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Бюро оид ба стандартҳои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, инчунин, намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ ва дигар давлатҳо ширкат доштанд.
Дар доираи ҷаласаи 61-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ба ғолибони озмун оид ба дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ҷоизаҳо супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2021 дар натиҷаи амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ мутахассисон барои иштироки корхонаҳои саноатии кишвар дар озмуни дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ мусоидат намуданд. Чунончӣ, бо мусоидати бевоситаи мутахассисон дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ - ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум» барои иштирок дар озмуни мазкур омода карда шуданд. Озмун дар ду давр гузаронида шуда, ғолибони он дар ҷаласаи навбатии Шӯро муайян гардида, корхонаҳои мазкур ғолиби озмун дониста шуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон ҶДММ «Ҷавонӣ» ба ҷоизаи «Лауреати озмун» ва ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум» ба ҷоизаи «Дипломанти озмун» сазовор дониста шуданд.
Илова бар ин, дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба рушди стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия барои баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда, бартараф намудани монеањои техникӣ дар савдои байни давлатҳои аъзои ИДМ, баррасии фаъолияти комиссияҳои илмӣ – техникӣ ва тақвият додани робитаҳои илмӣ-техникӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, дар ин раванд намояндагони мақомоти минтақавии соҳавӣ, ҳамчунин, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба такмил додани ҳамкориҳо изҳор намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси аъзои Шӯро – муовини якуми директори Агентӣ Мирзоён Р. дар самти муаррифии ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2022-2026, мусоидат барои бемонеа баровардани молу маҳсулот ба бозори давлатҳои ИДМ, дастгирии истеҳсолкунандагон ҷиҳати рақобатпазирии маҳсулот, ҳамоҳангсозии стандартҳо, такмили низоми аккредитатсия, ҳамчунин, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахассисон ва табодули таҷрибаи пешқадам изҳори ақида намуд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аз тарафи аъзоёни ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, протоколи ҷаласаи 61-уми ШБД ба имзо расид.
Айни замон бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ дар самти баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти содиротӣ ва рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз тарафи Агентӣ дар доираи ҳамкориҳо бо давлатҳои аъзои Шӯрои байнидавлатӣ якчанд тадбирҳо, аз ҷумла ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ идома дода шуда истодааст ва ин ба корхонаҳои ватанӣ барои истеҳсоли молу маҳсулоти босифату рақобатпазир ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин, дар амалӣ гардидани саноатикунонии кишвар мусоидат менамояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо, рушди соҳаи стандартонӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротии рақобатпазир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина мегузорад.
















