ХАБАРҲО

2018-03-08: Таҷлили Рўзи модар дар Тоҷикстандарт

 

Имрўз дар Агентии Тољикстандарт љамъомади тантанавї бахшида ба Рўзи модар доир гардид, ки дар он дар баробари кормандони Агентї инчунин 13 нафар занони собиќадорони мењнат ва нафаќахўрон, ки дар рушди соња сањмгузоранд, иштирок доштанд.

Љамъомадро бо сухани табрикотї директори Агентї Давлатзода Ќудрат оѓоз намуда, аз љумла ќайд кард, ки беҳтарин орзу ва таманниёте, ки инсонҳо дар замирашон мепарваранд, ин арзу эҳтирому садоқат ба шахсияти Зан-Модар аст. Хело рамзист, ки Рӯзи модар чун падидаи иљтимоию таърихї ва фарҳангї аз фарорасии рўзи наву рўзгори нек мужда мерасонад.

Басо гуворост, ки дар љумҳурии мо бо ташаббуси Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон мавқеъ ва нуфузи занону духтарон-таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва камолоти касбию сиёсии онҳо баланд бардошта шудааст ва имрӯз бонувони тоҷик дар пешбурди њаёти љомеа сањми назаррас мегузоранд, -  таъкид намуд,  Ќ.Давлатзода.

Дар охир, бонувони Агентї бо Ифтихорномаву мукофотњо ќадрдонї шуда, инчунин ба ѓолибони мусобиќаи варзишии шашкабозї, ки дар арафаи Рўзи модар байни занон баргузор гардида буд, љоизањои Агентї супорида шуданд.