ХАБАРҲО
2022-04-01: Зан - меҳвари ҳастии башарият
Боиси ифтихор аст, ки модарону занон ва бонувони кишвари мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.
Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат - ҷашни фархундаи Рӯзи Модар фаро мерасад. Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад. Яъне, дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накукорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубон мебошад.
Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд. Яъне, дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеи занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, азму ирода ва масъулиятшиносии занону модаронро ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд нисбати мутахассисони ҷавон, ба хусус духтарону бонувони ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, тамоми шароиту имконият барои фаъолияти корӣ ва такмили ихтисоси онҳо фароҳам оварда шудааст.
Хушбахтона бо дастгирии директори Агентии Тоҷикстандарт ва ташаббусҳои созандаи он, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат маншаъ мегиранд, имрўз дар ин коргоњ фазои мусоид ва шароити хуб корї фароњам оварда шудааст. Вобаста ба ин моро мебояд, ки дар иљрои уњдадорињои худ масъулиятшинос бошем. Њамчунин, кӯшиш мекунем бо амалҳои шоиста ва рафтори намунавӣ рисолати касбии худро содиқона иҷро намуда, баҳри пешрафти кишвари азизамон саҳми хешро гузорем.
Мавлуда Ҳакимова,
мутахассиси озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока
ва кишоварзии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд