ХАБАРҲО
2022-04-01: Ғизои солим кафолати тани солим аст
Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода кӯшидаанд, ки занон дар ҷомеа пешсаф бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбия ёбанд. Ин арзиш асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад.
Метавон қайд кард, ки маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад. Агар модар китобхон, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ мепарваранд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Ин рисолати бузургест.
Занҳои тоҷик, инчунин, дар таъмини оила бо ғизои солим саҳми арзанда доранд. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ба уҳдаи зан дар оила асоси таъмини ғизо вогузор шудааст. Интихоб ва таҳияи ғизо бошад, кори хеле муҳим ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ омили аз рӯи аҳамият аввалине, ки ба саломатӣ ва некўаҳволии аҳолӣ таъсир мерасонад, ғизо мебошад. Мутаассифона ҳоло вайроншавии мубодилаи ғизо, аз ҷумла, норасоии ғизо, нокифоягии микронутриентҳо, вазни барзиёди бадан ва фарбеҳӣ, инчунин, бемориҳои ғайрисироятии (бемориҳои дил, диабети қанд, бемории саратон) бо ғизои носолим асоснокшуда боиси талафоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ барои одамон, оила, ҷамоат ва давлатҳои алоҳида мегардад.
Зимнан, 15 марти ҳар сол дар дунё ҳамчун Рӯзи байналхалқии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда таҷлил мегардад. Соли равон ташаббускорони ин ҷашн тасмим гирифтанд, ки ба масъалаи муҳим будани ғизои солим таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Ҳанӯз чанд сол қабл Стратегияи ҷаҳоние тарҳрезӣ шуда буд, ки ба беҳтар намудани фарҳанги ғизоии мардум, баландтар бурдани аҳамияти зиндагии дуруст ва фаъоли одамон равона шуда буд. Мутаассифона, солҳои пешин на ҳамаи нуктаҳои ин барнома риоя шуданд. Аз ин хотир ба бемориҳои фарбеҳшавӣ, касалии қанд, зиёд шудани холестерин дар хун ва фишорбаландӣ гирифтор шудани аҳолӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ ин бемориҳо аксар аз риоя накардани реҷаи истеъмоли ғизо хуруҷ мекунанд. Истеъмоли бемаҳдуд ва пайвастаи хӯрокҳои серғизо, аз қабили гӯшт, маҳсулоти хамирӣ, шириниҳо ва ғайра сабабгори ин бемориҳо мегарданд. Имрӯз бемориҳои дилу рагҳо, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, диабети қанд миёни занҳо низ зиёданд.
Мутобиқи дастур ва талаботи муқаррарӣ ҳар оила бояд ҳафтае 15 кг маҳсулоти тару тозаи меваю сабзавотро истеъмол намояд. Умуман, ғизои солим кафолати тани солим аст.
Ҳамчунин, равоншиносон маълум кардаанд, ки занҳо харидорӣ кардан аз мағозаву бозорҳоро дӯст медоранд. Аз ин рӯ, маҳз онҳо бояд ҳангоми харид ба сифату махсусиятҳои маҳсулот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоянд. Маҳсулотро муқоиса кунанд, аз фурӯшанда вобаста ба сифату махсусиятҳои маҳсулот пурсанд. Ин кори хеле ҷиддӣ ҳам ҳаст. Зеро ғизои асосии хонаводаҳо аз маҳсулоте тайёр мешаванд, ки аз бозору дӯконҳо мехарем.
Мутаассифона саводи ҳуқуқиву фарҳангии на ҳамаи занҳо ба дараҷаест, ки ҳангоми хариди маҳсулот бояд дошта бошанд. Аксари истеъмолкунандагон дар интихобу хариди молу маҳсулот, хоҳ хӯрокворӣ бошад, хоҳ ғайри он ба саҳлангориву саросемагӣ роҳ медиҳанд ва дар истифодаи молу маҳсулот иштибоҳ менамоянд. Дастури пешниҳоднамудаи соҳиби молро дуруст намехонанд ва шефтаи ороишоти қуттиҳову расмҳои тарғиботии он гардида, аз фурӯшанда чеки хазинаро талаб намекунанд.
Аз ин ҳолат савдогарони бевиҷдон сӯйистифода карда, ба харидорон маҳсулоти бесифат ва баъзан зараровари худро “бор” мекунанд. Дуруст аст, ки раванди шикояти мардум аз болои чунин савдогарони беинсоф рӯз ба рӯз меафзояд, вале гуфтан душвор аст, ки он қонеъкунанда бошад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба хотири ҳифзи сиҳатии генофонди миллати тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногун қабул ва роҳандозӣ гардида, сол то сол дастоварду муваффақият дар ин самт ба мушоҳида мерасад. Соли равон низ Пешвои миллат, Президенти мамлакат мамлакат зимни баррасии Паёми солонаи хеш оид ба беҳсозии вазъи ғизову саломатии аҳли ҷомеа ёдовар шуда, барои пешгирии воридоти маводҳои пастсифату зиёновар ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Миёни мардум тайёр кардани хӯришҳо аз меваю сабзавот маъмул аст ва ин амалро аксари занон дар хона анҷом медиҳанд. Аммо баъзан аз сабаби риоя накардани қоидаҳои муҳими тайёр кардани хӯриш дар зарфҳо одамон заҳролуд мешаванд, ки ин бемориро ботулизм меноманд. Барангезандаи ин беморӣ дар таркиби хок мавҷуд аст ва агар меваю сабзавотро дуруст тоза накарда, хӯриш омода кунанд, имкони заҳролуд гаштани хӯриш ба миён меояд, вале на ҳама занҳо қоидаҳои маҳкам кардани зарфҳоро риоя мекунанд. Сабаби дигари гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳ доштани хӯрокворӣ аст. Маводи ғизоӣ бояд дар зарфҳои махсус дар ҷойи мувофиқ нигоҳ дошта шавад. Болои зарф ҳатман бояд пӯшида бошад ва агар ғизои шабро дар ҷойи номувофиқ нигоҳ дорему баъд истеъмол кунем, хатари сироятёбӣ бештар мегардад.
Аз ҳама муҳимаш бояд дар назар гирифт, ки шояд дар олам кам миллатҳое ёфт шаванд, ки чун тоҷикон таомҳои лазизу фоидабахш дошта бошанд. Аммо бархе аз занҳои муосир ба хӯрокҳои нимтайёри зараровар майл дошта, барои осонии кор аз онҳо фаровон истифода мебаранд, ки боиси таассуф аст. Солҳои қабл байни бонувони деҳот як навъ сабқат дар тайёр намудани хӯроку нонҳои ҳархела мерафт ва тамоми деҳа медонистанд, ки кадом зан оши буридаро мисли ришта мебураду чаппотию кулча ё фатири кадоме хушмазаву калон аст? Аз рӯи мушоҳидаҳоямон мебинем, ки ҳатто дар деҳот ҳам занон беҳавсала шудаанду ба ҷойи оши борик ё угрои маъмулӣ макаронҳои бемаззаи хитоиро истифода мекунанд. Пас чаро модарон имрӯз барои фарзандонашон маводи хӯроквории асилу судмандро, ки тайёр карданаш заҳмати зиёде наметалабад, пухта пешниҳод накарда, баръакс, пул додаю ба буҷаи хона ва сиҳатии аҳли оила зарар расонида, беморӣ мехаранд?
Ғизо дар он ҳолат солим ба ҳисоб меравад, ки аз ҳама намуд барангезандаҳои сирояткунанда ва заҳролудкунанда эмин бошад. Барои эмин нигоҳ доштани хӯрокворӣ пеш аз ҳама маълумоти хуб бояд дошт. Ин маълумотро бонувон, ки таҳиякунандаи асосии ғизои аҳли оилаанд, бояд дуруст донанд.
Малоҳат Зайниддинова,
сардори шуъбаи умумї