ХАБАРҲО

2022-04-01: Ба хотири харидорӣ накардани моли  сифатан номатлуб чанд маслиҳатро пешкашатон месозем

Ба хотири харидорї накардани моли

 сифатан номатлуб чанд маслињатро пешкашатон месозем

1. Пеш аз харидани маводи озуќа маълумоти дар таѓмакоѓаз овардашударо бодиќќат хонда бароед ва ба ному суроѓаи истењсолкунанда, номи мањсулот, таркиби он, шароити нигањдошт ва муњлати истифода диќќат дињед.

Муњлати истифода - муњлатест, ки дар давоми он мавод, бо риояи расонидан, нигањдошт ва истеъмол бояд сифати худро нигоњ дошта бошад.

Баробари гузаштани муњлати истифода мавод бояд аз фурўш гирифта шавад, зеро истеъмоли он пас аз муњлати муайяншуда барои саломатии истеъмолкунандагон зараровар аст.

2. Маводи хўрока бояд дар шароити махсусе, ки дар борљома нишон дода шудааст, нигоњ дошта шавад.

3. Яклухтии борљомањои маводи ѓизоиро тафтиш кунед.

4. Аз харидории маводњои тезвайроншаванда (аз ќабили гўшт, моњї, шир ва ѓайрањо), ки дар шароити номусоид нигоњ доштаву фурўхта мешаванд, худдорї кунед.

5. Маводеро, ки фурўшанда бо дастони чиркин ва захмдор пешнињод мекунад, харидан мумкин нест.

6. Кӯшиш кунед, ки фурўшанда ба Шумо маводи интихобкардаатонро дињад. Њамчунин, дар ваќти бар кашидан ба тарозу ањамият дињед.

7. То њадди имкон маводи харидорї мекардагиатонро аз рӯи шакл, ранг, бўй ва мазза санљед.

8. Эњтимол аст дар таркиби маводи ѓизої маводњои иловагї љой дошта бошанд. Аз ин рў, ба навиштаљоти таѓмакоѓаз ё рўйпўши мањсулот ањамият дињед. Маводњои ба хўрокворї иловашуда (рангњо, консервантњо ва ѓ.), ки ба рўйхати Иттињоди Аврупо дохил карда шудаанд, бо њарфи «Е» ва пас аз он раќамњои 3-раќама ё 4-раќама ишора шудаанд. Мисол: консерванти Е200 (кислотаи сорбин). Раќами 200 ин раќами ба ќайд гирифташудаи кислотаи сорбин аз тарафи Комиссияи Кодекс Алиментариус мебошад. Номгўи ѓизоњои илова ба хӯрока дар доираи «Меъёр ва ќоидањои санитарї оид ба ѓизои иловагї» муайян карда мешавад.

Мадина ТОШЕВА,

сармутахассиси Нозироти савдо