ХАБАРҲО

2022-03-31: Рисолати касбӣ

                                           Рисолати касбї

 

Воқеан, ба синни нафақа расидан барои тамоми қишрҳои ҷомеа маънои саҳмгузорӣ ва хизмат ба ҷомеаву давлату миллатро ифода мекунад ва ин раванд бозгӯи он аст, ки шахсият дар давоми умр тавонистааст ба қадри тавон рисолати инсонию меҳнатии хешро ба ҷой оварад. Бо сари баланду дили гарм расидан ба ин қуллаи рўзгор барои инсонҳо бахти баланд аст. Зеро ашхосе, ки ин қулларо бо ифтихор фатҳ менамоянд, аз сари қулла ба пайраҳаву шоҳроҳи тайнамудаи хеш назар афканда гузаштаи худ ва кору пайкори чандинсолаашонро пеши назар меоваранд, ки ин нукта барои одамони устувору бурдбор хеле гуворо асту лаззати минбаъдаи ҳаётро фароҳам меоварад.

         Инак, ҳамкори муҳтараму муътабари мо Эмомалї Салимов аз ҳамин қабил ашхосанд. Мо ин санаи камолотро ба бародари азиз муборак гуфта, бо меҳру ихлос таманнои онро дорем, ки дар идомаи рӯзгор низ тансињату сарбаланду комгор, роњнамои ҷавонон ва ибрати наслҳои имрӯзу фардо бошанд.