ХАБАРҲО

2022-03-31: Ҳангоми харидани гўшт чиро бояд донист?

Њангоми харидани гўшт чиро бояд донист?

Гўшт тоза, яхкунонидашуда, шубҳанок ва вайрон буда метавонад. Муњлати истифодаи гўшт аз љониби истењсолкунанда муайян карда, дар тамѓакоѓаз ишора мегардад. Барои гўшти дар дўкону бозор буда, коѓази махсуси духтури њайвонот лозим аст, то он собиткунандаи санаи кушта шудани њайвон ва муњлати истифодаи он бошад.

Гўшти тоза бўи махсус дорад, ки хоси гўшти нав аст (њар як намуди њайвонот бўи махсуси худро дорад), ранги гўшт аз гулобї то сурхи сиёњранг буда, њангоми пора кардан каме намдор ва бедоѓ аст. Таркиби гўшт њангоми буридан бояд ба њам љафс бошад, дар ваќти бо панља онро зер кардан бояд чуќурї зуд бартараф гардад. Равѓани гўшт набояд бўи ѓализ ва нохуш дошта бошад.

Гўшти яхкунонидашуда дар яхдонњо бо њарорати -18 С нигоњ дошта мешавад. Агар дар дохили бастањои гўшти яхкунонидашуда яхпорањои обшудаистода пайдо шуда бошанд, ин нишонаи об кушодани гўшти яхї мебошад, ки дуруст нест.

Гӯшти яхкардашуда пас аз обшавї бояд тамъу маззаи гўшти тозаро дошта бошад. Об кардани яхи гўшти яхкунонидашуда вақте шурўъ мешавад, ки њарорати атроф нисбат ба њарорати обкунии гўшт 2-3 дараља баланд бошад. Њар ќадаре обшавии гўшт оњистатар ба амал ояд, њамон андоза сифати гўшт бењтар нигоњ дошта мешавад.

Гўшти аз ях тозакардаро њарчи зудтар пухтан лозим аст, вагарна шумо метавонед, бо истеъмоли чунин гўшт организми худрову дигаронро зањролуд кунед.

Гўште, ки тозагиву хушсифатии он шубњанок аст нишонањои аввали вайроншавиро дорост: болои он љо-љо намнокї дошта каме часпак ва тираранг аст. Ќабати чунин гўшт њангоми буридан обдор, сурхи серрранг, оби гўшт каме тираранг мешавад. Таркиби он чандон мустањкам набуда, бӯи каме ѓализ дорад, ки нишонаи вайроншавист. Равѓани он часпак ва љо-љо ранги кабудча дорад.

Гўшти вайроншуда аз шаклаш маълум аст, зеро рӯи онро луоби рангаш хокистарї ё пўпанакњо пўшонидаанд. Њангоми буридан таркиби он намнок, часпак буда, ранги сурхи ќањваранг дорад. Аз рўи гўшти яхаш обкардашуда бошад, оби ѓализи тирараг љорї мегардад, таркибаш пора-пора, бўяш бисёр турушу ѓализ аст. Равѓани чунин гўшт мулоим, ранги хокистарї дошта, бўи тезу ѓализ дорад.

Гўште, ки сифатнокиаш шубњанок аст, метавонад сабабгори пайдоиши беморињо, иншикофи микробњои касалиовар гардад. Агар гўшт намнок, часпак бошад ва њангоми онро зер кардан љои чуќурча зуд пур шуда ба њолати аввала бар нагардад, исботи он аст, ки гўшти њайвони бемор аст ва ё вайрон шудааст.

Гўшти гов дорои таркиби сахт ва сурхи серранг буда равѓани он сахту резонак мешавад. Гўшти гўсола аз он бо ранги нисбатан равшантар ва нозуктари худ фарќ карда хеле зудтар мепазад.

Гўшти мурѓ аз дигар намудњои гўшт бо сервитаминии худ фарќ мекунад. Гўшти људокардашуда, яъне гўште, ки дар алоњидагї печонда шудааст, бояд таѓмакоѓаз бо ишораи санаи тайёршавї ва муњлати истифода дошта бошад. Гўшти мурѓ бояд ранги якхела, бе нишонањои ранги кабуд ва хун дошта бошад.

Гўшти тозаи мурѓ ранги гулобии паст, бўи махсус дорад ва њангоми ќапидан ба даст намечаспад.

Мањсулоти гўштии алоњида печонидашуда зуд вайроншаванда мебошад, аз ин хотир онро дар њарорати на бештар аз – 5 С, бе яхкунонї нигоњ доштан лозим аст.

Мањсулоти гўштии дар алоњидагї печонидашуда чанд нишонае дорад, ки аз вайрон шудани он дарак медињад. Масалан: болопўши он ноњамвор ва часпак мешавад. Агар истењсолкунанда шартњои техникиро дуруст риоя накарда бошад, дар ќабати болоии гўшт доѓњои сабз пайдо мешаванд, ки ин аз сифати пасти мањсулот дарак медињад. Чунин мањсулотро истеъмол кардан мумкин нест, зеро ба саломатї зиёновар мебошад.

Азалшоњ Воњидов