ХАБАРҲО
2022-03-31: Дар вақти харидории пойафзол чиро бояд донист?
ТАВСИЯ
Пойафзол аз рўи истифодааш ба чунин гурўҳҳо ҷудо карда мешавад:
- ҳаррўза;
- барои роҳ;
- замонавӣ;
- барои истироҳати фаъол;
- хонагӣ.
Вобаста ба фаслҳои сол:
- тобистона;
- баҳору тирамоҳӣ;
- зимистона.
- ҳамешагӣ.
Пойафзоли њаррўза барои пўшидани ҳамарўза лозим аст.
Пойафзоли замонавӣ ё мўдӣ барои як муддати кўтоҳ пешбинӣ шудааст ва онро ҳангоми ҷашну тантанаҳо мепўшанд.
Пойафзоли хонагӣ – барои хонапўшӣ.
Пойафзол барои роҳ як муддати кўтоҳ дар роҳ лозим меояд.
Пойафзол барои истироҳати фаъол - ҳангоми сайру гашт, истироҳат ва варзиш, пўшида мешавад.
Рўи пойафзол аз чармҳои аслӣ, сунъӣ, синтетикӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, инчунин, аз омехтаи ҳамаи ин маводҳо тайёр карда мешавад.
Қисми поёнии пойафзолро аз чармҳои аслӣ, сунъӣ, резин, пластмасс, маводи термопластикӣ, чўб ва дигар маҳсулот тайёр мекунанд.
Нишонаҳое, ки дар пойафзол ҷой дода мешаванд, аз кадом маҳсулот тайёр шудани онро ифода мекунанд. Масалан:
- чарми аслӣ;
- чарми сунъӣ ё синтетикӣ;
- маводи нассоҷӣ (текстилӣ).
Нишоне, ки дар сафи аввал аст (аз боло ба поён, аз чап ба рост) ифодагари маснуоти қисми болоии пойафзол, нишони дуввум баёнгари қисми дохилӣ ва нишони сеюм нишондиҳандаи қисми поёнии пойафзол аст.
Муҳлати кафолат вобаста ба навъи пешбинишуда ва ашёе, ки қисми поёнии пойафзол аз он тайёр шудааст, аз рўзи ба таври чакана фурўхта шуданаш, ҳисоб карда мешавад.
Барои пойафзоли ҳаррўзаи қисми поёнаш аз:
- чарм - 40 рўз;
- чарм ва зерпўши резинӣ - 45 рўз;
- нахҳои чармӣ, резини махсус, поливинихлорид (ПВХ) - 60 рўз.
Барои пойафзоли замонавии қисми поёнаш аз:
- чарм - 50 рўз;
- нахҳои аслии чармӣ - 70 рўз;
- резини ковок, полиуретин, маводи термопластикӣ - 80 рўз
аз вақти харид, муҳлати кафолат муайян карда мешавад.
Барои пойафзоли хонагӣ, ки зерпӯши он аз:
- чарм, чарми сунъӣ ва ё синтетикӣ иборат аст, муҳлати кафолат 40 рўз;
- тамоми навъҳои дигари пойафзоли занонаву мардона - 60 ва кўдакона 35 рўз кафолат доранд.
Ҳангоми интихоб ва истифодаи пойафзол ба қоидаҳои зерин ањамият додан лозим аст:
- пойафзол бояд чени пой интихоб карда шавад (рўи пойро зер накунад);
- дар ҳолати гузоштани пойафзоли пошнабаланд дар ҷои ҳамвор пошнаи он бояд ба замин ҷафс истода бошад, ки ин аз дурустии сохти пошна дарак медиҳад;
- пошна бояд мустаҳкам бошад.
Ҳангоми роҳгардӣ пой набояд тоб хўрад ва ё лағжад (ба хусус бо пойафзоли тобистона). Ҳангоми истифода пойафзол доимо дар зери таъсири об, чанг, худи пой қарор дорад ва аз ин хотир онро эҳтиёт бояд кард. Дар натиҷаи бо эҳтиёт нигоҳ доштан пойафзоли Шумо ҳуснашро гум накарда, бароятон бештар хизмат мекунад.
Ҳангоми истифодаи пойафзол ба шартҳои зерин риоя кунед:
- пойафзолро аз чангу хок тоза карда, агар тар бошад хушконидан лозим аст;
- пойафзолро дар рўи гармкунакҳо хушконидан мумкин нест, зеро пас аз он чарм сифати худро гум мекунад;
- пеш аз хушконидан ба дохили пойафзол маводеро (маслан коғаз) гузошта, онро дар ҳарорати хона хушконидан лозим аст. Чунин маводе, ки қобилияти обчиниро дорад, нами пойафзолро ба худ гирифта, шакли онро бетағир нигоҳ медорад.
Истифодаи пойафзоли хурд, ба хусус варзишӣ ва бофташуда, ки барои истифодаи ҳаррўза дар ҷойҳои дурушт (асфалт, бетон) пешниҳод шудааст, сабабгори иллати кафи пой шуда метавонад.
Пошна барои пойафзоли кўдакона ҳатмист, зеро он ба шаклгирии кафи пой мусоидат карда, онро аз осебҳо нигоҳ медорад.
Пойафзоли бепошна танҳо барои кўдакони то яксола тавсия дода мешавад.
Баландии пошна барои кӯдакони синни томактабӣ (1-7 сола) 5-10 мм, барои наврасони 8-12 сола на бештар аз 20 мм, барои мактабиёни 13-17 сола: писарон - то 30 мм, духтарон - то 40 мм, бояд бошад.
Ҷои муҳими қисми болоии пойафзол пушти пой аст, ки қолаби пушти пойро нигоҳ дошта онро аз вайроншавии шакл нигоҳ медорад.
Қисми босифати пушти пойафзол ба лағжиши кафи пой монеъ шуда бо ин роҳ кўдаконро аз нуқсони кафи пой эмин медорад. Аз ин рў, пўшидани пойафзоли бепушт танҳо пас аз 11 солагӣ иҷозат дода мешавад.
Пойафзоли кўдакона бояд банди мустаҳкам ва дилпур (аз қабили риштабанд, қиш, қулфбанданҳои оҳанину пластмасӣ) дошта бошад ва ба роҳгардии кўдак халал нарасонад.
Пойафзолҳои кушодаи бебанд (навъи «киштича») ба кўдакони синни томактабӣ иҷозат дода намешаванд, зеро чунин шакли пойафзол ба шаклгирии дурусти гӯшти пошнаи пой ва гардиши хун монеъ мешавад.
Тањияи
Њилолиддин РУЊУЛЛОЕВ,
ёрдамчии директории Агентии Тољикстандарт