ХАБАРҲО
2022-03-31: Дар партави Паём Пешгирии ҷавонон аз гурўҳҳои ифротӣ
Тавре ки маълум аст, яке аз масъалаҳои муњими замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм-тундгарої, ифротгарої ва даҳшатафканї -терроризм ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои љаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ҳастаиро ба миён овардааст.
Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурўҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи љалби пинҳонї ва тадриљан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динї зоҳир мегарданд. Намояндагони гурўҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо љавононе кор мекунанд, ки таљрибаи кофии рўзгор надоранд, донишҳои дунявї ва диниашон паст буда, дар зиндагї бо мушкилоте, чун бекорї, муҳољират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо дарназардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди љалбшаванда, тадриљан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд.
Одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Сабабу омилҳои гаронии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ паст будани сатҳи огоҳии ҷавонон аз мазун ва моҳияти дини мубини Ислом, коҳиши асосҳои ахлоқӣ аст. Зеро имрӯз тероризм бо ниятҳои нопоки худ ва бо хусусиятҳои нави худ бо истифода аз дину мазҳабҳо таҳдид дорад.
Аксаран мардуми мо барои кор зиёдттар ба муњољират мераванд, хусусан љавононе ба ин гурўњњо шомил мегарданд, ки бархе аз онњо дониши кофї ва дарки амиќи зиндагї надоранд. Барои ҷалб кардани ҷавонон бештар аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Шомилшавии баъзе аз ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо боиси нооромии ҷомеа мегардад.
Терроризм ва ифротгароӣ раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, ҳамчун падидаи номатлуб ва проблемаи байналмилалӣ зуҳур кардааст. Имрӯзҳо терроризм бештар дар давлатҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Покистон, Нигерия ва Сомалӣ мушоҳида гардида, онҳо амалҳои даҳшатбореро ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷаи чунин кирдорҳо даҳҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии ин гуна ҳаракатҳо танҳо ва танҳо халалдор кардани оромӣ ва вайрону валангор намудани тамоми арзишҳои фарҳангӣ мебошад.
Тавре ки мо шоњиди њолем, кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароӣ осеб дидаанд, дар он қаҳтию гуруснагӣ ва баъзе бемориҳои сирояткунанда ба вуҷуд омадааст, ки ҷони садҳо ва ҳазорҳо инсонҳоро мерабоянд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳои нопоки худ рӯз аз рӯз терроризм ва ифротгароӣ домани худро фарох намуда, хатари он давлатҳои зиёди ҷаҳонро таҳдид менамояд.
Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта чунин падидаи манфурро пушти сар намуд, ки то ба ҳол хотироти талхи он замон дар қалби халқи мо боқӣ мондааст. Ин њамаро намояндагони худи гурўњњои ифротї ва људоиандоз роњандозї карданд. Бо вуљуди он, ки чї ќадар харобињо ба вуљуд оварданду чї ќадар љонњоро ќурбон намуданд, вале натавонистанд ба маќсади нопоки худ бирасанд.
Шукри Худованд ва вањдату якдилї, ки имрўз мо ба як кишвари ободу зебо ва амну осоишата расидем, ки ин њама бо зањмату љонфидоии халќи азизамон дар зери роњбарии Пешвои миллат, муњтарм Эмомалї Рањмон ба мо муяссар гардидааст.
Дар шароити замони муосир ҳар як ҷавони ҳушмандро зарур аст, ки дарки баланди сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошад, то ба доми ин гуна гурўњњои тунгару људоихоњ наафтанд. Ҷавонони мо бояд аз шинохти арзишҳои инсонӣ ва миллӣ дар ҳаёту зиндагӣ ошноӣ пайдо намуда, фирефтаи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нагарданд. Зеро онҳо насли ҷавонро ба воситаи ақидаҳои исломӣ ва ба ҳар роҳу воситаҳо таблиғу ташвиқ менамоянд ва маҳз шахсони аз илму дониш бехабар тез ба ваъдаҳои ширини фарҷоми талхдоштаи онҳо фирефта гардида, ҳаёти ширини худро зери хатар мегузоранд. Бояд гуфт, ки истифода аз қувваи ҷавонон барои онҳо хело манфиатбор буда, ин қишри ҷомеаро ба худ ҷалб менамоянд.
Терроризм даҳшатбортарин ва нангинтарин амал, яъне қатлу кушторро нисбати занону духтарон, тифлон ва аъзоёни гуногуни ҷомеа, инчунин, куштори бузургтарин олиҳа, офарандаи ҳаёту зиндагӣ “Модар” анҷом медиҳанд. Бинобар ин алайҳи чунин мушкилоти ҷомеа муборизаи дастаҷамъӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ доштан лозим аст. Пешвои миллати мо нисбати хатарҳои терроризм ва эстремизм дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Ҳарчанд як қатор созмонҳову ташкилотҳои байналхалқӣ барои рафъи ин мушкилӣ ва ё “вабои аср” талош меварзанд, вале ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ натавонистаанд, ки дар ин роҳ муваффақ бошанд. Бо ҳамин мақсад танҳо тавассути ташаккул додани маърифати ҳуқуқӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии насли ҷавон мумкин аст, ки садди роҳи паҳншавии ин “вабои аср” гирифта шавад.
Њукумати кишвар шароити хуби илмомӯзиро дар ватани азизамон муҳайё кардааст. Љавонони моро мебояд, ру ба илму дониш ва касбу њунарњои муосир биоранд. Ба ин васила метавонанд дар оянда барои худ як зиндагии хубу арзанда муњайё созанд.
Дар баробари ин моро зарур аст, ки ба қадри озодӣ, тинҷию оромӣ ва Истиқлолияти давлатӣ расида, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбубамон талош кунем. Чи гунае, ки Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд”.
Дар таќвият ба суханони Пешвои миллат моро мебояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастии худ, ҳамеша бо ҳама гурӯҳҳо ва ҳаракатҳое, ки ба зиндагии осоиштаи сокинон ва рушду тараққиёти кишвари азизамон халал ворид месозанд, мубориза бурда, барои устувории сулҳу субот ва амнияту тартиботи кишвар сањми арзандаи худро гузорем.
Њабибулло Ѓуломзода,
сардори Раёсати корњо ва
њуќуќи Агентии Тољикстандарт