ХАБАРҲО

2017-03-10: Дар вохўрї бо истењсолкунандагони мањсулоти дўзандагї масъалањои муњим баррасї гардиданд

10.03.2017: Дар вохўрї бо истењсолкунандагони мањсулоти дўзандагї масъалањои муњим баррасї гардиданд

Дар Агентии Тољикстандарт бо иштироки истењсолкунандагони мањсулоти дўзандагї ва намояндагони вазорату идорањои дахлдори соња дар мавзўи баррасии вазъи истењсоли маводњои дўзандагї аз ќабили сару либоси мактабї,мањсулотњои таъиноти кўдакон ва наврасон, парчами давлатї, либоси њарбї ва баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии мањсулоти мазкур семинар – машварат баргузор гардид. Дар оѓози семинар, нахуст масъулини Агентии Тољикстандарт оид ба вазъи корхонањои дар ин самт фаъолиятдошта, ќабули санадњои меъёрї-техникии нав дар соња ва риояи талаботи онњо, инчунин ќаноатбахш набудани сифати либосњои истењсоли ватанї изњори назар намуданд. Њамзамон оиди масъалаи семинар фикру мулоњизањои соњибкорон, шунида шуда, мутахассисони соња нисбати пешбурди босифати кор таклифу пешнињодњои худро манзур намуданд. Аз љумла, пешнињод гардид, ки барои истењсоли мањсулоти босифат дар баробари истифода аз таљњизоти замонавї ва љалби мутахассисони соњибкасб, инчунин дар корхонањо таъсис додани шуъбаи санљиши техникї ва озмоишгоњњо аз рўи имконият зарурат дорад, то ин ки назорати дохилї ва ташхиси мањсулоти корхорхонањо ба танзим дароварда шавад.

Баргузории чунин вохўрињо боз як иќдоме дар самти бењтар намудани сифати молу мањсулоти ватанї буда, дар маљмуъ ба пешрафти босамари фаъолияти корхонањо ва дар ин замина барои сањми муносиб гузоштан дар рушди иќтисодиёти кишвар замина мегузорад.