ХАБАРҲО

2022-02-14: Назорат ва ҳимояи бозори истеъмолӣ

Њадаф: назорат ва њимояи бозори истеъмолї

         Воќеан, солимии мардум аз бисёр ҷиҳат ба чораҳои пешакии ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти пастсифату зарарнок ва ба саломатии мардум хатарнок вобастагии калон дорад ва фурўшандаро зарур аст, ки хизматрасонии мутобиќ ба талаботи меъёрњоро риоя намояд. Масъалаи њифзи бозори истеъмолии мамлакат ва њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон дар мадди аввали фаъолияти кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ќарор дошта, дар самти пешгирии фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ аз љониби маќомот њамасола корњои назаррас ба анљом расонида мешавад.

Агентии Тољикстандарт дар самти назорати бозори истеъмолї татбиќи њуљљатњои меъёрии техникии талаботашон њатмї, яъне регламентњои техникии Љумњурии Тољикистонро ба роњ мондааст ва ин амал барои ба танзим даровардани бозори истеъмолї мусоидат менамояд. Дар ин давра назорати бозори истеъмолї пурзўр карда шуда, љињати њимояи он аз воридоти молу мањсулоти пастсифат ва хатарнок чорањои зарурї андешида шуданд.

Дар ин робита давоми соли 2021 дар натиљаи гузаронидани назорати давлатї ба миќдори 438 779 кг мањсулоти гуногуни ба талабот љавобгўй набуда, ба ќайд гирифта шудааст, ки як ќисми ин мањсулот аз љињати бехатарї ва ќисми дигари он аз рўи тамѓагузорї дар борљомаашон ба талабот љавобгўй набуданд.

Дар ин давра вобаста ба талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санљиши фаъолияти субъектњои хољагидор» бо маќсади таъмини риояи њуќуќњои истеъмолкунадагон ва њимояи бозори истеъмолї оид ба воридшавии мањсулоти ѓайристандартї аз тарафи нозирон дар њудуди љумњурї дар 8285 субъекти хољагидор санљиш ва назорати ќоидањои савдо гузаронида шуд.

Дар самти таъмини риояи ќонунгузории соњаи моликияти зењнї ва дар ин замина таъмини риояи њуќуќи истеъмолкунандагон аз тарафи нозирон якљоя бо намояндагони ширкатњое, ки тамѓаи молии њимояшудаи онњо дар бозори истеъмолї аз тарафи дигар соњибкорон истифода шудааст, санљишњо амалї карда шуд. Дар ин давра ба Агентии Тољикстандарт аз тарафи ЉДММ «Кока Кола Нўшокињои Тољикистон» (нўшокињои ташнагишикан), ЉДММ «Текмаксан» (ранги сохтмонї), ЉДММ «Сардор-2008» (донаи офтобпараст), ЉДММ «Адана» (шири хушк), соњибкори инфиродї Абдурауфов Р. (халтањои полиэтиленї) ва Давлатов С. (ранги сохтмонии «Алван») аризањо оид ба њимояи тамѓаи молии онњо ворид гардиданд. Бояд ќайд кард, ки дар нуќтањои савдо ва бозорњои љумњурї санљишњо гузаронида шуда, тибќи тартиби муќарраргардида нисбати соњибкороне, ки ба ќонуншиканї дар соњаи моликияти зењнї роњ доданд парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї тартиб дода шуд. Инчунин, бо маќсади пешгирї дар самти сохтакории молњои саноатї, истифодабарии тамѓањои молї ва умуман назорати ќонунгузории соњаи моликияти зењнї нозирон дар њамкорї бо маќомоти њифзи њуќуќ санљишњои муштарак гузарониданд.

Дар доираи њимояи бозори истеъмолї аз воридоти бозичањои пластикии пастсифат ва хатарнок мутахассисони нозироти савдои Агентї дар бозорњо ва нуќтањои савдо санљиш гузаронида, ба миќдори 70728 дона бозичаро ошкор намуданд, ки ба талаботи регламенти техникї љавобгў набуданд. Нисбат ба соњибкороне, ки ин бозичањоро бе њуљљати тасдиќкунандаи сифат ва бехатарї ба муомилот баровардаанд, мутобиќи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї чорањои зарурї амалї карда шуданд.

Њамчунин, оид ба риояи ќоидањои савдо ва њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон тавассути гузаронидани вохўрї ва семинар - машваратњо бо истењсолкунандагон, фурўшандагон ва соњибкорони воридкунандаи молу мањсулот корњои фањмондадињї таќвият дода шуданд, ки дар натиља аз љониби соњибкорони масъулиятшинос ба Агентї барои нобудсозии мањсулоти ѓизоии муњлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид шудааст. Аз љумла, бо дархости соњибкорон зиёда аз 90290 кг мањсулоти гуногуни хўрокворї, ки муњлати истеъмолиашон гузаштаанд, ба анбори нигоњдории муваќќатии Агентї барои нобудсозї супорида шуд.

Бояд ќайд намуд, ки дар давраи њисоботї мутахассисони нозироти савдо бо роњбарони бозорњои шањри Душанбе, аз љумла, бо соњибкорони ЉСК «Бозори Фаровон», бозорњои «Мењргон» ва «Саховат», «Панљшер», «Ганљина», «Султони Кабир», «Бозори Дењќон»-и шањри Душанбе ва бозору марказњои савдои ноњиявию вилоятї оид ба риояи ќоидањои савдо ва хизматрасонї, њолатњои риоя накардани ќонунгузории њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон вохўрињо  гузаронида, тариќи телевизион пахш карда шуд. Инчунин, маъмурияти бозорњо, марказњои савдо, соњибкорони инфиродї ва нуќтањои хизматрасон вазифадор гардиданд, ки соњибкорон, фурўшандагон ва њайати хизматрасонро бо либоси ягонаи махсуси корї ва нишони сарисинагї таъмин намоянд.

Назорати масъалаи бо либоси ягонаи корї таъмин будани фурўшандагони нуќтањои савдо ва бозорњо пурзўр гардида, тибќи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон барои вайрон намудани талаботи муќарраргардида оид ба либоси ягона чорањои маъмурї андешида шуданд.

Дар самти њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи њуљљатњои меъёрии техникї дар раванди гузаронидани назорати давлатї дар субъектњои хољагидори љумњурї аз љониби мутахассисони Агентї барои риоя накардани талаботи њуљљатњои меъёрии техникї, вориду фурўши мањсулоти пастсифат ва хатарнок дар 8864 њолат љарима таъин гардида, маблаѓњои мазкур ба буљаи давлатї пардохт шудаанд.

Вобаста ба таъмини њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон дар ин давра 122 аризаи шикоятии шањрвандон, ки мазмуни аксарияти онњо аз паст будани сифати молу мањсулот ва фиреби истеъмолкунандагон иборат мебошад, аз тарафи масъулони соња баррасї гардиданд.

Њадафи мо назорат ва њимояи бозори истеъмолї, яъне пешгирї аз воридот ва фурўши молу мањсулоте, ки ба талабот љавобгў нест, инчунин, дарёфт ва аз муомилот гирифтани молу маводњои пастсифат ва зараррасоне, ки ба њаёти одамон хатар дорад, мебошад. Дар баробари ин, аз њамаи шањрвандон ва сокинони кишвар хоњиш карда мешавад, ки њангоми мушоњида ва дарёфти молу мањсулоте, ки ба талабот љавобгў нест ва ё муњлати истеъмолашон гузаштааст, ба Агентии Тољикстандарт мурољиат кунанд. Њамкории истеъмолкунандагон бо маќомот барои таъмини саломатии мардум, хусусан насли ояндаи кишвар мусоидат мекунад.

Сафарзода Мансур,

муовини директори Агентии Тољикстандарт