ХАБАРҲО
2022-02-14: Густариши ҳамкорињо
Чанди пеш, дар бинои Агентии Тољикстандарт љаласи корї бо намояндгони сафорти Ҷумњурии Туркия ва њайати кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Ҷумњурии Тољикистон баргузор шуд. Дар њамоиш масъалањои танзими техникї, стандартизатсия ва арзёбии мутобиќат, тањкими њамкорї оид ба аккредитатсияи маќомоти сертификатсияи Њалол, узвият дар Пажуњишгоњи стандартњо ва метрологияи кишварњои исломї (SMIIC), инчунин, тањкими њамкорї дар самти метрология баррасї гардид.
Нахуст, муовини якуми директори Агентии Тољикстандарт Давлатзода Рањмоншо баромад намуда, њузури мењмонон ва њозиронро ба маљлисгоњи наву замонавї хайрамаќдам гуфт. Ў њамзамон ќайд кард, ки бо шукргзорї аз сулњу осоиштагї ва оромии кишвар мо имрўз метавонем бо њама гўшањои дунё дар дилхоњ самту соња њамкорї намоем.
Инчунин, Давлатзода Р. дар баромади худ доир ба муносибатњои хуби њамкории Агентї бо Институти стандартњои Туркия (TSE) ќайд намуда, њавасмандии Агентиро љињати боз њам тањкими њамкорињо дар самти стандартизатсия, метрология, бањодињии мутобиќат ва аккредитатсия бо маќомоти марбутаи Ҷумњурии Туркия ибрози назар кард.
Дар идомаи љаласаи корї котиби сеюми сафорат Батухан Челеби суханронї кард. Мавсуф зимни суханрониаш омодагии маќомоти марбутаи Ҷумњурии Туркияро љињати боз њам густариши њамкорињо дар самти стандартизатсия, метрология, бањодии мутобиќат ва аккредитатсия, инчунин, роњандозї кардани курсњои омўзишї барои табодули таљрибаи мутахассисони њарду кишвар иброз дошт.
“Стандарт”