ХАБАРҲО

2022-02-14: ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ИМКОНИЯТҲО - МУСОИДАТ БА РУШДИ ПИЛЛАПАРВАРӢ

Аҳмадҷон Туманов, сардори Нозироти пахта ва пиллаи Агентии Тоҷикстандарт

«Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад».

Пилла ашёи хоми қиматнокест, ки барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва молҳои ниёзи мардум истифода мешавад. Пиллапарварӣ на танҳо манбаҳои даромади хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат мебошад, балки як даромади хуби мардуми деҳот низ ба ҳисоб меравад. Дар гузашта қариб дар тамоми шаҳру деҳаҳои мамлакатамон парвариши пилла дар авҷи баланд буд. Барои парвариши он қариб дар ҳар хона, хусусан дар деҳот ҷойҳои алоҳидаро ҷудо намуда, катакҳои чандқабата низ барои ҷо ба ҷо кардани кирми пилла омода месохтанд. Умуман, парвариш ва ҷамъоварии пилла ба як маъракаи ҷамъиятӣ табдил шуда буд ва ин ҳама тарадуду саргармиҳо як завқи хосаи худро дошт.

Мутаассифона, парвариши пилла ва коркарди он дар мамлакатамон тайи чандсолаҳои охир коҳиш ёфта, ба парвариш ва нигаҳдории он камтар таваҷҷуҳ мешавад. Коргоҳҳои зиёд ва маконҳое, ки пилла дар он нигаҳдорӣ мешуд аз назар дур монданд. Дар баробари ин тутзорҳое, ки ягона манбаи ғизои кирмаки пилла буданд, баъзе-яшонро  шахсӣ  карданд,  бархе дигарашонро бошад, ҳамчун маводи сӯхт истифода намуданд.

Бо роҳандозӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушбахтона ба масъалаи парвариш ва коркарди  пилла таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Ҳамин буд, ки Пешвои миллат дар паёми охирини худ вобаста ба масъалаи парвариши пилла қайд карданд, ки ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самаранокии имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд.

Барои рушд ва инкишофи парвариш ва коркарди пилла замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шуданд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба ниҳодҳои дахлдор супориш доданд, ки нисбати нафароне, ки тутзорҳои давлатиро моликияти шахсии худ кардаанд ва ё аз он ҳамчун маводи сӯхт истифода мекунанд, чораҳои қатъӣ андешанд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки акунун парвариш ва коркарди пилла дар кишвар мисли солҳои гузашта дубора эҳё мегардад. Аз нав эҳё гардидани самти пиллапарварӣ ба рушди саноати кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар баробари ин, ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд, сатҳи бекорӣ коҳиш меёбад, инчунин, ба занону бонувони кишвар шароити хуби корӣ фароҳам мегардад.

Дар робита ба ин, нозироти пахта ва пиллаи Агентии Тоҷикстандарт зарур донист, ки барои баланд бардоштани сатҳи истеҳсоли маҳсулоти пахта ва пиллаи рақобатпазир ва ҳифзи бозори истеъмолии кишвар уҳдадориҳои худро дучанд кунад. Вобаста ба ин, мо тасмим гирифтем, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотиро бештар намоем, инчунин, мақсад ва ҳадафи Ҳукумати кишварро роҷеъ ба масъаҳои рушди саноатикунонӣ бо масъулони коргоҳу корхонаҳое, ки ба коркарду истеҳсоли пахта ва пилла машғуланд вусъат диҳем.