ХАБАРҲО
2022-02-08: Ташхиси саҳеҳ - кафолати таъмини саломатии мардум
Ташхиси сањењ - кафолати таъмини саломатии мардум
Дар заминаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ташхиси даќиќ ва истифодаи усулњои муосир тибќи талаботи стандартњои байналмилалї барои муайян намудани бехатарии мањсулоти воридотї ва истењсоли ватанї омили асосї буда, мусоидат намудан ба ташхиси сањењ ва дар ин замина таъмини бозори дохилї бо мањсулоти босифату бехатар дар фаъолияти сохторњои Агентии Тољикстандарт яке аз самтњои афзалиятнок ба шумор меравад.
Дар арафаи таҷлили ҷашни 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон бинои нави маҷмааи озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва санҷиши воситаҳои ченак, ки бо тарҳи муосир дар се ошёна бунёд шудааст, бо иштироки Сарвазири Љумњурии Тољикистон ба истифода дода шуд.
Метавон ќайд кард, ки танњо тавассути ташхиси даќиќ ва истифодаи усулњои муосир муайян намудани сифати мањсулоти воридотї ва ватанї имконпазир мегардад ва омилњои пешгирикунанда имкон медињад, ки њуќуќи истеъмолкунанда таъмин гардад.
Бо дастгирии бевоситаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дар давраи Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон озмоишгоҳҳои Агентї ва марказњои вилоятию минтаќавии он бо дастгоҳҳои замонавии зудамал ҷиҳозонида шудаанд, ки сифатнокии намунаҳои ташхисиро дар кўтоҳтарин муддат муайян мекунанд.
Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворї дар фаъолияти Агентӣ нақши муҳимро бозида, сол аз сол бо таҷҳизоти замонавию мутахассисони касбӣ таъмин ва доираи фаъолияташ васеъ мешавад, ки ин аз бисёр ҷиҳат ба болоравии сифат ва тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ мусоидат мекунад.
Имрўз дар Маркази ташхиси мањсулоти хўрокворї, кишоварзї ва молњои ниёзи мардум мутахассисони соњавї, кору фаъолият мебаранд, ки тибќи наќшаи тасдиќшуда, ташхисњои муќоисавии дохилї ва байниозмоишгоњии касбиро бо маќсади санљиши дониш, даќиќии сифати кор ва баланд бардоштан сатњи тахассусии худ анљом медињанд.
Дар Маркази ташхисї усулњое истифода бурда мешаванд, ки ба талаботи стандартњои байнидавлатї ва байналмилалї љавобгў мебошанд ва дар асоси онњо мањсулот бањогузорї карда мешаванд.
Таљњизоти нави замонавї ба гузаронидани санљиши молу мањсулоти ѓизої ва дигар намуди молу мањсулот ва пешгирї кардани хатар барои истеъмолкунанда, ањамияти аввалиндараља дорад.
Номгўи нави таљњизоти озмоишї то имрўз дар як ќатор озмоишгоњњои Агентї фароњам оварда шуда, дар ошкор кардани мањсулоти сифатан паст пурсамар истифода мегардад.
Бартарии ин таљњизот нисбат ба таљњизоти дигар озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар он аст, ки бо истифодаи чунин дастгоњњо сифати ҳама гуна намуди маҳсулоти хӯрока санҷида, дар кӯтоҳтарин муддат он муайян карда мешавад.
Бо маќсади рушди Маркази ташхисї, таъмини бехатарии мол ва мањсулоти ташхисшаванда, такмили сифат ва даќиќии ташхисњо, иљрои талаботњои менељменти сифат ва Регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон љорї намудани ташхисњо оид ба муайян намудани антибиотикњо, гармонњо, витаминњо, пестисидњо ва дигар элементњо пешбинї шудааст. Барои иљрои ин вазифа дар Маркази ташхисї оид ба дастрас намудани таљњизот тибќи наќша корњо идома доранд.
Яке аз самтњои дастгирии соњибкорон, сари ваќт ва даќиќ аз санљиш ва ташхис гузаронидани молу мањсулоти онњо дар озмоишгоњњо мебошад. Аз ин лињоз, Агентии Тоҷикстандарт пайваста ба масъалаи рушд ва тавсеаи озмоишгоҳҳо диќќати ҷиддї медињад. Ин аст, ки озмоишгоњњои Агентӣ, бахусус, озмоишгоњњои ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоњи марказии Агентии Тољикстандарт, дар марказњои вилоятии Тољикстандарт дар Суѓду Хатлон ба талаботи стандарти байналмилалии ISO /МЭК 17025:2015 мутобиќ гардонида шуданд. Бо назардошти ин се озмоишгоњи ташхисии Тољикстандарт (Душанбе, Хуљанд, Бохтар) аз тарафи Маркази миллии аккредитатсияи Љумњурии Ќазоќистон ТОО «НЦА», ки аъзои комилњуќуќи ташкилоти байналмилалии “ILAK” мебошад, аккредитатсия шуда, ваколати байналмилалиро соњиб гаштанд ва аз љониби коршиносон ба системаи рамзии намунањо ва љобаљогузории менељерњои сифат дар сохтори ташкилии Тољикстандарт бањои хуб дода шуд.
Ин барои эътирофи ташхиси молу мањсулоти ватанї дар сатњи байналмилалї мусоидат менамояд.
Бояд зикр кард, ки барои нигоњдории сатњи баланди ташхисї ва иљрои талаботи стандарти ISO /МЭК 17025:2013 мувофиќ ба наќша ва барномаи Маркази ташхисї аз тарафи мутахассисони таљрибадор дар озмоишгоњ аудити дохилї гузаронида мешавад.
Пешрафти илму техника ва дар ин замина рушди технологияи истењсоли молу мањсулоти нави истеъмолї дар љањони муосир низ вусъат ёфтааст. Дар баробари ин роњу усулњои муайян намудани таркиби ингуна молу мањсулот љињати безарар будани онњо ба саломатии инсон вазифаи асосї ба шумор рафта, аз назорат берун мондани онњо ба генофонди миллат таъсири манфї мерасонад.
Бо дарназардошти ин, дар соли нав мо тасмим гирифтем, ки мунтазам дар раванди фаъолият роњу усулњои нави муайян намудани таркиби мањсулотро дарёфт намуда, ба мутахассисон омўзонем ва оиди дастрас намудан ва омӯхтани таљњизотњои замонавї кўшиш ба харљ дињем.
Раванди пешрафти љамъият аз мо тақозо менамояд, ки бо дили гарму масъулияти дучанд кору фаъолият намоем ва баҳри он кӯшем, ки аз уҳдаи боварию эътимоде, ки Роҳбарияти Агентӣ ва ањли љомеа нисбати мо зоҳир намудаанд, сарбаландона бароем ва кӯшиш намоем, ки дар татбиқи амалии вазифаву мақсадҳое, ки ба мо гузошта шудааст иҷро намоем.
Њукуматуллозода Љаъфар,
сардори Маркази ташхиси мањсулоти хўроквории Агентии Тољикстандарт