ХАБАРҲО

2022-02-08: Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

             14 январ дар бинои Агентии Тољикстандарт тањти раисии муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон - Раиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ Усмонзода Усмоналї Юнусалї ва иштироки аъзоёни Шўро аз њисоби вазорату идорањои дахлдор љаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ доир гардид.

Зимни баррасии масъалаи рўзнома, муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон Усмонзода Усмоналї Юнусалї аз фаъолияти маќомоти аъзои Шўро натиљагирї намуда, аз љумла ќайд кард, ки тибќи тањлилњо дар самти њимояи бозори истеъмолї аз воридоти мањсулоти ѓизоии ба саломатї хатарнок ва пешгирии истењсоли мањсулоти пастсифат дар љумњурї њоло њам фаъолияти маќомоти аъзои Шўро ќаноатбахш нест.

Мавсуф, њамзамон, изњор дошт, ки тайи рўзњои охир тариќи воситањои ахбори омма садњо њолати ошкоркунии мањсулоти воридотї ва истењсоли дохилии пастсифат аз тарафи маќомоти ваколатдор ба намоиш гузошта шуда истодааст. Аз вазъияти љойдошта чунин натиљагирї мешавад, ки њамоњангии маќомоти назоратї коста шудааст. Пас ќабули ќарорњо дар љамъомадњои Шўро ва таъкидњо оид ба таќвият додани њамкори байни маќомотњо дар самти њимояи бозори истеъмолї натиљањои дилхоњ надодаанд. Бо дарназардошти вазъи љойдошта дар љаласаи навбатии Шўро бояд роњу усулњои пешгирии воридоти мањсулоти пастсифати ѓизоиро муайян намуда, барои ба роњ мондани фаъолияти босамар ќарор ќабул намоем.

Инчунин, дар ин самт Раиси Шўро аъзоёнро ба масъулиятнокї, мунтазам ба роњ мондани корњои фањмондадињї ба истењсолкунандагону истеъмолкунандагон ва вусъат додани њамкорї бо ташкилоти байналмилалию шарикони рушд љињати њар чи бештар љалб намудани  сармоягузорї ва таъмин намудани маќомот бо таљњизоти муосири ташхисї даъват намуд.

Сипас, масъулин оид ба таъмини бехатарии мањсулоти ѓизої ва дар ин замина пешгирии воридоти мањсулоти хўроквории пастсифат ва ба саломатї хатарнок, њолатњои сироятёбии ањолї аз истеъмоли мањсулоти дар шароити хона тайёргардида ва дар ин робита таќвият додани корњои фањмондадињї ба ањолї тариќи ВАО, боз њам таќвият додани назорати истењсол ва фурўши мањсулоти хўрокворї, тањия ва таљдиди санадњои меъёрї-њуќуќї, ба роњ мондани корњои фањмондадињї, омўзиш, таъмини корхонањо бо Регламентњои техникї, мустањкам намудани њамкории маќомоти назоратї дар ин соња яке аз омилњои асосии пешгирии воридоти мањсулоти пастсифат ба бозори истеъмолї такмил додани озмоишгоњњои ташхиси мањсулоти хўрокворї ибрози аќида намуданд. Аз љумла ќайд гардид, ки њоло њам њастанд соњибкороне, ки аз коњиш ёфтани санљишњо истифода бурда, ба сифати мањсулоти хўрокворї ањамияти љиддї намедињанд. Вобаста ба ин зарур аст, ки њамкорї бо воситањои ахбори омма таќвият дода шуда, њамчунин, тариќи сомонањои иљтимої корњои фањмондадињї ба ањолї (њам истењсолкунандагону воридкунандагон, њам истеъмолкунандагон) зиёд карда шавад.

Дар идомаи љаласа, њамзамон, аз љониби муовини вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї оид ба вазъи пањншавии штамми нави бемории коронавирус дар љањон, пешгирии беморињои сироятї, дар ин замина љалб намудани ањолї ба эмгузаронї ва риояи ќоидањои бењдоштї изњори назар карда шуд.

Дар ҷаласа дар баробари баррасии масъалаҳои пешбинигардида, инчунин, нақшаи кори Шўро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои нимсолаи якуми соли 2022 мавриди муњокимаи аъзоён ќарор дода шуд.

Дар охир Раиси Шўро таъкид дошт, ки солњои охир дар байни ањолї навъњои гуногуни беморињо, ки бевосита ба истеъмоли мањсулоти хўрокворї алоќамандї доранд, ба ќайд гирифта шудаанд ва моро водор месозад, ки бо масъулияти љиддї фаъолият намуда корњоро боз њам таќвият дињем. Бо дарназардошти ин мо бояд роњњои ислоњи камбудињову баланд бардоштани маърифати њуќуќии истењсолкунандагону истеъмолкунандагонро дарёфт намоем.

“Стандарт”