ХАБАРҲО
2022-02-08: Низоми идоракунии сифат - мусоидат ба рақобатпазирии маҳсулоти корхонањои сементбарорї
Замони муосир ва рушди ҳаёти инсонӣ зина ба зина талаботи ба худ хосро пайдо кардааст. Яъне бо гузашти вақт башарият тавонист омилҳои беҳтареро барои таъмини ҳаёти шоистаи худ ва дар сатҳи арзанда идома бахшидани зиндагӣ ба роҳ гузорад.
Инсоният садсолаҳост, ки барои бунёди манзили худ аз масолеҳи сохтмонии усутвор истифода мебарад. Дар ин замон бунёди биноҳоро беистифода аз масолеҳи сохтмонии семент тасавур кардан номумкин аст. ҶДММ Ҷунтсай Ширкати байналмилалии «Моҳир - семент» низ яке аз чунин корхонаҳоест, ки фаъолияти худро дар доираи стандартҳои байналмилалӣ идома медиҳад ва сементи тамғаҳои 400, 500 ва сулфаттобоварро истеҳсол мекунад. Маҳсулоти ин корхона ба ҷуз дар бозори дохила мақом пайдо кардан, инчунин, ба содирот низ равона гардидааст. Сементи сулфаттобовар бошад барои сохтмони неругоҳи гидроэнергетикӣ истифода мегардад. Аз оғози фаъолият ҳанӯз ин корхона тибқи стандартҳои байналмилалӣ корро ба роҳ монда, меъёрҳои низоми идоракунии сифатро пурра риоя мекунад. Маҳз ҷорӣ кардани низоми идоракунии сифат ба рақобатпазирии маҳсулоти семент боис гардид, ки дар бозори дохиливу хориҷӣ нуфузи худро пайдо кунад. Ҷараёни истеҳсолот пурра аз Маркази назоратӣ, ки бо мониторҳо муҷаҳҳаз аст таҳти назорат қарор дорад ва алоқа таъмин аст. Ин назорат бо мақсадест, ки бехатарии ҳаёти кормандон пурра таъмин бошад ва вазъият дар сехҳо дар мадди назар ќарор гирад.
Маҳсулоти семент ва сементӣ дар кишвари мо торафт босифату устувор мегардад. Корхонаҳои ватании истеҳсоли семент тамоми тадбирҳоро бар он равона мекунанд, ки маҳсулоти ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро истеҳсол намоянд. Таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи саноат, хосса зимни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гаштани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои саноат ва рушди босуръати он акнун дар назди тамоми соҳибкорон ва масуълини соҳаи саноати мамлакат вазифаҳои мушаххасро дар пеш гузошт. Ҷорӣ кардани низоми идоракунии сифат дар корхонаҳо сатҳи сифатнокӣ ва бехатарии маҳсулоти сементиро баланд бардошт.
Тавре ки сармутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнини Агентии Тоҷикстандарт Мирзоюсуф Раҷабов баён дошт, ки таркиби сементи ватанӣ асосан аз ашёҳои хоми маҳаллӣ иборат аст. Барои осон кардани рафти кор бошад, тибқи нақша корхонаҳои семент дар мавзеи манбаи ашёҳои хом бунёд карда шудааст. Алҳол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 16 корхонаи истеҳсоли семент мавҷуд аст, ки маҳсулоташон сифатан ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва ба содирот равона гардидааст. Мирзоюсуф Раҷабов, ки солҳост дар ин самт фаъолият дорад, иброз медорад, ки барои омода кардани хокаи семент асосан аз оҳаксанг, хок ва магнезис - хокаи оҳанреза истифода карда тавассути технологияи замони муосир, ки системаи ягона онро ба маҳсулоти нимхом ва баъдан ба семент табдил меёбад, истифода мекунанд. Ба гуфтаи ин мутахассис дар тамоми корхонаҳои истеҳсоли семент озмоишгоҳҳо мавҷуданд, ки ҳар тамғаи семент дар муддати аз 3 то 28 шабонарӯз пурра озмуда мешавад ва танҳо баъд аз итминони комил пайдо кардан истеҳсоли он амалӣ мегардад.
Гарчанде, ки сифати семент ба талабот ҷавобгӯ бошад, аммо дар рафти сохтмон аз он сохтмончиён дуруст истифода набаранд пас дар чунин ҳолат сифати иншоот паст ва ҳатто хатарноку ноустувор мегардад. Риояи талаботи дурусти семент дар борҷомаи семент бояд ҳатман дарҷ гардад ва маълумоти пурра дар бораи он навишта шавад то харидор аз он тибқи муқаррарот истифода бурда тавонад.
Корхонаҳои истеҳсоли семент стандартҳои байналмилалиро қабул карда дар истеҳсолот самаранок истифода мебаранд, ки риояи ҳар як шарти он талаботи имрӯзи ҷомеа аст. Таъмиру барқарор кардани муҳити тозаи корхона ва атроф, риояи ҳолатҳои санитарӣ, таъмини кормандон бо либоси ягонаи корӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, корҳои омўзишӣ, бехатарии маҳсулоту ҳаёти кормандон ва бо сифати баланд истеҳсол кардани таркиби маҳсулоту расонидани он ба дасти харидор дар доираи қонуну қоидаҳои муайяншудаи стандартҳои байналмилалӣ бояд амалӣ гардад.
Тобовару устувор будани таркиби семент дар бунёди иншооти гуногун нақши асосӣ дорад. Қабл аз ба дасти харидор расонидани семент ин маҳсулоти сохтмонӣ ҳатман аз таҳти назорати озмоишгоҳҳо гузаронида мешавад. Танҳо баъд аз итминони комил пайдо шудан маҳсулот аз корхонаҳоии семент ба истеъмолкунанда расонида мешавад. Раванди озмоиш чанд шабонарўз ва ҳатто қариб то як моҳ давом мекунад.
Дар ҷумҳурии мо то ин дам дар асоси стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO 9000 154 корхонаи ватанӣ тибқи 172 сертификат фаъолият мекунад, ки 21 - тои он низоми ҳамгироӣ дорад. Дар 9 корхонаи дигар корҳои сертифаткунанонӣ идома дорад.
Ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат ва корҳои сертификаткунонӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии ISO 9001, ISO 22000, системаи НАССР, системаи менеҷменти экологӣ 14001 ва ISO 45001 ба сомон расонида шудааст.
Маҳз бо сабаби он, ки корхонаҳои истеҳсоли сементи ҷумҳурӣ тибқи низоми идоракуниии сифат ва дар доираи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд, сементи ватанӣ алҳол натанҳо дар бозори дохилӣ, балки берун аз кишвар низ содирот мегардад. Корхонаҳои бузурги истеҳсоли семент, ки асосан дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғду Хатлон бунёд гаштаанд дар соли 2021 4 миллиону 280 ҳазор тонна маҳсулоти босифату бехатар истеҳсол шудааст, ки аз ин миқдор 1 миллиону 236 ҳазору 495 тонна ба Покистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон содирот гардидааст.
Мақсади асосии ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат дар корхонаҳои саноатӣ ва хизматрасониҳо ин пеш аз ҳама фароҳамсозии шароити мусоид барои тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, дар оянда пур намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани усулҳои муосир, солимгардонии муҳити зист ва сарфи ашёи хоми истеҳсолӣ, ҳамзамон, тақвияти иқтидории содиротии мамлакат мебошад. Таваҷҷуҳ ба низоми идоракунии сифат дар сатҳи байналмилалӣ ва риояи ҳама шартҳои он шурўъ аз коркарди маҳсулоти хом то ба дасти истеъмолкунанда расонидани он нишонаи дар амал татбиқ шудани талаботи имрўзи инсоният аст.
Дар рафти сохтмон дуруст рияо кардани қоидаҳои истифодаи семент барои бақодориву пурқувватии иншоот нақши асосӣ дорад. Камтарин хато ҳангоми сохтмон метавонад ба сифати бинокорӣ осеб расонад.
Дар натиҷаи ҷорӣ намудани «Низоми менеҷменти сифат» дар раванди истеҳсолот, корхона имконият пайдо менамояд, ки дар миқёси байналмилалӣ шарикони боэътимоди худро пайдо намуда, аз ҳисоби сифатнокии маҳсулоташ даромади молиявӣ ва фоидаи иқтисодиашонро афзун гардонанд. Яъне дар натиҷаи татбиқи дурусти низоми менеҷменти сифат, манфиатҳои иқтисодӣ зиёд мегардад. Маҳз дар ин замина таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ, ки дар тамоми корхонаҳои семент насб гардидааст, раванди сифат ва корро даҳчанд осон мегардонад. Инчунин, технологияи истеҳсоли семент бо дарназардошти пешрафти илми муосир боз ҳам беҳтар гашта, устувории ин маҳсулоти ҳаётан муҳимро баланд бардоштааст.
Ҷумҳурии мо зина ба зина аз як давлати воридкунандаи семент ба кишвари содиркунандаи он табдил меёбад ва бозори дохилиро ҳам бо маҳсулоти босифату бехатар таъмин месозад.
Ойгул ОДИНАЕВА