ХАБАРҲО

2022-02-08: Регламенти техникӣ Таъминкунандаи талаботи бехатарии мол

Регламенти техникӣ

Таъминкунандаи талаботи бехатарии мол

Регламенти техникӣ ва стантартҳоро ҳамчун баҳои мувофиқ ба мол барои таъмини бехатарӣ дар савдои ҷаҳонӣ меноманд. Мавридҳое мешавад, ки дар ин ё он бозор, як қатор корхонаҳо маҳсулоти гуногунро дохил мекунанд. Тавре маълум аст, ки истеъмолкунанда, яъне харидор маҳз њамон молеро интихоб мекунад, ки аз дигараш дида беҳтару хубтар бошад. Аз ин нуқтаи назар, истеъмолкунанда дар интихоби мол озод буда, то кадом андоза зиёновар ва фоиданок будани онро аввал худаш ҳал мекунад. Вале ҳақиқат он аст, ки бозор ҳамеша диққати харидорро сарфи назар аз сифати маҳсулоташ ба худ ҷалб мекунад. Вобаста ба ин як механизме зарур аст, ки талаботи бехатарии молро таъмин кунад. Рољеъ ба ин мавзўъ мо тасмим гирифтем, ки бо сардори Раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонии Агентии Тољикстандарт Ашурзода Суњроб мусоњиба анљом дињем, ки фишурдаи онро пешнињоди хонандагон месозем.

- Ашурзода Суњроб, нахуст, худи мафњуми регламенти техникиро шарњ медодед?

- Регламенти техникї ин санади меъёрии техникї, ки дар љараёни бамеъёрдарории техникї тањия шуда, талаботи техникии риояашон њатмиро вобаста бо бехатарии мањсулот, љараёни коркард, истењсол, истифодабарї, нигоњдорї, интиќол, фурўш, коркарди партовњои он, иљрои кор ва хизматрасонї дар ќисми бехатарї муќаррар мекунад.

Тањия ва ќабули регламентњои техникї дар асоси талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бамеъёрдароии техникї» амалї карда мешавад. Ќонуни мазкур муносибатњоеро, ки њангоми тањия ва тасдиќи талаботи техникии иљрояшон њатмї нисбат ба мањсулот, љараёни коркард, истењсол, истифодабарї, нигоњдорї, интиќол, фурўш, коркарди партовњои он, иљрои кор ва хизматрасонї дар ќисми бехатарї ба амал меоянд, танзим намуда, њуќуќу уњдадорињои иштирокчиёни ин муносибатњоро муќаррар менамояд.

Дар асоси муќаррароти ќонуни мазкур ба объектњои бамеъёрдарории техникї - ин мањсулот ва тамоми љараёнњои ба он вобаста дохил мегардад, чунончї љараёни коркард, истењсол, истифодабарї, нигоњдорї, интиќол, фурўш, истифодаи партовњои мањсулот. Регламенти техникї дар ќисмати бехатарї талаботи техникиро нисбати мањсулот ва љараёни вобаста ба он муќаррар менамояд. Талаботи техникї - бошад ин меъёр, ќоида, хусусият ва (ё) талаботи дигари техникї нисбат ба объектњои бамеъёрдарории техникї мебошад.

- Регламенти техникї аз кай дар љумњурии мо амал мекунад?

- Бояд ќайд кард, ки бо маќсади бартараф намудани монеањои техникї дар савдо дар ин замина шомил шудани Љумњурии Тољикистон ба Созмони Умумиљањонии Савдо њанўз  дар соли 2010 аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон Стратегияи миллии рушди Инфрасохтори сифат ва Наќша чорабинињои ислоњоти соњаи танзими техникї ќабул ва татбиќ гардида буд. Мањз дар доираи татбиќи стратегяи ва наќшаи мазкур ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» бо тањрири нав ва ќонуни нав «Дар бораи бамеъёрдарории техникї», мутобиќ ба талаботи байналмилалї тањия ва ќабул карда шуд. Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи стандартонї” тартиби тањия ва ќабули стандартњоро ба танзим дароварда, принсипи интихоби ихтиёрии стандартњоро барои тарафњои манфиатдор муќаррар намуд.

Бо маќсади муќаррар намудани талаботи њатмї дар самти таъмини бехатарї Ќонуни  Љумњурии Тољикистон  “Дар бораи бамеъёрдарории техникї” дар асоси низомњои муќаррарнамудани созишномаи СУС оид ба монеањои техникї дар савдо тањия ва ќабул карда шуд. Бо дарназадошти он ки тибќи талаботи ќонунгузорї иљрои стандартњо характери ихиёриро касб намуданд, зарурат ба миён омад, ки барои ба танзим даровардани сифат ва бехатарии молу мањсулот муваќќатан Номгўи њуљљатњои меъёрї-техникї талаботашон њатмї яъне регламентњои техникии муваќќатї тањия ва барои ќабул ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шавад. Њамин тариќ, бо ин маќсад ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон “Дар бораи тасдиќи Номгўи њуљљатњои меъёрї-техникї” тањти №704 аз 30 декабри соли 2009” бо теъдоди 1200 стандартњои байнидавлатї, давлатї ва дигар њуљљатњои соњаи стандартонї њамчун регламентњои техникии мувваќатї ќабул карда шуданд.

Метавон гуфт, ки аввалин регламенти техникї яъне регламенти техникии Љумњурии Тољикистон “Дар бораи тамѓагузории мањсулоти хўрокворї” дар 3 январи соли 2014 тањия ва ќабул карда шудааст.

Бояд ќайд кард, ки дилхоњ регламентии техникии ќабулгардида бо дарназардошти мутобиќгардонї аз љониби тарафњои манфиатдор баъд аз 6 моњ мавриди амал ќарор дода мешавад.

- Самти назорати регламенти техникї чї гуна аст?

- Дар асоси талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникї» назорати давлатї оид ба риояи њатмии талаботи регламентњои техникї ба зиммаи маќоми ваколатдор дар соњаи бамеъёрдарории техникии Агентии Тољикстандарт вогузор карда шудааст. Њангоми назорат талаботи муќаррарнамудаи регламенти техникї нисбат ба мањсулот ва тамоми љараёнњои ба он вобаста дохил мегардад, санљида мешавад.

- Мегуфтед, ки дар њудуди кишвар татбиќи регламентњои техникиро ѓайри Тољикстандарт боз кадом нињод амалї менамояд?

- Бо дарназардошти талаботи муќаррарнамудаи регламенти техникї дигар маќомоти назоратї низ метавонад татбики регламенти техникиро амалї созад. Масалан, дар регламентњои техникии «Бехатарии гўшт ва мањсулоти гўштї», «Бехатарии шир ва мањсулоти ширї» талаботњои санитарї, бењдоштї ва байторї муќаррар гардидааст, ки дар ин самт Кумитаи бехатарии озуќавории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї низ назоратро ба роњ мемонанд.

- Регламенти техникї аз стандарт чї фарќ дорад?

- Чї тавре дар боло ќайд намудем, стандарт ин њуљљати меъёрии техникии интихобаш барои истифода ихтиёрї буда, регламенти техникї ин њуљљати меъёрии техникии талаботаш њатмї мебошад.

- Айни њол дар Љумњурии Тољикистон чї ќадар регламентњои техникї амал мекунад?

- Дар асоси талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи бамеъёрдарории техникї” 19 адад регламентњои техникї тањия ва аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон ќабул карда шудаанд.

Номгўи регламентњои техникии амалкунанда:

"Тамѓагузории мањсулоти хўрокворї"

"Бехатарии бензини автомобилї, сўзишвории дизелї, мазут ва сўзишворї мазут ва сўзишворї барои муњаррикњои реактивї"

"Бехатарии мавод ва мањсулоти сохтмон"

"Бехатарии мањсулоти шарбатї аз мева ва (ё) сабзавот"

"Бехатарии хўроки чорво ва иловагињои он"

"Бехатарии газњои моеи карбогидридї"

"Бехатарии таљњизоти пастшиддат"

"Бехатарии асбобњое, ки бо сўзишвории газмонанд кор мекунанд"

"Регламенти техникии бехатарии мањсулоти таъиноти кўдакон ва наврасон"

"Бехатарии мањсулоти хўрокворї"

"Бехатарии гўшт ва мањсулоти гўштї"

"Бехатарии шир ва мањсулоти ширї"

"Бехатарии борљома"

"Бехатарии бозичањо"

"Бехатарии мањсулоти мебелї"

"Бехатарии Мањсулоти тамоку"

 “Бехатарии гази табиии сўзандаи барои интиќол ва истифодабарї омодакардашуда”

 «Бехатарии орди ѓанигардонидашуда»

«Бехатарии мањсулоти машрубот».

- Оё барои риоя накардани он ягон чораандешї сурат мегирад, яъне муљозот пешбинї гардидааст?

- Бале, барои риоя накардани талаботи њатмии регламентњои техникї тибќи муќаррароти моддаи 625 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон љазои маъмурї дар шакли љаримабандї пешбинї карда шудааст.

- Ташаккур барои суњбати хуб. Умедворем, ки хонандаи гиромии мо оид ба мафњум ва пањлуњои регламентњои техникї маълумоти муфассал пайдо карданд.

Мусоњиб

Фирдавси АБДУРАЊМОН