ХАБАРҲО
2022-02-06: Мусоидат ба рушди саноатикунонии кишвар
Мусоидат ба рушди саноатикунонии кишвар
Ҳукумати мамлакат барои татбиқи амалии саноатикунонии босуръати кишвар, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, барномаҳои зиёдеро рӯи даст гирифтааст. Вобаста ба ањамияти бузурги соњаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, њалли масъалањои иљтимоиву иќтисодї ва таъмин намудани иљрои њадафњои стратегии миллї, аз љумла, раванди саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат дар паёми навбатии худ солњои 2022-2026-ро “Солњои рушди саноат” эълон карданд.
Саноатикунонии кишвар барои фароњам овардани љойњои нави корї, коњиш додани сатњи бекорї ва баланд бардоштани некўањволии мардум заминаи мусоид фароњам меорад. Ваќте мо корхонањои саноатии худро бунёд мекунем, њолати вобастагї аз мањсулоти воридотї кам мегардад. Дар саноатикунонии босуръати мамлакат соњибкорон ва касоне, ки имконияти бунёди корхона ва коргоњњоро доранд, фаъолона метавонанд иштирок кунанд.
Роњандозї гардидани њадафи чоруми мамлакат аз љониби Роњбари давлат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба хотири ба давлати саноатї-аграрї табдил додани Љумњурии Тољикистон мебошад, бешак, ин раванд метавонад ба шуѓли пурмањсул сабаб гардад ва ба ин васила иќтисодиёти мамлакат, бахусус сатњи зиндагии мардум боз њам бењтар шавад.
Дар қатори дигар вазорату идораҳои дахлдор Агентии Тоҷикстандарт низ ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур дар доираи салоҳиятҳои худ муваззаф гардидааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда, мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди содирот дар соли 2021 корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектҳои истеҳсолӣ вусъат дода шуда, дар ин давра аз тарафи мутахассисон дар корхонаҳои истеҳсолӣ 2320 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботи регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва стандартҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеҳсолкунандагони ватанӣ, санаи 14 декабри соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Риояи талаботи Регламентҳои техникӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ - омили асосии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда» бо иштироки зиёда аз 60 корхонаҳои истеҳсолии вилоят гузаронида шуда, ба онҳо шакли электронии регламентҳои техникии қабулгардида ройгон тақдим гардид.
Дар доираи нақшаҳои пешбинигардида санаи 4 июни соли 2021 дар бинои Агентии Тоҷикстандарт низ бо иштироки васеи истеҳсолкунандагони тахтасангҳои бетонии роҳрав ва мутахассисони соҳа мизи мудавар баргузор гардида буд. Аз тарафи масъулин тамоми паҳлуҳои масъала дар мизи мудаввар баррасӣ гардида, барои риоя намудани талаботи регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва стандартҳои байналмилалӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон, аз тарафи мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд санаи 24 феврали соли 2021 дар самти дастгирии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ, инчунин, оид ба коҳиш додани воридоти маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла, обҳои маъданӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан бо 14 нафар масъулин, роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолии ҶСП «Евро-Азия-2005», ҶДММ «Оби Ширин», ҶДММ «Сирдарё», ҶДММ «Султони Хуҷанд», ҶДММ «Чойи Шифо», ҶДММ «Аква Хуҷанд», ҶДММ «Нӯшокиҳои Муҳаббат», ҶДММ «Ширкати Баҳор», ҶДММ «Шарбати мева», ҶДММ «Ориёон Суғд», ҶДММ «Нӯшокиҳои СССР», ҶДММ «Севен стар пласт», корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар самти дастгирии истењсолкунандагони ватанї ва дар ин замина тањияи њуљљатњои меъёрї дар ин давра аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт, аз љумла 19 регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд;
- бо мақсади дастрасии субъектҳои хоҷагидор, хусусан субъектҳои истеҳсолӣ ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ сомонаи fehrist-standart.tj таъсис дода шудааст ва айни ҳол шумораи умумии стандартҳо дар сомонаи мазкур 22009 ададро ташкил менамояд;
-тибќи фармоиши директори Агентӣ, дар маҷмӯъ, 220 адад стандарти байнидавлатӣ (ГОСТ), ки дар асоси протоколҳои ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатсия ҳамчун стандарти байнидавлатӣ қабул шуданд, ба сифати стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул гардиданд.
Роҳандозӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ
дар корхонаҳои истеҳсолӣ
Агентии Тоҷикстандарт ҷиҳати мутобиқ намудани сифати маҳсулоти истеҳсолӣ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳо ва сертификатсия намудани фаъолияти онҳо аз рӯи ин стандартҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар соли 2021 дар 75 корхонаҳои ватанӣ ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат ва корҳои сертификатсионӣ ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, дар 32 корхона тибқи талаботи стандарти байналмилалии ISO 9001:2015 - “Системаи менеҷменти сифат”, дар 12 корхона тибқи талаботи стандарти байналмилалии “НАССР”- СБД ЉТ 1470:2013 - “Таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез”, дар 7 корхона тибқи талаботи стандарти байналмилалии ISO 22000:2018 -“Низоми идоракунии бехатарии мањсулоти хӯрокворӣ”, дар 4 корхона тибқи талаботи стандарти ISO 45001:2018 - “Бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ”, дар 6 корхона тибқи талаботи стандарти ISO 14001:2015 - “Низоми менеҷменти экологӣ” ва дар 14 корхона тибқи талаботи стандарти “Ҳалол” корҳои сертифкатсионӣ ба сомон расонида шуданд.
Дар доираи татбиќи барномањои давлатї бо маќсади мусоидат ба рушди содироти мањсулоти кишоварзї, тањияи стандартњои кишоварзї идома ёфта, санаи 20-21 июни соли љорї дар шањри Алма-Атои Љумњурии Ќазоќистон љаласаи навбатии гурўњи кории техникии минтаќавї дар ин самт баргузор гардид. Дар кори он лоињаи стандартњои кишоварзии тањиянамуда, аз љумла, стандарт барои хурмои хушк, донаки зардолу ва чормаѓз мавриди баррасии иштирокчиён-коршиносони минтаќавї ќарор дода шуд. Инчунин, оид ба ворид намудани таѓйирот ба стандарт барои себ «ЕЭК ООН FFV-50» ќарори дахлдори иштирокчиён ќабул карда шуд. Дар кори љаласаи баргузоргардида масъалањо оид ба стандартњои бехатарии мањсулоти кишоварзї аз ќабили стандарти «GLOBAL.GAP» ва доир ба нишони љуѓрофии мањсулот низ баррасї гардиданд.
Аз рўи барнома дар корњои омўзишии гурўњи кории минтаќавї оид ба тањияи стандартњои кишоварзї бо маќсади содироти мањсулоти кишоварзї аз Осиёи Миёна ба бозори Аврупо намояндагон аз давлатњои Ўзбекистон, Тољикистон, Ќирѓизистон ва Ќазоќистон иштирок намуданд.
Аз љониби гурўњњои кории минтаќавї стандартњои кишоварзї барои «Олу», «Харбуза», «Тарбуз», «Шафтолу», «Ангури ошхонагї», «Зардолу» ва «Гелос»-и тару тоза пешнињод карда шуда, мавриди тањлил ва баррасї ќарор гирифтанд.
Озмоишгоҳҳои ташхисии молу маҳсулот
Дар самти тавсеа додани фаъолияти озмоишгоњњо:
- озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоҳи марказии Агентии Тоҷикстандарт, Марказҳои вилоятии Тоҷикстандарт дар Суғду Хатлон ба талаботи стандарти байналмилалӣ ISO/МЭК 17025:2005 мутобиқ гардонида шуда, ваколати байналмилалиро соҳиб гаштанд;
- дар Агентии Тоҷикстандарт маҷмааи озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва санҷиши воситаҳои ченак бо тарҳи муосир дар се ошёна бунёд шуд;
- айни замон дар қаламрави кишвар 14 маркази ташхисии минтақавӣ фаъолият мекунад.
Ташкили озмунҳо
Бояд қайд кард, ки яке аз омили асосии мусоидат ба рушди содирот ин иштироки корхонаҳои истеҳсолӣ дар озмунҳои миллӣ ва минтақавӣ мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон, ҷиҳати баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ ва таъмини рақобатпазирии он дар бозори истеъмолӣ соли ҷорӣ озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуда, ҷиҳати иштирок ба озмуни мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 290 корхона ва ташкилотҳои хизматрасон дархост пешниҳод намудаанд. Озмун дар ду давра гузаронида шуда, моҳи август даври вилоятию минтақавӣ ба анҷом расид ва аз шумораи умумии дархостдиҳандагон тибқи баҳогузории комиссияи вилоятии минтақавӣ 116 корхонаю ташкилот ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Санаи 21 ноябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Кохи Борбад” маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардида, ба 59 корхонаи истеҳсолӣ ва субъектҳои хизматрасон ғолибон ҷоизаҳои “Лауреат” ва “Дипломант”-и озмун ва тӯҳфаҳои хотиравӣ (телевизор ва микроволновкаҳо) тақдим карда шуд. Ҳамзамон, дар натиҷаи ҷамъбасти даври ҷумҳуриявӣ 57 корхонаи ватанӣ ва субъекти хизматрасон (хизматрасонии хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои савдо) ба ҷоизаи махсус сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни навбатӣ аз рӯи номгӯи беҳтарин маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию-техникӣ, ҳунарҳои мардумӣ, беҳтарин хизматрасонии хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои савдо баргузор гардид.
Ҳамзамон, мутобиқи қарори ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ соли ҷорӣ озмун оид ба дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи дастовардҳои сифат ва хизматрасонӣ гузаронида шуд. Аз ҷониби мутахассисон тавассути амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ду корхонаи ватанӣ ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум» барои иштирок дар озмуни мазкур омода карда шуданд. Озмун дар ду давр гузаронида шуда, ғолибони ин озмун 8-9 декабри соли 2021 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур муайян гардида, ғолиб дониста шуданд. Чунончӣ, тибқи хулосаи ҳакамон ҶДММ «Ҷавонӣ» ба ҷоизаи “Лауреати озмун” ва ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум» ба ҷоизаи “Дипломанти озмун” пешниҳод гардиданд.
Ёдовар бояд шуд, ки ин ҳама барои рушди саноатикунонии кишвар ва тақвият бахшидани истењсоли маҳсулоти раќобатпазири ватанӣ, инчунин, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Моро мебояд вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои худ ва барои амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар кўшиш ба харҷ диҳем. Дар ин сурат мо метавонем, ки барои ободї ва пешрафти диёри азизамон сањми арзандаи худро гузорем.
Шерзода Ситора,
муовини директори Агентии Тоҷикстандарт