ХАБАРҲО

2022-01-31: Азму иродаи қавӣ ва эътимод ба фардои нек моро ба ҳадафҳоямон мерасонад

Абдулвањобзода Темурљон: Азму иродаи ќавї ва эътимод ба фардои нек моро ба њадафњоямон мерасонад                                                                               

Дар давраи соњибистиќлолии мамлакат дар Агентии Тољикстандарт вобаста ба иҷрои нақшаву вазифаҳо корҳои назаррас, аз қабили мусоидат ба истењсоли мањсулоти раќобатпазири ватанї ва содироти он, ташкили озмоишгоҳҳои нав, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалї оид ба рушди соҳаи назорати давлатии сифати молу маҳсулот ва ба роњ мондани корњои ободонию бунёдкорї ба сомон расонида шудаанд.

Дар робита ба ин, тасмим гирифтем, ки доир ба фаъолияти соња бо директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Абдулвањобзода Темурљон мусоњиба анљом бидињем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон месозем.

- Муњтарам Абдулвањобзода Темурљон фаъолияти Агентиро дар даврони истиќлолият ва сулњу суботи кишвар чї гуна арзёбї мекунед?

- Истиќлолияти давлатї барои мо имкони воќеї фароњам овард, ки роњи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи љомеаи демократї, њуќуќбунёд ва дунявї интихоб намоем. Дар дарозои замонњо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишњои сахту сангин гузашта бошад њам, дастовардњои фарњанги асил, њувияти миллї, забони ноби модарї, илму адабиёти оламгирашро нигоњ доштааст.

 Аз рўзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халќ Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон дар тамоми самтњои њокимият асосњои сохтори конститутсионї, рукнњои тозаи идоракунии давлат, меъёрњои танзимкунандаи њаёти иќтисодї, иљтимої ва фарњангии кишвар роиљ гардида, инчунин, бо шарофати ў шиносномаи миллї дар арсаи љањонї эътироф шуд.

Дар даврони истиќлолият на танњо фаъолияти самту соњаи мо рушд кард, балки тамоми сохтору идорањои дигар аз нав эњё гардид. Метавон бешак гуфт, ки меъмори ин њама, яъне Тољикистони навин Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон аст.

Фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт ба њифзи бозори истеъмолии мамлакат аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи њуљљатњои меъёрии техникї, њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон ва таъмини ченаки ягона нигаронида шудааст.

      Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Тоҷикстандарт дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Мувофиқи ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 ба Тоҷикстандарт мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Дар робита бо ин дар сохторњои Агентї як қатор тағйирот ворид шуданд.

Агар дар давраи Шўравї дар соњаи стандартонї ва метрология њамагї 100-150 кормандон фаъолият менамуданд, дар замони истиќлол ва айни замон сафи кормандону мутахассисон ба маротиб афзуда зиёда аз њазор нафарро ташкил медињад ва тавассути омўзишу пешбурди соња имрўз дар Агентї 72 нафар кормандон дорои унвони эксперти байналмилалї мебошанд.

Ҳамзамон, корҳои сохтмонию ободонӣ ва таъмиру тармими биноҳо давом доранд. Сохта ва ба истифода додани марказҳои нави озмоишию ташхисӣ дар Дастгоҳи марказии Агентӣ, дар марказњои вилояти Суғд, Хатлон, Бадахшон, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панљакент, Шаҳритус, Ҷиргатол, Данғара, Рашт, шаҳри Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода аз ин қабиланд.

Дар ин давра дар назди озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории Тоҷикстандарт боз бахшҳои нав бо таљњизотњои замонавї ба фаъолият сар кард, ки ин иқдомест дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон.

      Роҳбарияти Агентӣ барои ба таври зарурӣ фаъолият намудани озмоишгоҳҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо маќсади  таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї таҷҳизоти озмоишгоҳҳои Агентӣ, бахусус озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоњи марказии Агентии Тољикстандарт, Марказњои  Тољикстандарт дар вилоятњои Суѓду Хатлон ба талаботи стандарти байналмиллалї   ИСО/МЭК 17025:2005  мутобиќ гардонида шуданд. Айни њол, се озмоишгоњи ташхисии Тољикстандарт (Душанбе, Хуљанд, Ќўрѓонтеппа) аз тарафи ташкилоти олмонии “DаkKS” ва Маркази миллии аккредитатсияи Љумњурии Ќазоќистон аккредитатсия шуда ваколати байналмилалиро соњиб гаштанд. Ин барои эътирофи ташхиси молу мањсулоти хўрокворие, ки дар ин озмоишгоњњо амалї карда мешаванд дар сатњи байналмилалї мусоидат намуда, озмоишгоњњои мазкур дар муддати кўтоњтарин ва даќиќ муайян кардани нишондодњои сифат ва бехараии мањсулоти хўроквориро таъмин менамоянд.

  • Дар доираи корњои ободонию бунёдкорї дар давраи соњибистиќлолї дар Агентї ва марказњои зеотобеи он чи тадбирњо андешида шудаанд?

       - Бо маќсади сазовор пешвоз гирифтани љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар самти ба роњ мондани корњои созандагию бунёдкорї дар Агентї наќша - чорабинињои дохилиидоравї тартиб дода шуда, тибќи он дар дастгоњи марказї ва марказњои вилоятию минтаќавии Агентї, таъсиси озмоишгоњњои нав, таъмиру тармими биноњо, нињолшинонию ба тартиб даровардани боѓу гулгаштњои назди биноњо, сохта ба истифода додани майдончаи варзишї ва дигар корњои вобаста ба ободонї амалї карда  шудаанд.

         Дар арафаи 20-умин ҷашни солгарди истиқлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон Агентии Тоҷикстандарт як толори боҳашамати варзиширо дар маҳаллаи Яккачинори пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ин маҷмааи варзишии бошукуҳ аз ду ошёна иборат буда дорои 600-ҷойи нишаст барои тамошобин ва шароити зарури барои машқи чандин намуди варзиш бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт сохта ба истифода дода шуд.

     Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии маҷмааи мазкур шахсан ширкат дошта, баъди буридани лентаи рамзии он зимни суханрониашон изҳор доштанд, ки “Ин туҳфаи арзандаи Агентии Тоҷикстандарт на танҳо барои кормандони худи Агентӣ, балки ба ҳама сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи 20-солагии Истиќлолияти давлатии Тоҷикистони азиз аст”.

Њамзамон дар доираи корњои ободонї намои бинои Агентї ва ќисмати даромадгоњи он пурра азнавсозї гардида, дар ин замина љињати ба танзим даровардани коргузорї ва ќабули намунањо тибќи усули Равзанаи ягонаи дохилиидоравї якчанд њуљрањои нави корї (њуљраи ќабули намунањои мањсулоти хўрокворї, њуљраи ќабули намунањои воситањои ченак, њуљраи ќабули пардохтњо, њуљраи ќабули мактубњо, њуљраи рухсатномадињї, њуљраи ќабули шањрвандон ва гўшаи соњибкор) бо шароитњои муосири корї ба истифода дода шуданд.

Бо маќсади мутобиќ намудани фаъолияти озмоишгоњи ташхиси мањсулоти хўрокворї ба талаботи байналмилалї дар ќисмати бинои Агентї аз рўи лоиҳаи тасдиқшуда корҳои сохтмонии бинои сеошёнаи озмоишгоҳи замонавӣ ба анҷом расонида шуда, бинои мазкур дар арафаи таљлили 29 – солагии Истиќлолияти давлатї бо иштироки Сарвазири Љумњурии Тољикистон ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суѓд моњи апрели соли 2019 сохтмони бинои 5-ошёнае, ки барои кормандони Марказ дар мањаллаи Темурмалики шањри Хуљанд оѓоз гардида буд ва баъд аз ба анљом расидани корњои сохтмонї 12 июни соли 2021 дар раванди сафари кории Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба вилояти Суѓд, бинои мазкур ба истифода дода шуд.

Илова бар ин, корњои таъмиру азнавсозї дар бинои Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтаќаи Кўлоб идома дорад.

- Мусаллам аст, ки дар баробари вазорату идорањои марбута, инчунин Агентї низ дар татбиќи барномаи давлатии саноатикунонии босуръати кишвар дар доираи салоњиятњои муќарраршуда муваззаф шудааст ва дар ин самт дар соли сипаригардида кадом тадбирњо андешида шудаанд?

- Коршиносони соҳа таъкид мекунад, ки истеҳсолоти саноатӣ дурнамои пешбарандаи иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи асосии даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки дар заминаи он сатҳи зиндагии мардум баланд гардида, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон коҳиш меёбад.

Татбиқи стратегияи санотикунонии кишвар имкон медиҳад, ки дар корхонаҳои истеҳсолӣ ашёи хоми маҳаллӣ то ҳадди ниҳоӣ дар кишвари мо коркард карда шуда, ба содирот маҳсулоти тайёри ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бо тамғаи “Истеҳсоли Тоҷикистон” равона карда шавад.

Сифати баланди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон имконият фароҳам меоварад, ки дар бозори дохил ва хориҷ харидорони бештарро пайдо намояд. Зеро эътимоди харидор ба сифат ва бехатарии маҳсулот яке аз талаботҳои асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхонаҳо ба ҳисоб меравад.

        Дар  паёми  имсола  Пешвои  миллат,  мисли паёмњои ќаблї ба рушди бемайлони соњибкории ватанї ва дар ин замина тањкими истењсолот ва раќобатпазир намудани мањсулоти ватанї ањамияти хоса зоњир намуда ба маврид таъкид карданд, ки: «Захирањои бузурги ашёи хоми ватанї имкон медињанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз љумла металлњои рангаву ќиматбањо, инчунин, коркарди мањсулоти кишоварзї ва растанињои шифобахш соњањои саноати металлургия, сабуку хўрокворї ва дорусозї рушд намуда, дар натиља њаљми истењсоли мањсулоти содиротї ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад».

Бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии мањсулоти ватанї, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда, мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди содирот аз љониби мутахассисони Агентї асосан корњои фањмондадињї бо субъектњои истењсолиро вусъат дода шуд.

Њамзамон, бояд ќайд кард, ки яке аз омилњои асосии мусоидат ба рушди содирот ва муаррифии мањсулоти ватанї ин иштироки корхонањои истењсолї дар озмунњои миллї ва минтаќавї мебошад. Аз ин рў, бо маќсади њавасмандгардонии истењсолкунандагон, љињати баланд бардоштани сифати мањсулоти ватанї ва таъмини раќобатпазирии он дар бозори истеъмолї Агентї дар ду сол як маротиба озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон»-ро баргузор мекунад.

Бо маќсади мусоидат ба истењсоли мањсулоти раќобатпазири ватанї ва рушди саноатикунонї дар соли 2021 аз тарафи шуъбаи низоми менељменти сифат ва бахшњои дар марказњо буда, дар 75 корхонањои ватанї љорї намудани низоми менељменти сифат ва корњои сертификатсионї ба сомон расонида шуд, ки ин назар ба њамин давраи соли гузашта 20 корхона зиёд буда, 136%-ро ташкил медињад.

Айни њол тибќи талаботи стандартњои байналмилалї - 172 сертификати 154 корхонањои ватанї амалкунанда мебошанд, ки 21-тои онњо низоми њамгирої (интегрированная система) доранд.

- Дар самти бањодињии мутобиќат ё расмиёти сертификатсияи молу мањсулот чї корњо анљом дода шуд?

- Бо маќсади содагардонии расмиёти содироти мањсулот, аз љумла мањсулоти кишоварзї ҷињати дар муњлати камтарин, яъне дар давоми як рўз ба расмият даровардани њуљљатњо ва кўтоњ намудани ваќти ташхис дар Агентї ва марказњои зертобеи он тадбирњои мушаххас андешида шуда, айни замон дар ин самт барои кишоварзону содиркунандагони мањсулоти кишоварзї монеа вуљуд надорад. Вобаста ба ин, нисбати 180 744 тонна меваю сабзавоти содиротї корњои сертификатсионї гузаронида шуд.

Бояд ќайд кард, ки аз 1 сентябри соли 2020 дар доираи татбиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24 июли соли 2020, № 410 барасмиятдарории амалиёти содиротї, воридотї ва транзитї тавассути низоми «Равзанаи ягона» оѓоз шуд ва айни замон расмиёти сертификаткунонї бо риояи талаботи низоми мазкур ба роњ монда шудааст.

- Агентии Тољикстандарт дар соли 2022 љињати пешбурди фаъолияти соња чї наќшањоро рўи даст дорад?

Инак, боз як соли дигар сипарӣ гашт. Соли тақвими зиндагӣ, соли масири таърих, соли бобарору муваффақиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ, соли дастовардҳои сиёсӣ, соли гузориши қадамҳои устувор дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз, соли болоравӣ дар нуфузи байналхалқӣ!

     Воќеан, соли 2021 барои мардуми Тоҷикистон, аз љумла кормандони Агентї аз бисёр ҷиҳат соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро кишвари азизи мо дар ин сол низ зери сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба дастоварду пешравиҳои басо муҳимму назаррас ноил гардид ва љашни бузурги миллї -30 - солагии Истиқлолияти давлатиро, ки муҳимтарин санаи таърихӣ барои халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад, бо дастовардњои шоён таљлил намуданд.

Дар соли сипарї аҳли Агентӣ ва кулли кормандони дар минтақаҳо фаъолиятдоштаи он дар ҳифзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, дар риояи меъёрҳо, дар низоми назорати давлатии воситаҳои ченак, дар нигоҳ доштани сифатгароию зебопарастӣ барои пешрафти ҳаёти ҷомеа шарик буда, дар ҷамъбасти натиҷаҳои сол низ ҳиссагузор буданд.

Акнун таманнои онро дорем, ки соли нави 2022-ро, ки умедворем соли музаффариятҳои бузурги меҳнатӣ хоҳад гардид, бо дили гарм, нерӯи бузург ва ҳисси ватандории амиқ истиқбол гирем. Ба хотири саҳм гирифтан дар хушиҳои рӯзгор, барори кор ва пешрафту пешбурди мардуми кишвар даст ба кори хайр барем, асосан ба масъалаҳои муҳими ҳаёт, ба иҷрои корҳое, ки ба манфиати халқу давлатанд, камар бандем. Зеро имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи мову шумо натиҷаҳои мусбии ҳамин гуна кору амалро талаб доранд. Бинобар ин, аз оғози соли 2022 сар карда ҳар яки мо бояд фаъолиятамонро аз ислоҳи нуқсону камбудиҳое, ки доштем, оғоз намуда, манфиати халқу давлатамонро баробар ҳимоя кунем. Зеро пешбурди замон ва офариниши сифату зебоӣ маҳз, бо мадади њамдигар падид меоянд. Оре, Тоҷикистони азиз ба сӯи фардои аз ин ҳам дурахшону босаодат қадамҳои устувор мегузорад.

         Тавре ки Пешвои миллат дар паёми навбатии худ таъкид намуданд, танњо азму иродаи ќавї, эътимод ба фардои нек, зањмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба њадафњои олиамон расонад ва мо бояд ба хотири пешрафти давлати соњибихтиёрамон ва Ватани аљдодиамон – Тољикистони озоду мањбуб минбаъд низ сарљамъона зањмат кашем ва барои наслњои ояндаи халќи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онњо бо натиљањои зањмати ватандўстонаи мову шумо ифтихор намоянд.

 Агентии Тољикстандарт наќша дорад, ки дар давоми соли 2022 иљрои сариваќтии дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон ва Њукумати Љумњурии Тољикистонро таъмин намуда, бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон наќшањои пешбинишударо дар самти таќвият додани назорати бозори истеъмолї, мусоидат ба рушди саноат ва дар ин замина таќвият додани истењсоли мањсулоти воридотивазкунандаи ватанї, њамоњангсозии стандартњои давлатї ба стандартњои байналмилалї, таъмини ченаки ягона дар хољагии халќи мамлакат, њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон ва вусъат додани њамкорињо бо ташкилотњои минтаќавї ва байналмилалии соња амалї намояд.

 

- Ташаккур барои суњбат.

- Саломат бошед!

Мусоњиб

Мурод Ашўров