ХАБАРҲО

2021-08-31: Иштироки коршиносони Агентии Тољикстандарт дар бањогузории корхонањои истењсолии ширкаткунандаи давлатњои узви ИДМ дар “Озмун оид ба дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соњаи дастовардњои сифати мањсулот ва хизматрасонї”

 

Иштироки коршиносони Агентии Тољикстандарт дар бањогузории корхонањои истењсолии ширкаткунандаи давлатњои узви ИДМ дар  “Озмун оид ба дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соњаи дастовардњои сифати мањсулот ва хизматрасонї”

 

  Аз  22 то 29 августи соли 2021 муовини сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонї Нуруллозода Тоњир барои гузаронидани бањодињии даври дуюми Озмун оид ба дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соњаи дастовардњои сифати мањсулот ва хизматрасонї дар “АО “КЕЛЕТ”” –и  Љумњурии Ќазоќистон ва “ИП АО “Indorama Kokand Textile””-и шањри Қуқанди Љумњурии Ўзбекистон дар њайати комиссияи мумайизї иштирок намуд.

Дар њайати комиссияи мумайизї, ки бањогузории даври дуюмро дар корхонањои номбурда амалї менамуданд, инчунин намояндаи Федератсияи Руссия ва Љумњурии Қазоқистон иштирок доштанд.

Сараввал дар шањри Алмаатои Љумњурии Ќазоќистон ба “АО “КЕЛЕТ” аз тарафи комиссия тибќи “Низомнома оид ба дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соњаи дастовардњои сифати мањсулот ва хизматрасонї” ва “Тартиби гузаронидани озмун барои дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соњаи дастовардњои сифати мањсулот ва хизматрасонї” бањогузорї гузаронида шуд. Ќайд кардан зарур аст, ки тартиби бањогузорї дар озмуни мазкур аз модели аврупої асос ёфта, 9 ќисмати асосиро барои бањогузорї дар бар мегирад. Дар рафти кор коршиносонро роњбарияти корхона, муовини директор, сармуњандис, роњбарони сехҳои истењсолї ва дигар шахсони масъул њамроњї намуданд. Бањогузорї дар корхона аз даромадгоњ оѓоз гардида, тамоми пањлуњо ва љараёнњои вобаста ба истењсолотро дар бар гирифт. Корхонаи мазкур инчунин дар озмуни Љумњуриявии Ќазоќистон иштирок намуда, ба гирифтани Љоизаи баландтарини озмуни Љумњурии Ќазоќистон “Алтин Сапа” ноил гардидаст. Корхона асосан ба истеҳсоли насосҳои обкашонӣ, таҷҳизоти барқии таъиноти маишӣ ва шабакаҳои барқтаъминкунӣ машғул мебошад. Инчунин аз тарафи корхона хизматрасониҳои электронӣ ҷиҳати таъмини бехатарии шабакаҳои барқӣ амалї карда шуда, таҷҳизоти гармкунанда бо газро низ истеҳсол менамояд. Мањсулоти истењсолнамудаи корхона ба Федератсияи Руссия, Љумњурињои Узбекистон, Туркманистон, Қиргизистон содирот карда мешаванд. Корхонаи мазкур фаъолияташро аз рўи стандарти байналмилалии ISO 9001 -2015, EN ISO14001-2015, OHSAS 18001-2007 ба роњ мондааст. Дар корхона ин стандартҳои байналмилалӣ љорї гардида, корхона  мутобиќ ба талаботи стандартњои байналмилалї дорои сертификат мебошанд. Қайд кардан лозим аст, ки корхонаи номбурда соҳиби 9 патент барои истеҳсоли маҳсулоти нав дорад. Дар корхона хатҳои электронӣ бо барномаҳои таҷҳизонидашуда барои буридани оҳан муҷаҳњазгардонида шудаанд, ки ин имконияти буриши дуруст ва талаботро ба ин маҳсулот зиёд намудааст.

Аз натиљаи бањогузорї маълум гашт, ки корхона тамоми пањлуњои модели аврупоиро  љорї намудааст.  Њайати комиссия АО “КЕЛЕТ” -ро барои гузаронидан ба даври дигари озмун тавсия дод. Корхона имконият дорад, ки ба гирифтани Љоизаи озмуни мазкур аз рўи номинатсияи “Истењсоли мањсулоти таъиноти техникї то ҳайати кормандон то 250 нафар”раќобат намояд.

Баъдан аз санаи 25 то 29 август коршиносон дар шањри Қуқанди Љумњурии Узбекистон аз корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассољии “ИП АО “Indorama Kokand Textile”дидан намуданд. Дар рафти кор аъзоёни комиссияро роњбарияти корхона, директори иҷроия, роњбарони сехи коркарди мањсулоти пахта ва дигар шахсони масъул њамроњї намуданд. Бањогузорї дар корхона аз даромадгоњ сар карда, тамоми пањлуњои истењсолиро дарбар гирифт. Муайян шуд, ки дар даромадгоњ тамоми чорабинињои безараргардонї ба роњ монда шудаанд. Корхона аз рўи номинатсияи истеҳсоли мањсулоти  таъиноти истеҳсолӣ бо шумораи кормандон аз 250 то 1500 дар озмун оид ба дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соњаи дастовардњои сифати мањсулот ва хизматрасонї иштирок намудааст. Бањогузорї дар “ИП АО “Indorama Kokand Textile””тамоми пањлуњо ва љараёни  истењсолиро дарбар гирифт.  Ќайд кардан зарур аст,“ИП АО “Indorama Kokand Textile””дар якчанд озмунњо ва намоишгоњњои Ҷумњуриявии Узбекситон ва берун аз он иштирок намуда, ба гирифтани ҷоизаҳо ноил гардидааст. Мањсулоти истењсолнамудаи корхона 90% ба содирот нигаронида шудааст. Талабот ба маҳсулоти ришта ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори ҷаҳонӣ ниҳоят зиёд мебошад. Корхона асосан корхонаи муштараки Ҷумҳурии Узбекистон бо Сингапур мебошад. Хатҳои замонавии истеҳсоли ришта аз тарафи ширкати бонуфузи “Indorama Textile”насб гардида ба истифода дода шудаанд. Маҳсулоти ришта бо навъҳои гуногун ва зиёд истеҳсол мегардад. Дар дохили Ҷумҳурии Узбекистон 10% маҳсулоти истеҳсолшуда аз тарафи дигар корхонаҳо дар истеҳсоли маҳсулоти нассољї истифода мешавад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи “ИП АО “Indorama Kokand Textile” дар Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон ва инчунин дар тамоми мамлакатҳое, ки ширкати байналмилалии “Indorama Textile” намояндагӣ доранд, содирот мегардад. Содирот ба давлатҳои ИДМ  бештар ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Руссия ба роҳ монда шудааст. 

 Корхона “ИП АО “Indorama Kokand Textile””дар фаъолияташ стандартҳои байналмилалии ISO 9001 -2015, EN ISO14001-2015, OHSAS 18001-2007 ҷорӣ намуда, дорои сертификат мебошад. Ҷорї намудани стандартҳои байналмилалӣ тамоми паҳлуҳои истеҳсолиро дар бар гирифта, қисми ҷудонашавандаи љараёнњои иистеҳсолӣ мебошад.

Аз натиљаи бањогузорї маълум гашт, ки корхона тамоми пањлуњои модели аврупоиро ҷорї намудааст. Ҳайати комиссия “ИП АО “Indorama Kokand Textile”-ро барои гирифтани ҷоизаи баланди озмун тавсия намуданд.

Иштироки коршиносони Агентии Тољикстандарт дар бањогузории корхонањои истењсолии ширкаткунандаи давлатњои узви ИДМ дар  “Озмун оид ба дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соњаи дастовардњои сифати мањсулот ва хизматрасонї” барои эътирофи касбияти мутахассисони соњаи стандартизатсия ва бањодињии мутобиќати љумњурї мусоидат намуда, барои баланд бардоштани малакаи касбї, мубодилаи таљриба  ва такмили ихтисос шароит фароњам меорад.