ХАБАРҲО

2021-08-31: Дастовардњои Тољикстандарт дар замони ИСТИЌЛОЛ

                             Дастовардњои Тољикстандарт дар замони ИСТИЌЛОЛ

 

      1.2. МАЪЛУМОТИ ТАЪРИХЇ

Мафњуми стандартонї њанўз дар замонњои ќадим пайдо шуда, баробари рушди истењсолот такомул меёбад. Замоне, ки мафњуми стандарт (анг. standard меъёр, миќёс, намуна, намунаи муќарраршуда) ќабул нашуда буд, дар Миср тахтасангњои калони сунъї бароибунёди ањромњо, дар Рим бошад, лўлаи хатњои обгузар ба сифати стандарт истифода мешуданд.

Соњаи стандартонї ё худ меъёрбандї дар байни мардуми мо падидаи нав нест, балки он таърихи беш аз њазорсола дорад. Меъёрбандї чун соњаи муњими зиндагї дар кишвари мо охири асри IX, дар давраи давлатдории Сомониён пайдо шуда, он замон ин маќомот «Девони муњтасиб» номида мешуд. Дар ин бора аллома Бобољон Fафуров дар асари худ «Тољикон» нигоштааст: «Яке аз девонњои (вазоратњои) дастгоњи давлати Сомониён «Девони муњтасиб» ном дошт. Девони муњтасиб ба бозор, тарозу, молњои фурўш назорат мекард. Вай метавонист фурўши молњои ќалб ва номатлубро боздорад ва бо нархи гарон фурўхтани мањсулотро манъ кунад… Шањре набуд, ки муњтасиби худро надошта бошад». Бо назардошти ин нyкта, агар аз љињати забонї ва фарохии забони тољикї ба ин cоња назар афканем, дармеёбем, ки шарњи мафњуми «стандарт» дар забони тољикї муродифњои зиёдро аз ќабили меъёр, њад, андоза, ќолиб, шакли мураттаб, низом фарогир мебошад. 

Дар Аврупо ин мафњум асри XVI пайдо шуда, дар истењсоли таљњизоти техникии њарбї, махсусан, соњањои киштисозї, яроќсозї, саноати нассољї ва монанди ин мавриди истифода ќарор гирифтааст.

Дар даврони шўравї хадамоти метрологї баъди ба тасвиб расидани ќарори Њукумати Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тољикистон «Дар бораи дар шањри Душанбе ташкил намудани шуъбаи муваќќатии санљишгузаронии метрологии палатаи чену вазни шањри Тошканд» соли 1926 Палатаи чену вазнтаъсис дода шуд.

 Моњи октябри соли 1929 бо ќарори Њукумати Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон аввалин маротиба хадамоти мустаќили давлатии метрологї – Палатаи андоза ва ченакњо ташкил карда шуд, ки ин санаро метавон таърихи ташкили «Тољикстандарт» њисобид.

Аз соли 1965 сар карда, маќомоти Стандарти давлатии ЉумњурииТољикистон махсусан љињати тараќќиёти стандартонї ва метрология рушду нумўъ ёфт. Он аз хадамоти санљишї ба Маркази стандартонї, метрология ва сифат табдил ёфт.

Њукумати Љумњурии Тољикистон аз солњои аввалини истиќлолияти давлатї бобати риояи ќоида ва меъёрњои стандарт диќќати зарурї медињад. Њанўз 29 декабри соли 1991, тибќи Ќарори Девони Вазирони Љумњурии Тољикистон Умури љумњуриявии стандартонї ташкил гардида, ба зиммаи он вазифањо доир ба стандартонї, ягонагии андозагирї, сертификатонї, назорати давлатии риояи талаботи стандартњо ва воситањои андозагирї гузошта шуда буд. Дар радифи ќарор инчунин Низомнома низ тасдиќ карда шуд, ки он самтњои асосии фаъолияти умурро муайян намуд.

Миёни ҳама вазифаҳои ба танзимдарории ҷараёнҳое, ки дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ба вуқӯъ омада истодаанд, талаботи қонунгузории техникӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ҷои асосӣ меистанд.

Айни замон дар ҳамаи мамлакатҳои мутараққии дунё консепсияи сифат ва бехатарии маҳсулот дар сатҳи манфиатҳои миллӣ таҳия шуда, дар амал татбиқ мешаванд ва хушбахтона ин падида дар мамлакати мо њам ба танзим дароварда мешавад.

Дар ин раванд иштироки бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба танзимдарории ин масъалаҳо бо воситаи як қатор қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки татбиқи амалии онҳо ба салоњияти Агентии Тоҷикстандарт  вогузор карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Тоҷикстандарт чун мақомоти назоратӣ ва санҷишгари риояи меъёрҳои стандартии молу маводи дар дохил истеҳсолшаванда ва аз хориҷ воридшаванда, воситаҳои ченаки ягона ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмлкунандагон бевосита дар ҳифзи беҳдошти рӯзгори омма мебошад.

Ҳамин аст, ки дар замони Истиќлолият кормандони Агентии Тољикстандарт дар иҷрои нақшаву вазифаҳояшон корҳои шоёнеро ба анҷом расонидаанд. Махсусан, дар тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Дар ин замина, корҳои зиёдеро аз қабили ташкил намудан ва гузаронидани курсу семинарҳо, барои такмили ихтисос фиристодани кормандон ба хориҷи кишвар, ташкили озмоишгоҳҳои нав, барқароркунӣ ва мустаҳкам намудани алоқа ва ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналхалқӣ оиди рушди соҳаи назорати давлатии сифати молу маҳсулот ба сомон расонида шудаанд.

Агар дар давраи Шўравї дар соњаи стандартонї ва метрология њамагї 100-150 кормандон фаъолият менамуданд, дар замони Истиќлол ва айни замон сафи кормандону мутахассисон ба маротиб афзуда зиёда аз њазорњо нафарро ташкил медињад ва тавассути омўзишу пешбурди соња имрўз дар Агентї 72 нафар кормандон дорои унвони эксперти байналмилалї мебошанд.

Ҳамзамон, корҳои сохтмонию ободонӣ ва таъмиру тармими биноҳо давом доранд. Сохта ва ба истифода додани марказҳои нави озмоишию ташхисӣ дар Дастгоҳи марказии Агентӣ, дар марказњои вилояти Суғд, Хатлон, Бадахшон, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панљакент, Шаҳритус, Ҷиргатол, Данғара, Рашт, шаҳри Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода аз ин қабиланд.

Дар ин давра дар назди Озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории Тоҷикстандарт боз бахшҳои нав бо таљњизотњои замонавї ба фаъолият сар кард, ки ин иқдомест дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон.

      Роҳбарияти Агентӣ барои ба таври зарурӣ фаъолият намудани озмоишгоҳҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо  маќсади  таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї таҷҳизоти озмоишгоҳҳои Агентӣ, бахусус озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоњи марказии Агентии Тољикстандарт, Марказњои  Тољикстандарт дар вилоятњои Суѓду Хатлон ба талаботи стандарти байналмиллалї   ИСО/МЭК 17025:2005  мутобиќ гардонида шуданд. Айни њол, се озмоишгоњи ташхисии Тољикстандарт (Душанбе, Хуљанд, Ќўрѓонтеппа) аз тарафи ташкилоти олмонии “DаkKS” ва Маркази миллии аккредитатсияи Љумњурии Ќазоќистон аккредитатсия шуда ваколати байналмилалиро соњиб гаштанд. Ин барои эътирофи ташхиси молу мањсулоти хўрокворие, ки дар ин озмоишгоњњо амалї карда мешаванд дар сатњи байналмилалї мусоидат намуда, озмоишгоњњои мазкур дар муддати кўтоњтарин ва даќиќ муайян кардани нишондодњои сифат ва бехараии мањсулоти хўроквориро таъмин менамоянд. Бо маќсади такмил додани тартибу корбурди ташхиси мањсулот љињати кам кардани ваќти ташхиси мањсулот бошад, дар Агентї як чанд методи нави  ташхис бо истифодаи таљњизоти замонавии нишондињандаашон даќиќ   љорї карда шуд. Айни њол ин озмоишгоњњои Агентии Тољикстандарт дар љумњурї ягона озмоишгоњњое ба њисоб мераванд, ки соњиби аккредитатсияи байналмилалї гаштаанд.

     Агентии Тољикстандарт њамчун маќомоти миллии соњаи стандартонии Љумњурии Тољикистон ба шумор рафта, дар ташкилотњои байналмилалии соњаи стандартикунонї Тољикистонро муарифї менамояд. Имрўз маќомоти миллии стандартонии мамлакат аъзои Шўрои байдавлатї оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи давлатњои аъзои Иттињоди давлатњои мустаќил ва дигар ташкилотњо мебошад, ки бе маъмоният аз стандартњои байнидавлатї ва байналмилалї истифода мебарад. Њамзамон, Тољикстандарт дар Љумњурии Тољикистон маќомоти пешбаранда ва нигоњдорандаи  фонди давлатии њуљчатњои меъёрї-техникї мебошад.

        Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Тоҷикстандарт дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 ба Тоҷикстандарт мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Дар робита бо ин дар сохторњои Агентї як қатор тағйиротҳо ворид шуданд.

Имрӯз Тоҷикстандарт қудрат дорад, масъалаҳои  ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия  вобастаро мустақилона ҳаллу фасл намояд.

           Айни замон Агентии Тоҷикстандарт аъзо-кореспонденти ташкилоти байналмилалї оид ба стандартњо  (ИСО), аъзои Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (ШБД),  аъзо – корреспонденти Ташкилоти байналмилалии метрологияи қонунгузор (МОЗМ (OIML)), аъзои комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Авруосиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET), аъзои Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (МАС), аъзои ассотсиявии Созмони байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ва аъзои Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар соҳаи метрология, ваколатдиҳӣ ва сертификатсия (САС MAS-Q)   маҳсуб меёбад.

           Манбаъҳои моддӣ - техникии хадамоти давлатии метрологии Тоҷикстандарт  солҳои ахир  боз ҳам густариш ёфта истодааст.  Озмоишгоҳҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо дастгоҳҳои ҳозиразамони санҷишӣ таҷҳизонида шуданд. Ин имконият дода истодааст, ки талаботи рӯзафзуни хоҷагии халқ дар соҳаи назорати давлатии сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворї, таъминоти метрологии истеҳсолот, ҳолату истифодабарии воситаҳои ченак ва санҷиш қонеъ гардонида шавад.

          Масалан, таи се-чор соли охир озмоишгоҳҳои метрологии Агентӣ бо дастгоҳи нави 551031М ва LQ-100C барои санҷиши ҳисобкунакҳои газӣ бо дараҷаи саҳеҳии 0,5%, дастгоҳи навъи МК 6801 бо дараҷаи сеҳеҳии 0,05% барои санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ, калибратори ченкунии тавоноии навъи ОМА-76601, ҳисобкунаки намунавии барқии навъи Ц6802 бо дараҷаи саҳеҳии 0,1% ва 0,2%, калибратор-ченкунаки сайёри навъи ZM-3001 барои санҷиш ва назорати термометрҳои муқовимат, термопараҳо, асбоби табдилдиҳандаи энергия ва ҳамчунин барои баланд бардоштани самарнокии корҳои санҷишӣ, ғалтаки шиддати баланд барои санҷиши ҳисобкунакҳои як ва сефазагӣ, ваттметр ва амперметрҳои рақамӣ барои санҷиши амперметр, волтметр, ваттметрҳо ва трансформатори иқтидораш то 10А бо дараҷаи саҳеҳии 0,02% ва ғайра муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, дар Дастгоҳи марказӣ, ду маркази вилоятҳои Суғду Хатлон, РСМС минтақаи Кӯлоб ва МТМ Истаравшан, Турсунзода, Конибодом, Исфара  озмоишгоҳҳои нави санҷиши ҳисобкунакҳоии газӣ ва обӣ, бо дастгоҳҳои замонавӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

            Бо мақсади иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №653 аз 24 апрели соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» аз тарафи Агентӣ нақшаи чорабиниҳо ва лоиҳаи «Барномаи стандартикунонӣ дар соҳаи сарфаҷӯии энергия» барои солҳои 2010-2011» таҳия карда шуданд. Ба ғайр аз ин, чор стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика таҳия ва дар таҷриба ҷорӣ кунонида шуданд. Инчунин, ҳуҷҷати меъёрии «Қоидаҳои баҳисобгирии газ» таҳия ва бо Вазорати энергетика ва саноат мавофиқа гардонида шуд. Айни замон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа се озмоишгоҳи санҷишӣ оид ба муайян намудани сифат ва бехатарии таҷҳизотҳои барқии каммасраф фаъолият намуда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки бо ибтикори роҳбарияти Агентӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ду адад таҷҳизоти муосири санҷиши сифат ва бехатарии лампаҳои камасраф харидорӣ карда шуда дар озмоишгоҳҳои метрологии Дастгоҳи Марказии Тоҷикстандарт ва МСМС ва НС вилояти  Суғд насб ва  мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар амалӣ намудани њадафҳои стратегии мамлакат дар баробари дигар мақомотҳо Агентии Тоҷикстандарт низ масъулияти калонро ба зимма дорад.

Аз љумла Агентї љињати њимояи бозори истеъмолии мамлакат аз маҳсулоти пастсифату ба талабот ҷавобгӯ набуда ва эмин нигоњ доштани саноат аз истифодаи ашёи хоми пастсифат ва истеҳсоли молҳои ғайристандартӣ кўшиш менамояд. Њамзамон, љињати баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ њамкорињо мунтазам бо истеҳсолкунандагону соҳибкорон таќвият дода мешаванд.

          Љињати соддагардонии расмиёти содироти мањсулот арзиши корњои сертификаткунонии мањсулоти ѓизої кам карда шуда, барои дар муњлати камтарин ба расмият даровардани њуљљатњо ва кўтоњ намудани ваќти ташхис тадбирњои амалї андешида шудаанд. Умуман, таи ду соли охир  дар озмоишгоњњои ташхисї 23 методњои нави ташхисии молу махсулот љорї карда шуд.

         Дар ин давра талаботи ҳуљљатгузорї барои гирифтани сертификати мутобиқат аз 7 номгӯй ба 3 номгӯй кам, тартиби баррасии ҳуљљатҳои содиротию воридотї соддаю шаффоф карда шуда, ба ҳамаи зерсохторҳои Тољикстандарт фиристода шудааст. Ин ва дигар ҳуљљатҳои меъёрї дар сайти интернетии Агентї, дар гўшаи «Барои соҳибкорон» мавҷуданд. Тамоми ташхисгоҳҳои  маҳсулоти хўрока ҳар рӯз то соати 20.00, рўзҳои шанбе то соати 17.00 ва рўзҳои иду якшанбе то соати 13.00  кор мекунанд ва дар ин бобат барои соҳибкорон ягон монеае вуљуд надорад.

           Бо маќсади фароњам овардани шароит љињати  истењсоли мањсулоти раќобатпазири ватанї, дар оянда фаровон намудани бозори истеъмолї бо молњои босифат, бехатар ва аз љињати энергетикї самаранок ва дар истењсолоти саноатї љорї намудани усулњо ва шаклњои муосири идоракунии сифат, солимгардонии муњити зист ва тавсеа додани иќтидори содиротии мамлакат љорї намудани стандартњои байналмилалї дар корхонањои ватанї амалї шуда истодааст.

        Ќайд кардан ба маврид аст, ки љорї намудани низоми идоракунии сифат ва дар борљомаи мањсулоти ватанї ишора шудани стандарти байналмилалї ба истеъмолкунанда барои интихоби молу мањсулоти босифату бехатар ва содирот намудан ба дилхоњ давлати хориљї имконият медињад.

Агентии Тољикстандарт њамчун маќомоти ваколатдор корњои омўзишї, фањмондадињї ва сертификатсионии системаи менељменти сифатро тибќи талаботи стандартњои байналмилалї ба роњ мондааст.

Дар доираи татбиќи барномањои давлатї бо маќсади мусоидат ба рушди содироти мањсулоти кишоварзї дар доираи њамкорї бо Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE) љињати истифодабарии стандартҳои кишоварзии сифат, дар њамкорї бо шарикони рушд тавзењоти стандарти «Зардолуи тару тоза - FFV-02» ва стандарти «Гелос- FFV-13» тањия шуда, лоињаи стандартњои  мазкур ба баррасии  аъзоёни гурўњи кории минтаќавї пешнињод карда шуд. Рўзњои 25-26 ноябри соли 2020 љаласаи кории минтаќавї тариќи видеоконференсия баргузор гардида, дар кори он стандартњо ва тавзењоти нуќсонњои сифатї  аз тарафи гурўњњои кории миллї тањияшаванда мавриди баррасї ќарор дода шуданд. Аз љумла, стандартњо барои хурмои хушк, донаи зардолу, чормаѓзи тозакардашуда ва тавзењоти  нуќсонњои сифатї  барои зардолуи тару тоза, ангур ва тарбуз, ки аз љониби гурўњи кории миллии Љумњурии Тољикистон (Агентии Тољикстандарт) тањия гашта буданд, мавриди баррасї ќарор дода шуданд. Њамзамон дар кори љаласа стандартњо ва тавзењоти тањияшуда барои дигар намуди мањсулоти кишоварзї, ки аз љониби гурўњњои миллии љумњурињои Ќирѓизистон ва Ќазоќистон тањия шуда буданд, мавриди баррасї ќарор гирифт ва наќшаи кори Гурўњи кории минтаќавї барои соли 2021 тасдиќ карда шуд.

Санаи 4 марти соли 2021 дар бинои Агентии Тољикстандарт љаласаи навбатии гурўњи кории миллии Љумњурии Тољикистон бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзї, Кумитаи бехатарии озуќаворї, Агентии содирот, ташкилоти «Маркази идоракунии сифат», Ассотсиатсияњои соњибкорї, бахши хусусї, намояндагони ташкилоти «Hilfswerk Austria» ва масъулини Агентї баргузор гардида, дар он масъалањои вобаста ба тањияи стандартњои тиљоратии сифат ва бехатарии мањсулоти кишоварзї мавриди баррасии иштирокчиён ќарор дода шуд. Њамзамон дар кори љаласа пешнињод гардид, ки соли 2021 барои дастрасии маълумоти бештар оид ба стандартњои тањиягардида, аз он љумла стандарт барои лимў «ЕЭК ООН FFV-14» бо истењсолкунандагон семинарњои омўзишї гузаронида шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар соли 2019 дар натиљаи амалї намудани корњои фањмондадињї мутахассисон барои иштироки корхонањои саноатии кишвар дар озмуни  дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ мусоидат намуданд. Чунончї, бо мусоидати бевоситаи мутахассисон дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ- ҶДММ КМ «Силкоат бойя» аз шаҳри Хуҷанд  ва ҶДММ «Ваҳдат» аз ноҳияи Ёвон барои иштирок дар озмуни мазкур  пешбарӣ шуда буданд. Дар љаласаи навбатии Шўрои иќтисодии давлатњои аъзои ИДМ, ки  санаи 13 марти  соли 2020 дар шањри Москваи Федератсияи Россия  баргузор гардид, ин корхонањои ватанї ба љоизањои балантарин –Лауреати озмун сарфароз гаштанд.      

23 декабри соли 2020 дар доираи баргузории љаласаи 58 - уми Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатњои аъзои ИДМ, ки ба таври видеоконференсия доир гардид, ки дар кори он дар баробари роњбарият ва масъулони Агентии Тољикстандарт инчунин, намояндагони ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» иштирок доштанд. Дар љаласа ба ѓолибони озмун аз давлатњои аъзои ИДМ, аз љумла ба ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» бо тантана љоизањо супорида шуданд.

  

Корњои ободонї бо маќсади сазовор пешвоз гирифтани љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

Бо маќсади сазовор пешвоз гирифтани љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар самти ба роњ мондани корњои созандагию бунёдкорї дар Агентї наќша - чорабинињои дохилиидоравї тартиб дода шуда, тибќи он дар дастгоњи марказї ва марказњои вилоятию минтаќавии Агентї, таъсиси озмоишгоњњои нав, таъмиру тармими биноњо, кабудизоркунию нињолшинонї, ба тартиб даровардани боѓу гулгаштњои назди биноњо, сохта ба истифода додани майдончаи варзишї ва дигар корњои вобаста ба ободонї амалї карда  шудаанд.

    Дар арафаи 20-умин ҷашни солгарди истиқлолияти давлатии ҶТ Агентии Тоҷикстандарт як толори боҳашамати варзиширо дар маҳаллаи Яккачинори пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ин маҷмааи варзишии бошукуҳ аз ду ошёна иборат буда дорои 600-ҷойи нишаст барои тамошобин ва шароити зарури барои машқи чандин намуди варзиш бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт сохта ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии маҷмааи мазкур шахсан ширкат дошта баъди буридани лентаи рамзии он зимни суханрониашон изҳор доштанд, ки “Ин туҳфаи арзандаи Агентии Тоҷикстандарт на танҳо барои кормандони худи Агентӣ, балки ба ҳама сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи 20-солагии Истиќлолияти давлатии Тоҷикистони азаз аст”.

Њамзамон дар доираи корњои ободонї намои бинои Агентї ва ќисмати даромадгоњи он пурра азнавсозї гардида, дар ин замина љињати ба танзим даровардани коргузорї ва ќабули намунањо тибќи усули Равзанаи ягонаи дохилиидоравї якчанд њуљрањои нави корї (њуљраи ќабули намунањои мањсулоти хўрокворї, њуљраи ќабули намунањои воситањои ченак, њуљраи ќабули пардохтњо, њуљраи ќабули мактубњо, њуљраи рухсатномадињї, њуљраи ќабули шањрвандон ва гўшаи соњибкор) бо шароитњои муосири корї ба истифода дода шуданд.

   Бо дарназардошти иљрои банди 28 ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи натиљањои рушди иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар соли 2017 ва вазифањо барои соли 2018», аз 23 январи соли 2018, №34 ва бо маќсади мутобиќ намудани фаъолияти озмоишгоњи ташхиси мањсулоти хўрокворї ба талаботи байналмилалї, дар мувофиќа бо Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ва тибќи ќарори Раиси шањри Душанбе аз 7 январи соли 2019, №2 дар ќисмати бинои Агентї аз рўи лоиҳаи тасдиқшуда корҳои сохтмонии бинои сеошёнаи озмоишгоҳи замонавӣ ба анҷом расонида шуда, бинои мазкур дар арафаи таљлили 29 – солагии Истиќлолияти давлатї бо иштироки Сарвазири Љумњурии Тољикистон ба истифода дода шуд.

 Ҳамзамон дар мувофиќа бо Маќомоти иљроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суѓд аз ҷониби Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суѓд моњи апрели соли 2019 сохтмони бинои 5-ошёнаи дорои тањхона барои кормандони Марказ дар мањаллаи Темурмалики шањри Хуљанд оѓоз гардида буд ва баъд аз ба анљом расидани корњои сохтмонї 12 июни соли 2021 дар раванди сафари кории Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба вилояти Суѓд, бинои мазкур ба истифода дода шуд.

Илова бар ин, корњои таъмиру азнавсозї дар бинои Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтаќаи Кўлоб идома дорад ва бинои мазкур соли љорї пурра ба истифода дода мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки Агентии Тоҷикстандарт дар озмуни беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатї, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї оид ба сохтмони майдончаҳои варзишї, бунёди боѓу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар давоми солҳои 2017-2019 дар кўчањои Дењотї, Борбад ва Яккачинор се майдончаи варзишї ва макони бозии кўдакон расман ба истифода дода шуд.

Дар самти бунёди майдончаи варзишӣ Агентї сазовори ҷойи якум гардид ва дар ин робита аз љониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар баробари дигар ѓолибон, ба роњбари Агентї туњфа супорида шуд.