ХАБАРҲО

2021-08-31: Истиќлолият ва сифат

                         Истиќлолият ва сифат

  Ба таърихи миллати соњибфарњангу соњибтамаддуни тољик назар андозем, хоњем дид, ки бузуртарин дастоварди ин миллат дар тўли таърих ин соњибистиќлол гардидани Тољикистони тозабунёд мебошад. 9 – уми сентябри соли 1991 дар сањфаи таърихи миллат бо хатњои заррин сабт шудааст. 30 сол мешавад, ки мардуми шарифи Тољикистон ин рўзи саидро зери парчами нангу номуси ватандорї самимона таљлил менамоянд. Тавре Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар китоби худ «Тољикон дар оинаи таърих» нигоштаанд: «Истиќлолият – ин шарафу номуси ватандорї, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу зањмати бардавоми њар як фарди бедордили љомеа бањри худшиносї, маърифат ва фарњанги волост. Истиќлолият – ин хонаи обод, рўи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рўзгори осудањолонаи њар фарди соњибдавлату соњибватан аст».

  Аз ин нигоњ истиќлолиятро њамчун гавњараки чашм азиз медорем, ба ќадри ободї, озодї, истиќлолу ватандорї мерасем.

   Беш аз 160 нафар кормандону мутахассисони Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон аз сиёсати дарњои боз, сиёсати созандаю бунёдкор, сиёсати худшиносии миллии Њукумати Љумњурии Тољикистон љонибдории комил намуда, дар талоши онанд, ки њуќуќи истеъмолкунандагонро њимоя карда, бехатарии бозори истеъмолиро таъмин намоянд. Ёдовар мешавем, ки миллати соњибфарњангу соњибтамаддуни тољик њанўз 11 аср пеш дар замони шукуфоии давлати Сомониён соњиби дафтару девони худ буданд. «Девони муњтасиб» воситањои ченакро тањти назорат ќарор дошт. Имрўз бошад доираи фаъолияти мутахассисони Маќомоти Тољикстандарт хеле васеъ гардида, онњо бањри амалигардонии ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи стандартонї», «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон», «Дар бораи сифат ва бехатарии мањсулоти хўрокворї» ва дигар санаду меъёрњои њуќуќї ба роњ монда, сифатро дар маќоми аввал гузоштанд. Аз нигоњи дигар Тољикистон узви комилњуќуќи Созмони Умумиљањонии Савдо буда, дар паёми роњнамо Президенти Љумњурии Тољикистон таъкид намудаанд: «Узвияти Тољикистон дар ин созмони бонуфуз ба истењсоли мањсулоти тайёри дорои сифати баланди мутобиќ ба стандартњои љањонї ва ќобили раќобат такони љиддї бахшида, инчунин ба зиёд шудани гардиши савдои хориљї, фоидаовар гардидани истењсоли молњои ватании ба содирот нигаронидашуда, болоравии маърифатнокии соњибкорони ватанї ва афзоиши сармоягузории ватанї мусоидат мекунад».

  Рўйдоди фарањбахше, ки солњои соњибистиќлолї ба вуќўъ пайваст ва барои кормандони маќомоти Тољикстандарт дар вилояти Хатлон фаромўшнопазир буд, ин бунёд ва ифтитоњи озмоишгоњњои Маркази вилоятии Тољикстандарт буд,ки бо иштироки Пешвои муаззами миллат соли 2008 мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Имрўз бошад њар се ошёнаи бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон ба пуррагї таъмиру азнавсозї гардида,бо тарњи зебо ва усули меъмории муосир,шароити арзанда дар хизмати кормандону истеъмолкунандагон ќарор гирифтааст. Дар доираи истиќболи арзанда аз 30 – солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон дар баробари бунёд, таљдиду азнавсозї, таъмиру тармими бинои асосї ва утоќњои кории кормандон марказ пурра ба системаи гармидињии муосир  - камхарљу замонавї гузашта барои кормандону  мутахассисон шароити бозгў ба талаботи замони муосир муњайё гардидааст. Ин њама аз баракати истиќлолият, ободиву осудагии мардуми кишвар,содиќона иљро кардани дастуру супоришњои Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон рўи кор омадааст. Ѓамхории Њукумати Љумњурии Тољикистон, Агентии Тољикстандарт ва роњбарияти Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад, ки имрўз шароити кор ва сифати хизматрасонї дар озмоишгоњњо, бозору марказњои тиљоратї хеле бењтар гардидааст.

   Мањз дар солњои соњибистиќлолї ба шаш озмоишгоњу бахшњои санљишї таљњизоту дастгоњњои замонавї ворид карда шуд. Мутахассисон баъди гузаштан аз курсњои такмили ихтисос ва бозомўзї дар Агентии Тољикстандарт, давлатњои Федератсияи Россия, Ќазоќистон, Туркиё, Ўзбекистон ва Озорбойљон имрўз бо маќсади амалигардонии ќонунњои дар болозикргардида, дастуру супоришњои Роњбари давлат, ки аз паёми њарсола   бармеояд,фаъолияти худро густариш бахшида, бањри бехатарии бозори истеъмолї ва њимояи њукуќи истеъмолкунандагон љањду талош меварзанд.

  Амалигардонии ќарори Њукумати Љмњурии Тољикистон  «Дар бораи барномаи давлатии сифат барои солњои 2013 - 2015» моро водор намуд, ки ба маънои том рў љониби сифат биорем, зеро љорї намудани низоми идоракунии сифат мутобиќи стандартњои байналмилалї мањз ба њамин хотир мебошад,ки истењсолкунандагони ватанї мањсулоти раќобатпазир ва бозгў ба талаботи бозори љањонї истењсол намуда, сифату кору хизматрасониро ба талаботи меъёрњои ин бозор ва талаботи Созмони Умумиљањони Савдо мутобиќ гардонанд. Хушбахтона, дар ин роњ Тољикистон ќадамњои боэътимод мегузорад ва мутахассисони Агентии Тољикстандарт, идорањои зерсохтори он дар шањру ноњияњои мамлакат бо соњибкорон њамкорињои зичро ба роњ монда ба истењсоли молу мањсулоти раќобатпазир, воридотивапзкунанда ва муаррификунандаи миллат муосидат менамоянд.

  Саноатикунонии босуръати кишвар њадафи чоруми миллї мањсуб ёфта, барои расидан ба ин њадаф дар Хатлонзамин њам дањњо корхонањои саноатї, коргоњњои истењсолї арзи њастї намуданд. Мо дар иттињоду дастљамъї нерўгоњи барќи обии Роѓунро бунёд мекунем.Тољикистонро ба як кишвари ободу пешрафта табдил медињем. Дар баробари њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, таъмини бехатарии бозори истеъмолї ќарзи ватандории худ медонем, ки дастовардњои соњибистиќлолї, арзишњои миллию умумибашариро њамчун гавњараки чашм нигоњбон бошем.

                            Саъдуллозода Исматулло Наим

                            директори МСМС ва НС – и вилояти

                                           Хатлон