ХАБАРҲО

2021-07-09:   Сохибкорон барои иштирок дар озмун қадрдонӣ шуданд

       Соњибкорон барои иштирок дар озмун ќадрдонї шуданд

 

      Дар  Агентии Тољикстандарт дар доираи љамъбасти даври якуми озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» бо иштироки соњибкорон љамъомад доир гардид.

                     Иштироккунандагонро сараввал директори Агентї Абдулвањобзода Темурљон хайрамаќдам намуда барои иштироки фаъолонаашон дар озмун изњори сипосу миннатдорї намуд.

       Дар раванди суханронї аз љумла зикр гардид, ки номгӯи истењсоли мањсулоти саноатӣ њамасола рў ба афзоиш дорад ва ин имконият медиҳад, ки молу маҳсулоти истеҳсоли  ватанӣ дар бозорҳои дохиливу ҷаҳонӣ рақобатпазир гардида, иқтидори содиротии мамлакат қавитару васеътар гардад.

       Тавре ки маълум аст, сифатнокӣ талаботро ба мол торафт афзун мегардонад. Дар бозор аслан ба ҳамон маҳсулот талаботи мардум, бештар аст, ки ба бехатариаш кафолат дода шуда, њамзамон сифати хуб дорад ва ба табъу завқи истеъмолкунанда мувофиқ мебошад ва табиист, ки танҳо маҳсулоти хушсифат бозоргир ва ба рақобат тобовар ба ин мусоидат менамоянд.

      Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти марказии идоракунии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои сифат, бехатарии молу маҳсулот, кору хизматрасониро таҳти назорат қарор додаст.  Мо њамеша бахши хусусиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати рушди соҳибкорӣ мусоидат менамоем, - таъкид намуд, Абдулвањобзода Темурљон.

       Дар идома Шерзода Ситора муовини директори Агентї њозиринро ба натиљаи баррасии коршиносон ва бањогузории њакамон ба иштирокчиёни озмун  шинос намуда, изњор дошт, ки воќеан њар як дастоварди соњибкорони ватанї боиси ифтихори мост ва њамин иштироки шумо аллакай худ муваффаќияти шумост, аз њама муњимаш ин аст, ки њар яки шумо дар бозори истеъмолї мавќеи худро дарёфтеду дар истењсоли мањсулоти раќобатпазири ватанї ва хизматрасонии ба талаботи меъёрњо љавобгў сањмгузоред.

  Сипас, дар фазои тантанавї ба субъектњои хољагидор Ифтихорномањо  супорида шуд. 

      Лозим ба ёдоварист, ки имсол бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон Агентии Тољикстандарт дар доираи таљлили љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатї ва амалї намудани супоришњои Президенти мамлакат ҷиҳати дастгирии истењсолкунандагон ва соњибкорони ватанї ва дар ин замина барои муаррифї намудани мањсулоти ватанї, ҳарчи бештар афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти содиротиву воридотивазкунанда ва таъмини амнияти иқтисодии кишвар гузаронидани Озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон»-ро роњандозї намуд. Љамъбасти даври дуюми озмун ва маросими љоизасупорї ба ѓолибон дар охири моњи июли соли љорї ба наќша гирифта шудааст.