ХАБАРҲО

2021-06-04: Баррасии масъалаи сифати тахтасангхои бетонй

   

                       Баррасии масъалаи сифати тахтасангњои бетонї

 

    Бо  мақсади баланд бардоштани  сифати тахтасангҳои бетонӣ, ки дар ҳама кӯчаву роҳравҳо ва биноҳои истиқоматӣ васеъ истифода мегардад, дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки мутахассисони шуъбаи Назорати давлатӣ оид ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар  саноати вазнин ва соҳибкорону намояндагони корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ мизи мудаввар доир гардид. Нахуст сардори шуъбаи саноати вазнин Манучеҳр Муродализода ҳамоишро ифтитоҳ карда,  баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватаниро муҳим арзёбӣ намуд.

      

Мутахассион дар рафти мизи мудаввар аз натиҷаи кори истеҳсолкунандагони тахтасангҳои  бетонии роҳравҳо фикру андешаҳои худро баён карда, иброз доштанд, ки сифати ин гуна маҳсулот ба талабот ҷавобгӯ буда, тайи солҳои охир истеҳсолкунандагон ба таркибу сифати он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд,  то ин ки талаботи харидорро пурра қонеъ гардонида бозори дохилиро бо маҳсулоти хушсифат таъмин намоянд.

    Ҳангоми баромаду суханрониҳо баён гардид, ки дар рафти истеҳсоли маҳсулот асосан аз  ашёи хоми маҳаллӣ, ба монади рег, сангреза ва  семент истифода бурда, барои устувории он ва муддати тулонӣ хизмат кардан иловагиҳои кимиёвии махсусро истифода мебаранд.

   Мутахсассисони Агентии Тоҷикстандарт, ки солҳои тӯлонист бо истеҳсолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳои омӯзишӣ мегузаронанд, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам кардани таркиби тахтасангҳои бетонии роҳравҳо пешниҳод намуданд, ки стандарти хоссаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ бо истеҳсолкунандагон таҳия карда,  дар асоси он маҳсулоти ватаниро истеҳсол намоянд.

   Инчунин дар рафти мизи мудаввар баён гардид, ки риояи талоботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ» ҳатмӣ мебошад ва барои боз ҳам уствор  гардонидани тахтасангҳои бетонии роҳравҳо дар фасли зимистону тобистон манфиатнок аст.

   Истеҳсолкунандагон дар рафти баромади худ иброз доштанд, ки алҳол аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои тараққикарда самаранок истифода бурда, технологияи муосиру ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯро ба кор мебаранд. Аз ин рӯ дар назди ҳар як корхонаи истеҳсоли тахтасангҳои бетонии роҳравҳо озмоишгоҳи санҷишӣ бунёд карда, аккредитатсия карда шавад то ин ки маҳсулот қаблан аз санҷиш гузаронида, ба сифату уствории он боварӣ ҳосил гардад.  

     Истеҳсолкунандагон  дар кору фаъолият ва рафти истеҳсоли маҳсулоташон масъулияти ҷиддӣ эҳсос мекунанд, зеро талаботи имрӯзи бозори дохилӣ ва хориҷӣ куллан пеш рафта, маърифати ҳуқуқии харидорон низ баланд гардидааст. Онҳо бо гузашти солҳо дарк кардаанд, ки маҳсулоти хушсифат чи гуна асту пастсифат чи гуна. Соҳибкорон низ бо назардошти талаботи харидор ва манфиат овардан ба фаъолият ва вазъи иқтисодии корхоанҳои  худ омилҳои хубтареро пеш мегиранд, то ба истеъмолкунанда ва даромадҳои худ зарбаи молиявӣ нарасонанд.