ХАБАРҲО

2021-05-27: Рӯзи Умумиҷаҳонии метрология

Ба ифтихори Рӯзи Умумиҷаҳонии метрология, ки ҳамасола 20 май дар саросари дунё таҷлил мегардад, дар Агентии «Тоҷикстандарт» конфронси илми-назарияви доир гардид. Дар ифтитохи конфронс директори Агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзода изҳор намуд, ки «20 май — Рӯзи Умумиҷаҳонии метрология ҳамчун солгарди имзои Конвенсияи Метрии соли 1875 қайд карда мешавад ва дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми метрология басо бузург аст. Имрӯз соҳае нест, ки дар пешбурди кори он бахшҳои метрология дахолат надошта бошанд. Моҳияти ин рӯз барои метрологҳои тамоми ҷаҳон, бешубҳа бузург аст, чунки ба имзо расидани Конвенсияи метрӣ марҳилаи нави рушди метрологияи байналмилалӣ мебошад ва ба пешрафти илмию техникии ҳамаи давлатҳо таъсири мусбат мегузорад».

Дар конфронс зикр гардид, ки вазифаи асосии метрология ба соҳаҳои гуногуни ҷомеа нигаронида шудааст, аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти давлатиро бо маълумоти дақиқ, ки барои ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа ва сайёра зарурат доранд, таъмин менамояд.

Тамоми соҳаҳо — тандурустӣ, энергетика, экология, тараққиёт ва ҷорӣ кардани технология, дастовардҳои илмию техникӣ, савдо ва ғайраҳоро бе саҳеҳияти ченак тасаввур кардан имконнопазир аст.

Имсол Рӯзи ҷаҳонии метрология «Ченкунӣ барои саломатӣ» ном гирифтааст. Ин мавзӯъ бо дарки муҳимияти ченкунӣ дар ҳифзи саломатӣ ва таъсиррасонии он ба некӯаҳволии ҳар нафари сайёра интихоб гардидааст.

Дар конфронс сардори Раёсати таъминоти метрологии Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимзода оид ба дастовардҳои соҳа дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон иброз дошт, ки бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии «Тоҷикстандарт» имконият дорад, ки масъалаҳои ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия вобастаро мустақилона ҳал намояд.

Фаъолияти метрологӣ оид ба таъмини ченаки ягона дар ҷумҳурӣ дар асоси манбаи маҳакҳои давлатӣ, яъне воситаҳои ченаки намунавии ниҳоят дақиқ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон манбаъҳои моддию техникии метрологии Агентии «Тоҷикстандарт» солҳои охир густариш ёфта,  озмоишгоҳҳои метрологии дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Ин имконият медиҳад, ки талаботи рӯзафзуни бахшҳои иқтисодиёти кишвар дар соҳаи назорати давлатии сифати маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, ҳолату истифодаи воситаҳои ченак ва санҷиш қонеъ гардонида шавад.

Дар конфронс олимону коршиносони соҳаи метрология оид ба аҳамияти соҳа ибрози назар намуданд. Дар охир мутахассисони соҳаи метрология бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.